Имрӯз дар асоси нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила чорабинии идона бо иштироки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, собиқадорон, занону бонувони фаъоли шаҳр баргузор гардид.
Зимни баромади худ муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо табрикоти раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёрро ба саҳми иштирокчиён расонида изҳор намуданд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳамаи Шумо сокинони сарбаланди шаҳрро самимона ба Рӯзи байналмилалии оила табрику муборакбод менамояд.
Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пойдории оилаҳо ҳамчун унсури муҳими ваҳдату ягонагии халқи тоҷик ҷиддӣ муносибат намуда, пайваста баҳри ташаккули оилаҳои ҷавон ва тарбияи насли наврас дар оилаи солим талош меварзад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Оила ниҳоди асоси ҷомеа, манбаи парваришу тарбияи неруи солимии зеҳниву ҷисмонӣ ва идомадиҳандаи наслҳо маҳсуб мешавад”.
Инак 31 сол боз дар саросари кишвари азизамон ҳамасола дар таърихи 15 май Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда мешавад, ки нишона аз фарҳанги баланди худшиносии миллати тоҷик аст.
Ба ҳамаи мову Шумо маълум аст, ки оила як рукни муҳими ҷомеаи муосир буда, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад.
Оила мактаби аввалинест, ки инсон дар он тарбия мегирад, донишу малакаи рӯзгордориро аз худ мекунад, ҳамзистӣ бо атрофиёнро меомӯзад, ҳамчунин, фарзандон ҳамарӯза аз ин дабистон, ки омӯзгоронаш падару модар мебошанд, таълим мегиранд. Яке аз ин марҳилаҳои муҳими зиндагӣ бунёди оила мебошад.
Оила ва устувории он дар заминаи муҳаббат, садоқат, иззату ҳурмат ва сабру тоқат имконпазир аст. Ободию пешрафти ҳар давлат, инчунин, маърифат ва фарҳангу ахлоқи мардум пеш аз ҳама аз оила сарчашма мегирад.
Боиси тазаккур мебошад, ки имрӯз дар шаҳри Кӯлоб тибқи маълумоти оморӣ 232 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ дорад, ки аз ин 113 ҳазору 700 нафари онро занон ташкил медиҳанд. Айни ҳол дар соҳаи тандурустӣ 2295 нафар, маориф 4010 нафар ва фарҳанг 130 нафар занону ҷавондухтарон фаъолияти пурсамар доранд.
Ногуфта намонад, ки имрӯз дар шаҳри Кӯлоб шумораи оилаҳои намунавӣ кам нестанд. Аз ҷумла, оилаи Талаб Нозимов, Зариф Валиев, Ғулом Исломов, Искандар Хоҷаев, Сайвалӣ Ёқубов, Шодӣ Холназаров ва даҳҳо оилаҳои дигарро метавон ном бурд, ки дар рушду пешрафти ҷомеа саҳми босазои хешро гузошта истодаанд.
Боварӣ дорем, ки он анъана ва суннатҳои неки ниёгонамон, ки ба таҳкиму пойдории оила, покиву назокату иффати ҷавонон ва садоқату самимияти аъзои оила равона шудаанд, минбаъд низ аз тарафи сокинони сарбаланди шаҳри Кӯлоб идома дода мешаванд.
Сипас, меҳмонон таманиёти худро ҷиҳати таҷлил аз Рӯзи байналмилалии оила ва дар сатҳи баланд баргузор намудани он ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб изҳори сипос намуда, изҳор доштанд, ки мо бояд модарон дар таълиму тарбияи фарзандон, риояи Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти баланд дошта бошем ва фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намоем.
Ҳамчунин ба навхонадорон ва тифлакон туҳфаҳои хотиравӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тақдим карда шуд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб