Санаи 27 июли соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аъзоёни ситоди шаҳрӣ роҳбарони ташкилоту муасисаҳо, раисони ҷамоату деҳот бо роҳбарии раиси ситоди шаҳрӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти мунтазами соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Кӯлоб дар ситоди ҷумҳуриявӣ ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон тариқи онлайн иштирок намуданд.

Ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ тариқи онлайн таҳти роҳбарии раиси ситоди ҷумҳуриявӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Усмоналӣ Усмонзода доир гардид.

160

Дар кори ситоди ҷумҳуриявӣ масъалаи рафти омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 баррасӣ гардид.

Дар ҷаласа ҳисоботи муовинони раисони вилоятҳои Суғд, Хатлон, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон инчунин ҳисоботи раисони шаҳру наҳияҳои тобеи марказ оиди сари вакт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023” тариқи онлайн шунида шуд.

Ҳангоми баррасиии масъалаи мазкур захираи маводи сухт, аз ҷумла ангишт дар беморхонаҳо, муассисаҳои таълимию томактабӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, таълимгоҳҳо, боғчаҳои бачагона, хонаҳои куҳансолон ва маъюбон ба маводи сузишвории ангишт, ҳезум ҳамчунин таъмин намудани аҳолӣ ба маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ, таъмини риояи нерӯи барқ ва сарфакорона истифода бурдани он, саривақт ҷудо намудани маблағҳо барои таёр намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳру ноҳияҳо ба мавсими зимистонгузаронӣ ва захираи маводи ғизоии маҳсулоти аввал, маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқ ва дигар масъалаҳо мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Дар идомаи ҷаласа муовини Сарвазири мамлакат муҳтарам Усмонзода Усмоналӣ ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати дар амал намудани дастуру супоришҳои роҳбари Ҳукумат оид ба таъмини самарбахши соҳаҳои хоҷагии халқ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 ба масъулини ситод дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP