4 августи соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ҷиҳати сари вақт пардохт намудани қарзҳои андоз баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур Поркурори шаҳри Кӯлоб Достизода Қутбиддин, муовини якуми раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалатӣ, раисони ҷамоатҳо ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок доштанд.
Дар ҷаласа масъалаи сари вақт пардохт намудани бақияи қарзи андоз ва бартараф намудани камбудиҳову норасоиҳои дар ин самт ҷойдошта мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
168
Сараввал роҳбарияти шаҳр ҷаласаро оғоз намуда, қайд кард, ки соҳаи андоз яке аз соҳаҳои афзалиятнок буда, ҳамеша зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурӣ қарор дорад. Рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳар як давлат аз устувории пардохти андозҳо вобастагии калон дорад. Дар ин ҷода моро месазад, корбариро ҷоннок намуда дар рушди хоҷагии мухталифи халқамон саҳмгузорӣ намоем.
170
Сипас, аз рӯи бандҳои рӯзномаи маҷлис сардори нозироти андози шаҳри Кӯлоб Раҳимзода Назирмад, сармутахассис-ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб Амирҷон Гулмадов оиди пешниҳодҳои Прократура ва Розиқзода Рустамбек, ёрдамчии калони Прокурори шаҳр баромад намуданд.
Зимни ҷаласа ба иштирокчиён фармони Прокурори шаҳри Кӯлоб ҷиҳати таъсис додани гуруҳи корӣ “Оид ба пешгирии зиёдшавӣ ва ситонидани бақияи қарзи андоз” ба ҳозирин расонида шуд.
Дар идомаи кори ҷаласа Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр иброз намуд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро месазад, масъулиятшинос бошему дастуру супоришҳое, ки роҳбарияти кишвар дар Паёмҳояшон иброз медоранд сармашқи кори худ дониста дар пешрафти шаҳри азизамон ҳиссагузор бошем.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP