Аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,
Ҳамсафони гиромӣ,
Нахуст ҳамаи Шуморо ба санаи таърихии 28-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрику муборакбод менамоям.
Дар моварои ин фурсат Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як нерӯи тавонои сиёсӣ табдил ёфта, бо амалӣ намудани барномаҳои созанда Тоҷикистони тозаистиқлолро аз кишвари ҷангзада ба сатҳи кишварҳои рушдёфта баланд бардошт.
Вобаста ба ин муҳтарам Пешвои муаззами миллат иброз доштаанд, ки “Ҳизби мо табиатан халқӣ ва демократӣ мебошад ва он маҳсули тафаккури эҷодии халқи фарҳангофар ва созандаи мост. Мо ба хотири мардуми азияткашидаамон ин ҳизбро таъсис додем”.
Дар ин муддат роҳи тайнамудаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон роҳи бениҳоят мушкил, аммо бошарафона буд. Ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумат маҳз аз умқи барномаҳои ҲХДТ реша мегиранд ва дар ин доира амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон таъмин гардида, кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ бароварда шуд. Инак бо пурра ба анҷом расидани бунёди НБО “Роғун”, ки ҲХДТ сарпарасти идеологии ин тарҳи таърихӣ мебошад, мо ба истиқлолияти комили энергетикӣ даст меёбем. Ҳадафи чоруми стратегӣ, ки Раиси муаззами ҲХДТ ба миён гузоштааст, ин саноатикунонии босураъти кишвар мебошад. Атрофи ин ғояи созанда, ки дар ростои тадбирҳои сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гашта истодааст, тамоми сокинони мамлакатро атрофи ҲХДТ зичтар муттаҳид намуд. Дар доираи ин ташаббуси созанда гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб низ пешниҳод намуд, ки соли 2022 барои шаҳри Кӯлоб соли Рушди саноат ва роҳҳои обод қабул гардад. Бо қабул гардидани ин ташаббус бунёди роҳҳои дохилишаҳрӣ суръати тоза пайдо кард.
Бо ифтихор иброз менамоем, ки давоми 28 сол ҳазорон аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар шаҳри Кӯлоб бо садоқати самимӣ ба Раиси муаззами ҳизбамон баҳри мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ хизматҳои фидокорона карда истодаанд. Дар ин муддат миқдори ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ аз 50 адад ба 246 адад ва шумораи аъзои ҳизб аз 1000 нафар ба 10886 нафар расид, ки яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин дар сатҳи вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад.
Мо ҳизбиён худро масъул медонем, ки бо пайравӣ аз Пешвои миллат хизмат ба халқро аз ҳама манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ боло гузошта, таҳти шиори “Тоҷикистон ба пеш!” ба сӯи қуллаи мурод қадамҳои устувор гузорем.
Саломату сарбаланд бошед!
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP