ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ КӮЛОБ НАЗАРЗОДА БАХТИЁР ХУДОЁР БАХШИДА БА 16-УМИ ШУРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамдиёрони азиз!
Инак дар арафаи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор дорем.
Ба ин муносибат тамоми мардуми шарифи Кӯлоби бостонӣ ва сокинони Тоҷикистони азизро табрику муборак бод гуфта, бароятон саломатӣ, саодати рӯзгор ва сулҳу субботу ваҳдати абадиро таманно дорам.
Ҳамчунон, ки ҳамагон огоҳ ҳастем рӯзи 16-уми ноябрро ҳамчун ҷашни бузург ва муқаддас бо шукуҳу шаҳомати хосса дар саросари кишвар ҷашн мегиранд. Санаи мазкур рӯзи баргузоршавии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва ҳамчун иҷлосияи тақдирсоз эътироф гардидааст. Барои насли калонсол, ки оқибатҳои хунину фоҷеабори солҳои навадуми асри гузаштаро аз сар гузаронидаанд, мафҳуми тақдирсозро шарҳ додан зарурият надорад. Вале барои насли ҷавону ояндасози Тоҷикистон, ки аз нақли падару бародар ё дигар сарчашмаҳо аз он рӯзҳои мудҳиш воқиф мешаванд, хизматҳои Иҷлосияро ёдрас шудан зарурияти замон аст. Зеро бе донистани таърихи гузашта, бунёди ояндаи дурахшон имконнопазир мебошад.
Ҳамин тариқ дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта давлати абадқудрати шӯравӣ ба пошхӯрӣ оғоз намуд. Ҷумҳуриҳои собиқ, ки ба ҳайати он шомил буданд, соҳибистиқлолии худро пайи ҳам эълон карданд. Тоҷикистон ҳам Рӯзи 9-уми сентябри соли1991 аз соҳибихтиёрии худ хабар дод ва мардуми кӯҳанбунёди тоҷик соҳиби давлати соҳибистиқлоли хеш шуданд. Аммо мутаассифона шодии мардум дер давом накард. Чунки истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба баъзе доираҳои сиёсии хориҷӣ ва душманони миллати тоҷик он қадар маъқул наомад, ки онҳо кӯшиш намуданд ин соҳибихтиёриро ба нестӣ баранд. Оқибат бо усулҳои озмӯда ин бадхоҳон ба мақсадҳои нопоки худ қисман расиданд ва давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ карданд.
Ҷанг харобиҳои зиёд овард. Низоми идоракунии давлат ва сохторҳои ҳокимият фалаҷ гашта, мардум макони аҷдодиву падарии худро тарк ва рӯ ба фирор ниҳоданду садҳо ҳазор нафар гурезагони иҷборӣ шуданд. Шумораи қурбониҳои ин ҷанги таҳмилӣ аз сад ҳазор гузашт. Дар хусуси ҳисороти молӣ бошад ҳоҷати гап нест. Зеро он ба даҳҳо миллиард доллари америкоӣ баробар шуда буд. Агар пеши роҳи ин ҷанги хонумонсӯз гирифта намешуд, имкон дошт Тоҷикистон ҳамчун воҳиди марзиву маъмурии мустақил аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шавад. Ҳамчунон, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамон солҳо гуфта гузашта буданд, «Таърих ёд надорад, ки халқи тоҷик хонаашро бо дасти худ оташ зада, деҳу деҳкада ва шаҳристонҳоро ба харобазор табдил дода бошад».
Яъсу ноумедӣ он қадар ҷомеаро фаро гирифта буд, ки аксарият ба фардои нек боварӣ надоштанд. Ҳамин ҳолатро дида, шоири бедордили миллат Ашӯр Сафар гуфта буд:
Як бори дигар ханда
ба лаб мешуда бошад,
Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад.
Хушбахтона қувваҳои солими ҷомеа масъулияти худро пеши наслҳои оянда баҳри нигоҳ доштани Тоҷикистон, ҳамчун хонаи умеди мардуми тоҷик ба хубӣ эҳсос карданд ва бар хилофи гуруҳҳои тундрав роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллиро пеша намуданд.
Рӯзи 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд, мушаххасан Қасри Арбоб, ки ҳамон шабу рӯз минтақаи нисбатан ороми кишвар маҳсуб меёфт, ба хилофи муқовимати баъзе гуруҳҳои силоҳбадаст вакилони даври Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатҳои қавмӣ, гуруҳҳӣ ва маҳаллии худро яктараф гузошта, Иҷлосияро барпо карданду баҳри расидан ба сулҳу суббот чораҷӯӣ намуданд. Вале бузургтарин хизмати Иҷлосисияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат шуд, ки ба ҳайси сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сари қудрат овард ва Ҷаноби Олӣ бо як иродаи қавӣ ва матонату ҷасорати фавқуллода пайи раҳонидани Тоҷикистон аз фоҷеаи миллӣ гардиданд. Барои расидан ба сулҳи комил тадбирҳои хирадмандонаро ботадриҷ амалӣ намуда, ҷиҳати хотима гузоштан ба низоъҳои хунин чӣ ҷонбозиҳо ва гузаштҳое накарданд.
Аввалин суханҳои Ҷаноби Олӣ дар мақоми раиси Шурои Олии Тоҷикистон ва сарвари давлат «Ман ба Шумо сулҳ меоварам… мо ҳама ёру бародар бояд бошем», буданд. Ин суханон маҳз дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ садо доданд ва хишти аввали сулҳу ваҳдатро гузошта, дармон барои раҳо додани кишвари ҷангзада аз буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, таъмини тамомияти арзӣ, бартараф кардани хатари аз байн рафтани давлати ҷавон ва парокандашавии миллати кӯҳанбунёди тоҷик шуданд. Бинобар ин имрӯз бо дили пур ва боварии қатъӣ мегӯем, ки Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳақиқат иҷлосияи тақдирсоз буд ва ҳамасола 16-уми ноябр ҳамчун санаи муқаддасу муборак, иди дар ҳақиқат миллию таърихӣ дар саросари мамлакат ҷашн гирифта шавад ва мешавад. Тоҷикистон маҳз бо баракати ҳамин сана – яъне 16-уми ноябри соли 1992 аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт ва тавонист роҳи худро муайян карда, ба сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор гузорад. Имрӯз ҳамагон ҷамъ омадаем, ки 30-юмин солгарди ин санаи муқаддасро таҷлил намоем.
Пас аз ҳамин Иҷлосия бо хиради азалӣ ва шарофати иродаи мардум ва талошҳои шабонарӯзии Ҳукумати мамлакат бахусус тадбирҳои нишонраси Пешвои муаззами миллат дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ сулҳу суббот дар мамлакат пойдор гардид. Халқи тоҷик таҳти роҳбарии Олии сиёсии мамлакат пурра ба меҳнати созанда пардохта, тавонист қуллаҳои баландтарини муродро фатҳ намояд.
Ҳозирини гиромӣ!
Мутобиқи моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» санаи 16-уми ноябр инчунин ҳамасола ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон» ҷашн гирифта мешавад ва ин ҳам сабабу воқеъияти таърихӣ дорад. Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 дар баробари раъйпурсии умумихалқӣ оид ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар як вақт интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда буд. Интихоботи мазкур дар асоси алтернативӣ шафофу озод доир шуда, аксарияти интихобкунандагон ба ин маснади олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сазовар донистанд. Пешвои муаззами миллат 16-уми ноябри соли 1994 бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу ватан савганд ёд карда ба иҷрои вазифаҳои президентӣ шуруъ намуданд ва бо фаъолияти пурсамари хеш собит сохтанд, ки чунин тарзи идоракунии давлат то чӣ андоза ба Тоҷикистон созгор аст.
Ба манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадорӣ ва давлтадории навини кишвар 16-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» пазируфта шуд. Ба ин муносибат ҳам ҳамагонро шодбош гуфта, таманно онро дорам, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз солҳо сиҳату саломат сарвару раҳбари Тоҷикистон бошанд ва кишвари азизамон таҳти роҳбарии ин абармарди дунёи сиёсат ба рушди баландтарнини соҳаҳои мухталифи иқтисодиёту иҷтимоиёт комёб гардад.
Бори дигар 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихию тақдирсози Шурои Олии Тоҷикистон ва «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» муборак бошад ҳамдиёрони азиз!