dv id="«r8mv»" " " ">"
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки «Дар таърихи башарият санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва ҷойгоҳи онҳо дар сарнавишти инсоният боз ҳам бештар аён мегардад. Рӯзи Ғалаба бар фашизм дар радифи чунин санаҳои фаромӯшнашавандаи таърихӣ мақоми махсус дорад».
Имрӯз ба ин руйдоди бузурги таърихӣ 80 - сол пур мешавад. Ба ин муносибат тамоми мардуми шаҳру деҳоти Кӯлоб ва Тоҷикистони азизро самимона табрику муборакбод гуфта, ба ҳар якатон сиҳатмандӣ, рӯзгори хурраму босаодат ва зиндагии орому осуда таманно дорам. Мебояд тазаккур дод, ки аз замони пайдоиши олам башарият ин гуна ҷанги хонумонсӯзу фоҷиаборро аз сар нагузаронида буд. Дар Ҷанги дуюми ҷахонӣ (солхои 1939-1945) беш аз 72 давлати хурду бузурги сайёра ширкат варзиданд.
Доманаи амалиётҳои ҳарбӣ ба ҳудуди 40 давлати чаҳон вусъат ёфтанд. 110 миллион нафар сокинони сайёра ба чанг сафарбар шуданд ва аз ин шумора беш аз 50 миллион нафарашон курбон гаштанд. Чанги Бузурги Ватанӣ (солхои 1941-1945), ки кисми таркибии чанги дуюми чахон маҳсуб меёбад, муборизаи одилонаву озодихонаи халқи собиқ Шуравӣ алайхи фашизми гитлерӣ буд. Ин ҷанг окибат бо торумори фашизм дар лонааш анҷом пазируфт. Дар Ғалабаи халқҳо бар фашизм саҳми халқи Точикистон хам беандоза калон аст. Ибтидои солҳои 40 - уми асри гузашта Точикистон хамагӣ 1 миллион аҳолӣ дошт.
Аз ин шумора зиёда аз 300 ҳазор, қариб сеяки ахолиро ба чанг сафарбар намуданд. Дар ҷабҳаҳои мубориза шуҷоату мардонагии бе мислу монанд нишон дода, беш аз 92 ҳазор нафарашон ҳалок шуданд. Даҳҳо ҳазорнафари дигар бе ному нишон гаштанд. Қисмати зиёд ҷароҳатҳои вазнин
бардошта, маҷруху маьюб ба Точикистон омаданд.
Хамчунон, ки Пешвои муаззами миллат таъкид карданд: «Дар он давраи мудҳиш дар Ватани мо кам оилаеро дучор шудан
мумкин буд, ки доғи он ҷанги хонумонсузро надида бошад. Нуҳуми май моҳиятан рӯзи шодию нишот аст, вале хамчунон
санаи ёдбуди онхоест, ки барои халқу ватан ҷони худро нисор карданд. Мо имрӯз назди хотираи тамоми курбониёни ҷанг
сари таъзим фуруд меорем. Ёди онхо ба хайр руҳашон шод бод!»
Барои шучоату мардонагӣ дар набарду мухорибахо бо фашистон 56 хазор нафар фиристодагони Точикистон ордену нишонхои ҷангӣ сарфароз гаштанд. 54 нафар унвони Олии «Кахрамони Иттифоки Совети»-ро шарафёб шуданд. 15 нафари дигар се дарачаи ордени «Шараф»-ро ба даст оварданд. Ёдовар мешавам, дорандаи ce дарачаи ордени «Шараф» бо дорандаи унвони Кахрамони Иттифоки Совети, тибки санади марбутаи Президуми Совети Олии CCCP баробар дониста мешуд.
Дар миёни фиристодагони Точикистон намояндагони минтакаи Кӯлоб кам набуданд. Имруз ба ёд оварадни номи чанде аз онхо мувофики максад ва айни мудаост. Мирзо Бегматов, Назар Шарипов, Абдулло Mycoeв, Пирназар Шарипов, Ашур Хусайнов, Чума Пулодов, Рахмон Кувватов, Мусо Каландаров, Али Назаров ва боз дахои дигар аз чумлаи хамон родмардони Кулоб буданд, ки дар майдонҳои набарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ намунаи часорату мардонагӣ ва шуҷоати бемисл нишон дода, пас аз Ғалаба бо сари баланд ба Ватан баргаштанд. Аз чумла Мирзо Бегматов соли соли 1943 аз имтиёзи муаллими деҳа даст кашида, ихтиёран ба фронт меравад ва дар хайати бригадаи танкии Витебск ванг мекунад. Ӯ дар хайати фронти дуюми Белорусия дар амалиёти машхури «Багратиён» ширкат варзидааст. Пас аз ҷанг солҳои тӯлонӣ ба хайси як рохбари мувафақи хизбию макомоти идоракунии давлатӣ дар рушди хамаҷонибаи сохахои иктисодиёту иҷтимоиёти шахри Кӯлоб хиссаи бенихоят бузурги худро гузоштааст.
То охири умр вазифаи раиси Шурои собикадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлобро ба ухда дошт ва хамеша нисбат ба собикадорони чанг ғамхорӣ мекарду кӯмаки худро ба онхо дареғ намедошт.
Абдулло Мусоев ҳамчун снайперчи дар майдонхои ҷанг душманони зиёдеро ба халокат расонида, барои кахрамонихои бемислу монандаш бо се дарачаи ордени
«Шараф» сазовор мегардад. Ӯ низ пас аз ҷанг тавонист дар баркароркуни ва рушди соҳаҳои хоҷагии шаҳр саҳми
муносиби худро гузорад. Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шахри Кӯлоб хизматҳои бузурги ин ду марди наҷибро ба инобат гирифта, ду маҳалли шахрро бо исми онхо номгузорӣ кардааст. Дар боғи Ғалаба нимпайкараи ҳарду гузошта шудаанд ва боварӣ дорем, ки макони зиёрати хосу ом мешаванд. Бузургонро бузургон зинда медоранд гуфтааст шоире. Корнамоии ин мардони начиб сазовори хама гуна кадршиносихо мебошад ва дар байни насли наврас ҳам бояд ташвиқу талкин карда шаванд. То онхо чун пешгузаштагони худ насли ватандӯсту ватанпарвар ба воя расанд.
Дар охир иди Ғалабаро бори дигар ба ҳама табрик мегуем.
Бигузор сулҳу суббот ва осоишу оромӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол абадан хукмфармо бошад ва истилоҳи шуми ҷанг дар гӯшаи ҳамешагии фаромушӣ карор бигирад.