Таҳти ин унвон  дар толори маҷлисгоҳи КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба 28-солагии ҲХДТ Конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
 
Дар конференсияи мазкур муовини раиси шаҳри Кӯлоб, собиқ раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, Орзу Ҳамидиён, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Салим Гадоев, собиқадори ҳизбу меҳнат, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, собиқ раиси Кумитаи иҷроия муҳтарам Валиева Саъбагул , раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Технолог”, узви фаъоли ҲХДТ, Шоҳиён Алмосшо Набот ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
HIZB
 
Нахуст чорабинии мазкурро раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Салим Гадоев оғоз намуда изҳор доштанд, ки боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯз мо дар фазои ваҳдати миллӣ ва рушду шукуфоии Ватани маҳбубамон аз 28-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷашн мегирем. Конфренсияи мо бахшида ба солгарди ҲХДТ дар даврае баргузор гашта истодааст, ки мардуми сарбаланди шаҳр ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва бо дастовардҳои баланди меҳнатӣ истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба омодагӣ гирифта истодаанд. Тоҷикистон, ки дар як марҳилаи нави тараққиёт, давраи созандагиву бунёдкорӣ қарор дорад, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободии диёри хеш заҳмату меҳнат карда истодаанд. “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизбе ба майдони сиёсат омад, ки ба ҷомеаи феълии Тоҷикистон такя дошт ва эълон кард, ки ҷонибдори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва адолатпарвари иҷтимоист”.
 
Сипас, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, собиқ раиси Кумитаи иҷроия Саъбагул Валиева, муовини раиси шаҳри Кӯлоб, собиқ раиси Кумитаи иҷроия Ҳамидиён Орзу, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Технолог” , узви фаъоли ҲХДТ, Шоҳиён Алмосшо Набот ва дигар аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Зимни суханронӣ баромадкунандагон иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, рисолат ва мазмуну моҳияти барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу пешрафта ва аз лиҳози сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ босубот мебошад.
 
Дар идомаи Конференсия ба як қатор фаъолони ҳизб барои таблиғу ташвиқи ғояҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, баланд бардоштани нуфузи он дар ҷомеа, саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Сипосномаи раиси шаҳри Кӯлоб ва Сипосномаи Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP