Имрӯз дар доираи сиёсати муваффақонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид вохӯрии раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр бо намояндагони Бонки Олмонии Рушд сурат гирифт. Зимни вохӯрӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб меҳмононро ба яке аз гӯшаҳои Тоҷикистони биҳиштосо ба шаҳри Кӯлоби бостонӣ хайрамақдам гуфта, иброз доштанд, ки дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳо бо институтҳои молиявӣ, аз ҷумла Бонки Олмонии Рушд сол то сол ривоҷ меёбад. Инро мо хуб эҳсос намуда, медонем, ки Бонки Олмонии Рушд дар гӯшаву канори мамлакатамон як қатор лоиҳаҳоро амалӣ намуда истодааст. Аз ҷумла лоиҳаи "Тақвияти рушди деҳот тавассути истифодаи мутобиқагардонидашуда ва паст намудани офатҳои табиӣ" яке аз лоиҳаи муҳим ба ҳисоб меравад. Шаҳри Кӯлоб яке аз шаҳрҳое мебошад, ки аз шаҳр ва деҳот иборат мебошад. Вобаста ба хатари офатҳои табиӣ, аз ҷумла хавфи омадани сел дар фасли зимистону баҳор қайд кардан ба маврид аст, ки шаҳру деҳоти Кӯлоб минтақаи осебпазир ба ҳисоб рафта, дорои 32 мавзеъҳои хавфнок мебошад.
          Мавриди зикр аст, ки то имрӯз аз ҷониби давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба масъалаи пешгирии офатҳои табиӣ, аз ҷумла омадани сел дар шаҳру деҳоти Кӯлоб таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, пайваста дастгирӣ карда мешавад.
        Мақомоти иҷроияи ҳокиямияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ҳамкории доимӣ дошта, то имрӯз бо дастгирии ин маркази бонуфуз 22 лоиҳаро дар соҳаҳои барқарорсозии шабакаҳои барқтаъминкунии деҳаҳо, таъмиру азнавсозӣ, барқароркунии шабакаҳои гармдиҳӣ, муассисаҳои таълимӣ амалӣ намуда, дар 9 лоиҳаҳо аз ҷумла бунёди синфхонаҳои таълимӣ ва сохтмони бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаҳои дурдаст бо маром идома доранд, иброз доштанд раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр.
         Ҳамзамон, меҳмонон аз пешравиҳо ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, барои қабул ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик изҳори миннатдорӣ намуданд.
          Дар интиҳои вохӯрӣ, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳамчун армуғон ба меҳмонон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
                                                                                                                                                                Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP