Мо бояд дар дунё чунон зиндагӣ кунем, ки номи неку амали хайри мову шумо дар саҳифаҳои таърих барои наслҳои оянда боқӣ монад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Ҷавҳари асосии иди Қурбон ин қаробат ҷустан ба Худои таъоло мебошад. Дар тӯли асрҳо талқини арзишҳои инсонпарварӣ, дастгирии ятимону маъюбон, беморону пиронсолон, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу таборон, изҳори ҳамдардӣ ба аъзодорон ва хайру эҳсон намудан ба ниёзмандон аз ҷумлаи беҳтарин фазилатҳои Иди Саид ҳаст.
Иди Қурбон рӯзи имтиҳону озмоиш аст, ки инсон муҳаббату садоқати худро нисбат ба Худои таъоло баён мекунад.
Хушбахтона имрӯзҳо зери сиёсати хирадмандонаву инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ёрӣ расондан ба шахсони ниёзманд, аёдати собиқадорону барҷомондагон, кӯмак ба ятимону бепарасторон дар арафаи идҳои милливу давлатӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Дар доираи ҳамин тадбирҳои амалӣ чун яке аз рукнҳои Иди Саиди Қурбон аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб шахсони собиқадору барҷомонда аёдат карда шуданд.
Собиқадорон ҷиҳати дастгириҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки мо ҳамеша дар сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон устувор ҳастем ва то рӯзе, ки ҷон дорем баҳри амали гардидани дастуру супоришҳои Пешвои тоҷикони ҷаҳон саҳми худро мегузорем ва дар таълиму тарбияи насли имруза ва онҳоро дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия менамоем.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
 
 
 
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP