Ҳар як халқу миллатро дар арсаи олам пеш аз ҳама бо китоб ва таъриху фарҳангу адабиёташ мешиносанду эътироф мекунанд. Миллати тоҷик аз қадим соҳибкитобу соҳибмаърифат аст.
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани қадру манзалати китоб дар ҷомеа ҷалби бештари наврасон, ҷавонон ва калонсолон ба китобу китобхонӣ дар ҳошияи эълон гардидани соли 2025 дар вилояти Хатлон “Соли фарҳанги китобхонӣ" тибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни Наврӯз, 21-март Рӯзи байналмиллалии пиряхҳо дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сайёҳат бо иштироки васеи занону духтарон баргузор карда шуд.
Занону бонувони Кӯлобшаҳри бостонӣ пайваста тамоми иқдомоту ташаббусҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саидро ҷонибдорӣ менамоянд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД шаҳри Кӯлоб