Мо ҳамарӯза дар моварои ҷангҳои иттилоотӣ қарор дорем... Дигар кишварҳо ҳам... Тамоми дунё... Ин бархурдҳо аз мухолифати андешаҳо, хостҳо ва амалҳои эҳтимолӣ сарчашма мегиранд, ки шаклгирии ояндаи ҷамъият аз ғолибияти тараф вобастагӣ дорад. Бо ин мақсад, дар баробари гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятие, ки мақсадашон халалдор кардани фазои маънавӣ ва ба анҷоми амалҳои террористиву экстремистӣ таҳрик додани ҷомеа мебошад, бояд рӯйрост мубориза бурд.

Албатта ҳастанд баъзан мавридҳое, ки аъзои гурӯҳҳои экстремистӣ пушти номҳои ҷаълӣ, яъне фейкҳо истодаанд ва бе ягон эҳсоси масъулият ба бадном кардани шахсиятҳои сиёсӣ ва илмиву фарҳангӣ машғул шуда, таассуроти мусбии ҷомеаро хароб мекунанд. Бо ин тоифа метавон аз усулҳои худашон истифода бурд. Аммо, мутаассифона бисёр во мехӯрем, ки ҳатто баъзан зиёиёни мо бо вуҷуди такягоҳи қавии маънавию сиёсӣ доштан, дар майдони муборизаҳои иттилоотӣ хеле оҷизона ва пушти номҳои мустаор иштирок мекунанд. Агар рӯйрост ҳам иштирок кунанд, чунон лутфу муҳаббат ва самимияте нисбати як террористи қотил ва экстремисти ҷоҳил нишон медиҳанд, ки ин хел самимиятро дар муносибат бо хешону наздикони худ нишон надодаанд. Аз он сӯ таҳқиру таҳдид ба давлату миллат, аз ин сӯ такаллуфу марҳамат...?! Ба ҷойи он, ки пурра нодуруст будани ақидаҳои носолими рақибро фош сохта, дар маърази ом ночиз будани ҳайсияти ӯро ҳувайдо созад, баръакс, нотавонона ибораҳои “ман ба Шумо эҳтиром дораму...”, “гузаштагони Шумо бисёр шахсони бузург буданду...”, “ман дар симои Шумо як сиёсатмадори донишмандро мебинаму...”... Ё худ гурӯҳи дигари тарсувокунишгарони мо ба насиҳат мегузаранд... Агар ба таҳлил назар афканем, беш аз 90% вокунишҳо ба муқобили ақидаҳои ифротӣ хусусияти насиҳат кардани тарафро дорад. Насиҳат хуб аст, аммо ба кӣ?! Мисле, ки фаромуш карда бошем, ин тоифа мисли манқуртанд ва насиҳатҳои “падарона”-и примитивӣ бо мазмуни “роҳи интихобкардаат роҳи бад аст, аз ин роҳ баргард”, ин ҳам бе ягон асосноккуниҳои қавӣ, на танҳо ӯро аз роҳаш намегардонад, балки устувортар сохта, бадтар аз ҳама, сафи ҷонибдоронашро зиёд мекунад. Тавре мебинем, бисёр вақтҳо ровиёни гурӯҳҳои ифротӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ соатҳо кафки даҳон парронда, аз он ифтихор мекунанд, ки фалон барномаашонро аз сад ҳазор то беш аз миллион нафар тамошо карда, фалон миқдори дигар писандиданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки шояд аксарияти тамошобинони онҳо танҳо ба хотири изҳори нафрат ба ақидаҳои экстремистии онҳо ба саҳифаашон сар задаанд. Ба ин хотир чунин раванд ҳатман бояд танзимшаванда бошад. Шарт нест мо ҳамаро ба вокуниш додан даъват кунем ва хоҳиш кунем то соати 2-3-и шаб як сафсатагӯро гуш карда, бо дасти худ сафи шунавандагони ақидаҳои экстремистиро зиёд созем. Тавре дар боло гуфтем, бисёре аз чунин вокунишҳои “хом” натиҷаҳои баръакс медиҳанд. Дар ин ҷода мебояд нақши Академияи миллии илмҳо ва Маркази татқиқоти стратегиро ба ҷойи асосӣ барорем. Агар 10-12 академику докторони мо, ки пешсафтарини табақаи зиёиёнамон ба ҳисоб мераванд, ба ҳисоби миёна дар як моҳ як вокуниши мустаҳкам ва асоснокро муқобили як ақидаи ба тафаккури ҷомеа хатарнок пешниҳод кунанд. Баъдан, дар ҳошияи ин вокунишҳои солим тули як моҳ садҳо нафари дигар андешаҳои созандаи худро баён мекунанд ва он 10-12 вокуниш ва зервокунишҳо камаш барои як сол таъсирашон кифоя аст. Ба унвони мисол, бубинед, ки як мақолаи Ятимов Саидмуъмин Сатторович то чанд моҳ фазои иттилоотиву идеологии ҷомеаро пурра месозад ва таъсири ақидаҳои ифротиро ночиз мегардонад. Ё худ дар ёд дорем, ки баъзе мақолаҳои дар вақташ чопшудаи Фаттоҳзода Саидмурод Самад, Абдуллои Раҳнамо, шодравон Сӯҳроб Шарифов ва ҳатто як пора шеъри Бозор Собир аз як тараф фазои маънавии ҷомеаро пур карда, боиси то чанд моҳ гуфтумонҳо миёни мардум мешуданд, аз сӯи дигар дар муқобили ақидаҳои ифротӣ зарбаҳои ҷонкоҳ мегардиданд. Боқимондаи қудрати зеҳнии ҷомеа беҳтар аст дастовардҳои рӯзафзуни кишварамонро боҳунарона тарғиб намоянд ва нерӯи маънавию ҷисмонии ҷомеаро ба анҷоми корҳои созандагиву бунёдкорӣ сафарбар созанд. Интизор нашавем, ки кай кадом як хоини давлату миллат айбҷӯӣ карда, ба истилоҳ “думи сагат каҷ” гӯяду мо танҳо баъд аз ин ҳолатҳо “каҷ нест” гуфта вокуниш диҳем. Зеро баёни ҷанбаҳои мусбии вазъи имрӯза, расидан ба қадри озодиву соҳибдавлатӣ, умед бахшидан ба оянда нек ва такон додани андешаи ҷомеа барои бунёди ояндаи босаодати хеш муҳимтарин самти идеологияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад. Аз усулҳои дигаре, ки имрӯзҳо кишварҳои абарқудрат дар баробари рақибонашон истифода мебаранд, ин дастраснамоии иттилоот тавассути барномасозони ҳирфаӣ мебошад. Азбаски имрӯзҳо фазои маҷозӣ ба як майдони муҳорибаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, кишварҳои алоҳида дар бахши низомиву мудофиавиашон ин масъаларо пурра ба назар гирифтаанд. Яъне, ба сарбозон дар баробари омӯзонидани машқҳои тактикӣ ва истифода аз яроқҳои гуногуни оташфишон, ҳамзамон усулҳои ҷанг тавассути компютер, интернет ва дигар василаҳои мухобиротиро низ омӯзонида истодаанд. Пас мо ҳам чунин имкониятро дорем, ки дар марҳилаи аввал дар ҳар як қисми низомӣ камаш як синфхонаи компютерӣ бо 10 то 15 адад компютери замонавӣ кушода, ба сарбозон тактикаи муҳорибаҳои иттилоотиро омӯзонем. Ҳамагӣ 6 моҳ кифоя аст, ки тариқи курсҳои махсуси омӯзишӣ тренерони ботаҷриба аз ҳисоби афсарон дар ин самт омода сохта, омӯзиш дода барои дарс гуфтан ба сарбозон ба қисмҳои низомӣ сафарбар кунем. Дар миёни сарбозон ҳам кам нестанд ҷавононе, ки маълумоти олӣ дошта, тарзи кор бо компютер ва интернетро хуб аз худ кардаанд. Як гурӯҳи махсус аз ҳисоби ин сарбозони маълумоти олидор ташкил кардан мумкин. Ин тартиби кор ба мо имкон медиҳад, ки бо истифода аз нерӯи маънавии сарбозони содиқи Ватан ба таври шабонарӯзӣ ва бе миннати бархе зиёимаобон ва бе хароҷоти калони пуливу молӣ фазои иттилоотии кишварро аз ҳуҷумҳои иттилоотии душманон ҳифз намоем. Дигар ин ҷо гап дар бораи 50-100 ё 500 вокуниш не, балки даҳҳо ҳазор вокунишҳои гуногун меравад, муҳимтар аз ҳама – муташаккилона! Дар масоили андешаҳои мусбӣ низ бештар аз ин теъдод. Дар сурати истифодаи дуруст аз ин ва дигар механизмҳои таъсиррасон баъди 5 сол хоҳем дид, ки фазои идеологии Тоҷикистон ба куллӣ дигар шуда, кишварамон ба як қудрати иттилоотӣ дар минтақа табдил ёфтааст. Зеро мо аз азал мардуми боистеъдодем, танҳо роҳ кушода, имконият фароҳам овардан кифоя аст, ки ҷавонони мо ҳайсияту истеъдоди худро ба намоиш гузоранд. Масалан, чанд сол пеш фаъолони ҷомеа дар ҳар фурсати муносиб аз он афсус мехурданд, ки ҷавонони имрӯза – насли Рӯдакиву Фирдавсиву Сино... дигар китоб намехонанд. Аммо ҳеҷ кас пешниҳоди дурусте надошт, ки бо кадом роҳ оммаи васеи ҷомеа, хусусан наврасону ҷавононро китобхон кунем. Ҳамагон шоҳидем, ки як ташаббуси раҳкушоёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст!”, инчунин дигар озмунҳои ҷумҳуриявӣ чи қадар ба рушди маънавиёт ва фарҳанги ҷомеа такони ҷиддӣ бахшид. Миллионҳо сокини кишвар рӯ ба китоб оварданд, ҳазорон истеъдодҳо рӯнамоӣ гардиданд ва сатҳи саводнокии ҷомеа ба маротиб баланд гардид. Мо садҳо зарфиятҳои дигаре дорем, ки бо истифода аз онҳо ба рушди Тоҷикистони соҳибистиқлоламон мусоидат мекунем. Мо набояд аз чанд хоину хоинзодае, ки дар хориҷи кишвар истода фитнаангезӣ мекунанд, ҳарос дошта бошем. Аз хоинони беруна дар симои ТЭТ ҲНИ ва гурӯҳҳои атрофи онҳо дида хоинтару хатарноктар онҳое ҳастанд, ки аз дохил ба хоинони миллат ҳамкорӣ мекунанд ва ба онҳо дар ҳар шакли мумкин маълумот пешниҳод менамоянд. Чунин нафарон як гурӯҳ дурӯяҳои фурсатталаб ҳастанд, ки кӯшиш мекунанд дар дохил норозигии мардумро ба вуҷуд оварда, дар берун тавассути хоҷагони хориҷиашон ба шаъну эътибори кишварамон иснод оранд. Ба ин хотир, кифоя аст, ки дар айни замон фақат 10%-и потенсиали маънавии худро барои дар ҳошия нигоҳ доштани гурӯҳҳои иртиҷоии беруна сафарбар кунем. Боқимонда қудрати идеологиро барои мустаҳкам кардани пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи тамомияти арзии кишвар аз роҳи баланд бардоштани рӯҳияи созандагӣ ва худшиносии мардум сарф намоем. Натиҷаи тадбирҳои мазкур ба он оварда мерасонад, ки дар вуҷуди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон як масъунияти миллӣ ба пуррагӣ ташаккул ёфта, таъсири омилҳои беруна ба мағзи сокинон ба сифр баробар мегардад. Дар хотир дошта бошем, ки соли 2024 соли маъракаҳои пешазинтихоботист ва дар кишвар нимаи аввали соли 2025 баргузории интихоботи парлумонӣ интизор меравад. Дар моварои якуним соле, ки фурсати чандон зиёде нест, бадхоҳони Тоҷикистони соҳибистиқлол дар дохилу хориҷ эҳтимолан нақшаҳои сиёҳи худро кашида истодаанд, ки бояд эҳтиёткор буд. Зеро фурсатталабони дохилӣ ва хоинони хориҷӣ маҳз дар чунин марҳилаҳои ҳассос ба торҳои андешаҳои ҷомеа нохун мезананд. Ба ҳар гуна фитнаву дасиса ва иғво фирефта нашавем ва манфиатҳои давлатро аз ҳама гуна манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ боло гузорем. Ин ва дигар паҳлуҳои масъала батакрор моро водор месозанд, ки дар атрофи сиёсати созандаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зичтар муттаҳид гардида, рушду ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва зиндагии шоистаи ҳамватанонамонро аз ҳадафҳои аввалиндараҷа дар кору фаъолияти худ қарор диҳем. Ҳамидиён Орзу – муовини раиси шаҳри Кӯлоб.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP