11 феврали соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба хотири сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ бо фаъолони шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.
Дар машварати мазкур аъзои гурӯҳи корӣ, намояндаи Ҳукумати мамлакат, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсатҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, сардорони қитъаҳои истифодабарии манзили шаҳр, намояндагони васоити ахбори омма ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.
Дар идомаи кори ҷаласа намояндаи Ҳукумати мамлакат, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим суханронӣ намуда изҳор намуд, ки бо мақсади дар амал татбиқ гардидани дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии кишвар ва хотирмон таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳури Тоҷикистон ҳар яки моро мебояд дар фаъолияти кории худ масъулиятшинос бошем. Ҳамчунин масъулон вазифадор гардиданд, ки нақшаи корӣ тартиб дода тибқи он ҳамарӯза корбарӣ бояд намуд.
Зимни ҷаласа вазифадор гардиданд, ки дар муҳлати кутоҳтарин бояд нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда шавад. Аз рӯи масъалаи дигари ҷаласа роҳбарони ташкилотҳои шаҳрӣ вазифадор карда шуданд, ки баҳри истифодаи босамари заминҳои ҳудуди ташкилоту муассисаҳо ва заминҳои бекорхобидаи хоҷагиҳои деҳқонӣ бо сокинони шаҳру деҳот корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда аз натиҷааш ба гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ мунтазам ахборот пешниҳод намоянд.
Ҳамчунин дар кори машварат масъалаҳо доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, оид ба пардохти саривақтии андозҳо, корҳои ободониву созандагӣ, кишти такрории маҳсулотҳои кишоварзӣ, вазъи муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва фаъолияти онҳо дар ҷамоату деҳот, вазъи рӯзгори мардум ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳаёти ҷомеаи имрӯз мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP