Дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини иҷрои меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қабули арзу муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр баргузор гардид. Шаҳрвандон вобаста ба таъмин шудан бо манзили истиқоматӣ ва мусоидат ҷиҳати таъмири он, таъмин шудан бо барқ ва оби полезӣ, ҳалли баҳси оилавӣ, ворид намудан ба руйхати гирандагоникумаки унвони иҷтимоӣ, расонидани кумакҳои моддиву молиявӣ ва дигар масъалаҳо муроҷиат намуданд.
Зимни гуфтугӯи озод бо шаҳрвандон раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр муроҷиат ва дархосту шикояти онҳоро қабул намуда, бобати ба қайд гирифтани муроҷиатҳо ва ҳалли саривақтии онҳо ба масъулини соҳаҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Қабули арзу муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дар дигар рӯзҳои ҳафта аз ҷониби муовинони раиси шаҳр қабули муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон доир ба масъалаҳои мухталиф баргузор мегардад.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб