Имрӯз дар доираи дастуру супоришҳои Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раиси шаҳри Кӯлоб, раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулода Назарзода Бахтиёр Худоёр, муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон, муовини якуми сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон полковник Ҳалимзода Миралӣ, сардори шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании минтақаи Кӯлоб полковник Раҳмонзода Содиқҷон, инчунин аъзоёни комиссияи шаҳрӣ ва минтақавӣ аз сойҳо ва мавзеъҳои осебпазири шаҳру деҳоти Кӯлоб дидан намуда, ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
             Зимни боздид аз сойҳо ва мавзеъҳои болозикр маълум гардид, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид вобаста ба бехатар гардонидани сойҳо аз офатҳои табиӣ кӯмакҳо расонида шуда истодааст. Мутаассифона, зимни боздид маълум гардид, ки баъзе истиқоматкунандагони маҳаллаҳои назди сой аз бемасъулиятӣ партовҳои худро на дар қуттиҳои махсус балки дар дохили сойҳо ва ҷуйборҳо мепартоянд, ки ин боиси сар задани офатҳои табиӣ мегардад.
           Инчунин дар суҳбат роҳбарият бо сокинони маҳаллаҳои назди сойҳо суҳбат намуда, изҳор доштанд, ки имрӯз давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми талошҳои худро ба он равона намуда истодааст, ки барои сокинон шароити созгор ва зиндагии шоистаро муҳайё намояд. Вале мову шумо оддитарин амалро яъне тозаву поккорӣ намудани гирду атроф ва ҷуйборҳои хонаи худ диққат намедиҳем, ки дар вақти боришоти пай дар пай хатар эҷод мекунад.
         Ҳамзамон ба роҳбарони бахши ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Кӯлоб, Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ, Кумитаи идораи заминсозии шаҳр, шуъбаи меъморӣ ва сохтмони МИҲД-и шаҳр, шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр, МД «Хоҷагии коммуналӣ»-и шаҳри Кўлоб ва дигар масъулин ҷиҳати тезонидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо ҷалби техникаҳо ва кашонидани партовҳо аз сойҳо ва мавзеъҳои осебпазир дастуру супоришҳо ва маслиҳатҳои муфид дода шуд.
 
                                                                                                                                                                                  Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP