Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид имрӯзҳо бо як ҳисси баланди ватандӯстиву ифтихори ватандорӣ ҳам аз ҷониби роҳбарият ва ҳам аз ҷониби сокинони шарафманди шаҳри бостонии Кӯлоб иҷро гардида истодааст. Сокинони ин шаҳри қадима тамоми саъйю талоши худро ба он равона намуда истодаанд, ки бо дастовардҳои назаррас ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намоянд.
Дар доираи ҳамин тадбирҳо имрӯз бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, собиқадорон, вакилон ва хурду калон дар деҳаи Сарёзии Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб хати оби нӯшокӣ ба истифода дода шуд, ки мушкилоти чандинсолаи шаҳрвандон роҳи ҳали худро дарёфт. Дар ин замина 324 оилаи деҳаи мазкур бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардиданд. Маҳз бо таъмин гардидан ба оби тозаи ошомиданӣ метавон аз паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ пешгирӣ намуд.
Хати оби нушокии мазкур дар доираи ҳамкории Корхонаи обу канализатсияи шаҳри Кӯлоб бо дастгирии соҳибкорон ва сокинони деҳа таъмин карда шудааст.
Ҳамзамон барои сарфакоронаву сариштакорона истифода намудани оби нӯшокӣ ҳисобкунакҳои барқии замонавӣ насб гардидааст.
Зимни кушодани хати оби нӯшокӣ аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр бо сокинон сӯҳбати самимӣ ороста шуд. Сокинони деҳаи Сарёзии Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб изҳори сипосу миннатдории хешро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рохбарияти Олии мамлакат ҷиҳати кӯмаку дастгириҳои пайвастаашон расониданд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

dv id="«r2q7»" ">"

 
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP