Санаи 16 январи соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр доир гардид.

Ҷаласаи мазкур бо иштироки муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсатҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, масъулони муассисаҳои таълимию тиббии шаҳр, намояндагони васоити ахбори омма ва дигар шахсони масъул доир гардид.

 Нахуст, раиси шаҳри Кӯлоб ҷаласаро оғоз намуда изҳор дошт, ки аз сабаби бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намудани самтҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар соли 2022 шаҳри Кӯлоб дар миқёси вилояти Хатлон бо Дипломи дараҷаи 1 ҳамчун “Шаҳри беҳтарин”-и вилоят эълон гардид. Ин натиҷаи фаъолияти босамари ҳар як корманд ва дар маҷмуъ мардуми созандаву бунёдкори шаҳри Кӯлоб ба ҳисоб меравад.

Дар ин замина моро мебояд минбаъд низ дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самари корамонро бештар намуда, соли 2023 ба натиҷаҳои боз ҳам беҳтар ноил гардем.

Дар идомаи ҷаласа ҳамчунин раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Кӯлоб Амиров Давлат, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу, директори генералии Муҷтамаи осорхонаҳои шаҳри Кӯлоб Асозода Ҳотамшо, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб Ҳакимзода Қадамшо, аз таваҷуҳ ва дастгириҳои бевостиаи Роҳбарияти Олии мамлакат ба сокинони шаҳри Кӯлоб изҳори сипос намуданд. Ҳамзамон, аз ҷониби раиси Кумтиаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Салим Гадоев ба раиси шаҳрии Кӯлоб Назарзода Бахтиёр ба ин муносибат Табрикнома аз номи кулли аъзои ҳизб дар шаҳри Кӯлоб тақдим карда шуд.

Зимни баррасии масъалаи мазкур пешниҳод гардид, ки маблағи ҷоизаи “Шаҳри беҳтарин”, ки 10000 сомониро ташкил медиҳад, баҳри харидани маводи хӯрока ва дигар ашёи зарурӣ ба Мактаб-интернати ёрирасони №1-и шаҳри Кӯлобтақдим карда шавад.

Баъдан ба Шарипов Миралӣ - директори Корхонаи давлатии фаръӣ ва обу канализатсияи шаҳри Кӯлоб ва Ғафуров Фирдавс – директори идораи равшаннамоии шаҳр Ифтихорномаи Корхонаи Воҳиди Давалатии Хоҷагии Манзилию Комуналӣ барои меҳнати софдилонаю ташаббускорӣ ва саҳми арзанда гузоштан дар рушди хоҷагию манзилии комуналӣ дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.

Бо ҳамин тартиб вобаста ба масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис муовини якуми раиси шаҳри Кӯлоб, раиси Ситоди зимистонгузаронӣ дар шаҳри Кӯлоб Ташрифзода Мунаваршо оид ба корҳои анҷомдодашуда дар самти зимистонгузаронӣ ва  мудири бахши саноат, энергетика ва нақлиёту комунткатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Хуҷамқулов Абдураззоқ оид ба таъмини аҳолӣ ба нерӯи барқ  ҳисобот пешниҳод намуданд.

 Дар охир Муроҷиатномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб вобаста ба фарҳанги сарфакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ ва аҳамияти пардохти ҳаққи хизмати он баррасӣ ва тасдиқ гардид.

Зимни баргузории ҷаласа раиси шаҳри Кӯлоб оид ба фаъолияти соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқ аз масъулин пурсиш ба амал оварда, баҳри пешрафти кор ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳо доданд.

   Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP