Дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои протоколии Роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, дастурҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр санаи 19 ноябри соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо соҳибкорони муваффақи шаҳру деҳоти Кӯлоб вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини якум ва муовини раиси шаҳр оид ба соҳаи иқтисодиёт, сардорони Раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои дахлдори дастгоҳи раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, мудири бахши муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкорӣ” дар шаҳр ва як қатор соҳибкорони муваффақ иштирок намуданд.
Вохӯриро муовини якуми раиси шаҳри Кӯлоб Ташрифзода М. С. кушода қайд намуд, ки вохӯрии имрӯза баҳри вусъат бахшидани ҳамкориҳо ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагии шаҳр ба шумор меравад.
Ҳамзамон муовини якуми раиси шаҳр иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз аз рӯз гулгуншукофон гардида, инчунин бо истифода аз захираю имкониятҳои мавҷуда ҳамаи он мушкилоти ҷойдошта тадриҷан бартараф гардида истода, Тоҷикистони соҳибистиқлол ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ноил гардид.
Қобили қайд аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ диққати аввалиндараҷа дода, пайваста чораҳои дахлдорро амалӣ менамояд. Дар пайравӣ бо Пешвои муаззами миллат таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, аз ҷумла раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид оид ба рушди соҳибкорӣ дар вилояти Хатлон низ бештар буда, бо мақсади рушди соҳаҳои мухталифи вилоят пайваста бо соҳибкорон вохӯриҳо баргузор менамоянд.
Бояд зикр намуд, ки бо дастгирии бевоситаи муҳтарам Пешвои миллат дар ҷумҳурӣ иқтисодиёти бозорӣ роҳандозӣ гардида, бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ рушд ёфта, сокинони кишвар соҳиби моликияти хусусӣ гардида, дар натиҷа сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ сол аз сол баланд гардида истодааст.
Дар шаҳри Кӯлоб низ бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр барои рушди соҳибкорӣ тамоми шароитҳо фароҳам гардида, дар ягон соҳа монеагӣ вуҷуд надорад.
Бояд қайд намуд, ки як қатор соҳибкорони бонангу номуси шаҳр низ барои ободии шаҳру деҳоти Кӯлоб саҳмгузорӣ намуда истодаанд, ки ин аз масъулияти баланди ватандӯстии онҳо шаҳодат медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки ҳангоми вохӯрӣ бо Роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр соҳибкорон бо ташаббусҳои созанда, барои саҳм гирифтан дар корҳои ободонию созандагӣ баромад карда, уҳдадориҳо гирифта буданд.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеа чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодааст.
Директори маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб Абдуллозода М. дар баромадаш қайд намуд, ки дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб тамоми имтиёзҳо барои соҳибкорон муҳайё гардида, дар муддати кӯтоҳ ба хоҳишмандон қитъаи замин ҷудо карда мешавад. Ҳамчунин барои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ рӯзи 22 ноябри соли 2024 дар шаҳри Кӯлоб Форуми байналмилалӣ бо дастгирии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Форум имконияти хубро барои пайдо намудани ҳамкор ва ҷалби сармоя фароҳам меорад ва бояд аз ин шароити мусоид истифода намуд.
Аз соҳибкорони шаҳр даъват ба амал оварда шуд, ки ҳамкориро бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва дигар сохторҳои марбута зич ба роҳ монда, боз ҳам дар корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла дар бартраф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаҳои мухталифи шаҳр саҳмгузор бошанд.
Дар идома, як қатор соҳибкорон баромад карда иброз доштанд, ки сиёсати пешгирифтаи созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва пешрафти шаҳр саҳми арзандаи хешро мегузоранд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иброз доштанд, ки бо боварӣ гуфта метавонем, ки соҳибкорони бо нангу номуси шаҳру деҳоти Кӯлоб уҳдадориҳои худро бо сари баланд иҷро намуда, дар рушду нумуи шаҳри Кӯлоби бостонӣ саҳмгузор мешаванд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб