МАҶЛИСИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Санаи 17 феврали соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб маҷлиси назоратии назди раиси шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр дар рафти маҷлиси назоратӣ вобаста ба иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва нақшаҳои соҳавии тарҳрезишуда аз масъулин  пурсиш ба амал оварданд. 

Дар идома  ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва иҷрои вазифаҳои нав ба роҳбарону ташкилоту муасисаҳо дастуру супоришҳо дода шуд.

Махсусан, дар самти иҷрои нақшаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Модар, ҷашни байналмилалии Наврӯз ва дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ пеш аз муҳлат иҷро намудани нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ таъкидҳо карда шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP