МОДАР МУЪҶИЗАИ ҲАЁТ
 
Бонувони гиромиқадр!
Бароятон Рӯзи модарро, ки ҳамасола санаи 8 март ҷашн гирифта мешавад муборакбод гуфта, саодатмандӣ, саломатии бардавом, умри дарози бобаракат ва хушрӯзиву пирузиҳои ҳамешагиро таманно дорам.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд: «Мо бояд як нуқтаи муҳимро ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки зан – модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳама сиёсатмадарону донишмандон ва бузургони олам, аз он ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд».
Ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат аст ва ҳама эъҷозу парвоз, ҳама эҷоду бунёд, ҳама қаҳрамониву мардонагӣ самараи меҳнати шабонарӯзии модарон мебошад.
Ҷойи дигар Ҷаноби Олӣ мегӯянд: «Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем ва ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андуҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост. Тарбияи ибтидоӣ ки марҳилае аз ҳама муҳим умри инсонӣ мебошад, маҳз ба заҳмати модар ва муҳаббати ӯ вобаста аст».
Бо назардошти ҳамин мартаба ва манзалати занону модарон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози соҳибистиқлолии кишвар вобаста ба таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо тамоми тадбирҳоро андешида, кӯшиш бар он дорад, ки тавонанд рисолати худро ташаккул диҳанд ва дар раванди демократикунонии ҷомеаи навин, корҳои ободонӣ ва бунёдкориву созандагӣ нақши мондагор дошта бошанд.
Бояд қайд намоем, ки дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 111300 нафар занон сукунат дошта, аз онҳо 2029 нафар дар соҳаи тандурустӣ, 2622 нафар дар соҳаи маориф, 130 нафар дар соҳаи фарҳанг кору фаъолият карда истоданд. Дар вазифаҳои роҳбарикунанда 117 нафар, 16 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, 21 нафар вакилони ҷамоатҳои деҳот, 23 нафар хизматчии давлатӣ мебошанд ва 1463 нафари дигар ба соҳибкорӣ машғуланд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр кушиш карда истодааст, ки сафи занон дар сохторҳои давлатӣ боз ҳам зиёдтар шавад.
Оре, бо тасмимҳои созанда ва бунёдкоронаи Сарвари давлати тоҷикон имрӯз мавқеи зан дар ҷомеа боло рафтаву бонувони мо дар рушду пешрафти тамоми соҳаи хоҷагии халқи кишвар ҳисси арзандаи худро гузошта истодаанд.
Мебояд тазаккур дод, ки иди бонувон баробари оғози эҳёи табиат – фасли баҳор фаро мерасад. Баҳор бо омаданаш ба дилҳо суруру шодмонӣ меоварад, қалбҳо лабрез аз шодиву фараҳ мегарданд. Дар чунин лаҳзаҳои зебо таҷлил гардидани Рӯзи модар далолат ба он мекунад, ки баҳор, зебоӣ ва модар ба ҳам тавъаманд.
Бузургони олам дар назди мартабаву манзалати зан – модар сари таъзим фуруд овардаанд. Дар таърихи ҳама тамадунҳои башарият эҳтироми волидайн яке аз меъёрҳои ахлоқӣ буда, мақому мартабаи модар аз ҳама баланд аст. Ҳамчунон ки ҳама огаҳи дорад имрӯзҳо дар саросари кишвар омодагиҳо ба пешвози 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараён мебошад.
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади пуршукуҳ таҷлил намудани ин иди бузурги миллӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр нақшаи мушаххаси чорабиниҳоро таҳия намуда, онро ботадриҷ амалӣ карда истодааст. Аз ҷумла ба ин муносибат, бунёд, азнавсозӣ ва таъмири 492 иншоот ба нақша гирифта шудаанд. Соли гузашта аз ин ҳисоб 68 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Боиси қаноатмандист, ки дар ба истифода супоридани як қатор иншоотҳо ҳангоми сафари кориашон ба шаҳри Кӯлоб Президенти мамлакат бевосита ширкат варзиданд. Қобили қайд аст, ки ба хотири бузургтарин олиҳаи рӯи замин, сарчашмаи меҳру вафо, офарандаи зиндагӣ нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд – зан модар муҷассамаи «Дуои модар», ки дар нақша буд, низ бунёд гардид ва Ҷаноби Олӣ пардаро аз болои ин иншооти муқаддас бардоштанд. Имрӯзҳо муҷассама макони зиёрати хосу ом, бахусус ҷавоне, ки қадами нахустин ба ҳаёти мустаъқилона мегузоранд, шудааст.
Бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам як масъаларо бо Шумо матраҳ созам ва умедворам Шумо онро амиқан дарк мекунед. Шукри давлати озоду обод ва сулҳу ваҳдат, сарзамини биҳиштосо ва Пешвои хирадсолор, ки ба туфайли сиёсати созандаашон Тоҷикистон рӯз аз рӯз рушд карда истодааст. Зиндагӣ марҳила ба марҳила хуррамтар мегардад. Ҷавонони мо имрӯз имконият доранд аз воситаҳои навини технологӣ истифода кунанд.
Аз ҷумла интернет қариб ба аксарият дастрас гардидааст. Мутаасифона дар сомонаҳои интернети баъзе шахсиятҳои моҷароҷую ҳангоматалаб ба паҳн кардани маводҳои муғризу ифлос машғуланд. Бояд тамоми чораҳоро андешем, ки ҷавонони мо ба ягон ҳизбу ҳаракатҳои эктремистиву террористӣ гаравида нашаванд ва гуш ба даъватҳои ин нопокон надиҳанд. Дар ин кор тарбияи оила нақши ҳалкунанда дорад. Бахусус зан – модар, ки наздиктарин ва маҳбубтарин шахс дар ҳаёти фарзанд аст. Аз ҳамагон хоҳиш мекунем ба ин масъалаи муҳим диққати аввалиндараҷа диҳад. Бузургони гузаштаву имрӯзаи мо мақому манзалати занро дар эҷодиёти худ хеле ситоиш кардаанд ва боварӣ ҳаст, ки боз борҳо хоҳанд кард. Мехоҳам бо қироати як порча шеъри яке аз онҳо суханҳои худро ба поён расонам:
Модар ту биҳишти ҷовидони Модар,
Хуршеди баланди осмони модар.
Дар чашми ту нури зиндагони ҷорист,
Сарчашмаи меҳри бекарони Модар.
Бори дигар ҳамаи Шумо ва дар шахси Шумо тамоми бонувони Кӯлобшаҳри бостониро бо ин иди фархунда самимона табрику муборакбод гуфта таманнои онро дорам, ки дилҳоятон ба мисли чашмаҳои куҳистони мамлакат поку мусаффо ва ба мисли табиати ҳамешабаҳори ин сарзамини аҷдодӣ зебову муҷалло бошад.
Саломату сарбаланд бошед!
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP