Дирӯз пас аз барқарор гаштани муносибатҳои дуҷонибаи мардуми ду давлати ба ҳам ҳамсоя Тоҷикистону Қирғизистон шодию нишоти мардуми кишвари мо ва мардуми қирғиз беинтиҳо буд. Мардум чӣ дар сатҳи маҳаллӣ ва чӣ дар сатҳи давлатӣ аз сулҳу оштию ҳамдигарфаҳмӣ истиқбол карданд.
Пеш аз ҳама хотиррасон бояд шуд, ки пас аз нохуб шудани муносибатҳои дипломатӣ ҷиҳати нофаҳмиҳои сарҳадӣ, ки бешак нақши кишвари мо мусбат буд, миёни ин ду кишвар рафтуомад канда шуда буд. Аз байн чаҳор сол гузашту на миёни чеҳраҳои дипломатӣ ва на мардум рафтуо набуд.
Билохира ба бахти мардуми ду кишвари ҳаммарз шахсияти ҷаҳондида, чеҳраи сулҳхоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз таҷрибаи ғании сулҳофарӣ нахуст шуда дасти дӯстӣ сӯи мардуми Қирғизистон дароз карданд. Зимни сафари расмии худ рӯзи 13 марти соли ҷорӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон Пешвои миллат тантанаи дӯстию рафоқат, самимияту бародарӣ байни мову мардуми ҳамсоякишвар танинандоз гардониданд.
Тавре мушоҳида кардем, сарони ду давлат даст ба дасти ҳам дода, якдигарро оғӯш кашиданд ва ба муносибатҳои гарми дӯстонаю ибтидо гузоштанд. Натиҷаи сафар ҳамин буд, ки миёни вазорату кумитаҳои мамлакати мо ва вазорату кумитаҳои дахлдори ҳамсоякишвар16 санади нави ҳамкорӣ имзо расид. Ду гузаргоҳ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон бозкушоӣ гардид.
Мардуми қирғиз низ ин лаҳзаро сахт муштоқ будаанд, аз ин рӯ онҳо Сарвари давлатро хеле ва хеле гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ва ҳам баъди бозкушоии гузаргоҳҳо зану марду ҷавону кӯдак аз ду тараф канори ҳам истода ба рӯи якдигар оғӯш кушоданд.
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидо то имрӯз бо кишварҳои ҷаҳон мавқеи дӯстонаю сулҳҷӯёна доранд. Барқарор намудани дӯстию сулҳу ҳамкорӣ бо давлати ҳаммарзи Қирғизистон ҷузъи муҳими ҷонибдории сиёсати сулҳҷӯёнаи давлати мост. Ба ҳамин монанд қаҳрамониҳо буд, ки Президенти моро мардуми ҷаҳон унвони "Миротворец" яъне сулҳофар додаанд. Ин дӯстии ба тозагӣ барқароршуда боварӣ дорем овозааш то баҳру бар рафта рсид. Бигзор риштаи дӯстии мардуми тоҷик ва қирғиз то абад поянда бошад.
Одиназода Латофат Амиршо-вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб