Ҳамдиёрони азиз!

   Имрӯзи Ваҳдати миллии мардуми Тоҷикистон 25- сола шуд. Ба ин муносиб Шумо ва мардуми ғаюри сарбаланди шаҳру деҳоти Кӯлобро самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, саодати рӯзгор ва сулҳу ваҳдати абадӣ орзумандам.

   Ҳар як халқу миллат дар таърихи худ руйдодҳое дорад, ки онҳоро дар солномаҳояш ба хатҳои заррин сабт намудааст. Албатта, мардуми тоҷик ҳам аз ҳумраи онҳо буда, санаҳои муқаддаси худро соҳиб аст. Дар миёни мардуми мо Рӯзи Ваҳдати миллӣ махсусан иди бузург маҳсуб меёбад ва ҳоло 25-умин солгарди онро таҷлил карда истодаем.

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала дахл ва таъкид намуданд, ки “Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории мо дастоварди бузург ва муқаддас мебошад. Зеро ин санаи муқаддас ҳамчун намунаи иттиҳоду ягонагии миллат заминаи бунёдии вусъат ёфтани корҳои ободонии Ватани азизмон- Тоҷикистонро фароҳам овардааст”.

   Барои насли калонсол, ки худ солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандиро пушти сар кардааст ва оқибатҳои хунини даҳшатбори онро бо чашмонаш дидааст, ҷиҳати ташвиқу тарғиби сулҳу субот ягон эҳтиёҷот нест. Вале баҳри насли ҷавону ояндасози Тоҷикистон, ки аз нақли падару бародар ё дигар сарчашмаҳо аз ин ҷанги хонумонсӯз  огаҳӣ ёфтанду меёбанд, дар хусуси таърихи начандон дури Ватан ҳарф задан, хизматҳои бузурги Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёдрас шудан, фикр мекунам зарурияти замон аст.

   Ҳамин тариқ ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми қарни гузашта натанҳо пояҳои давлатдории кишварро хароб карда буд, балки агар пеши роҳи он гирифта намешуд, имкон дошт Тоҷикистонро пора-пора ва аз ҳама мудҳиштараш аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест кунад. Яъсу ноумедӣ он қадар ҷомеаро фаро гирифта буд, ки аксарият ба фардои нек, боварӣ надоштанд. Ҳамин ҳолатро дида, шоири бедордили миллат Ашӯр Сафар бо ҳазор сӯзу гудоз гуфта буд:

   Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад,

   Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад.

   Ба бахти мардуми тоҷик дар Иҷлосияи XVI-уми тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қудрати сиёсӣ ба дасти Эмомалӣ Раҳмон гузашт. Пешвои муаззами миллат аз лаҳзаҳои аввалини давлатдорӣ, ба даст оварданаи сулҳу суботро масъалаи марказии фаъолияти хеш қарор доданд ва барои расидан ба ин ҳадаф чӣ ҷонбозиҳо ва чӣ гузаштаҳое накардаанд.    Билохира заҳматҳои шабонарӯзии Ҷаноби Олӣ самараи нек ба бор оварданд ва рӯзи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскави Федератсияи Россия Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Аз ҳамон рӯзу сол ин санаи муқаддас ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Бинобарин бо дили пур мегӯем, ки,  , Президенти   кишваар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон мебошанд ва маҳз бо туфайли ин абармарди дунёи сиёсат инак 25 сол аст, ки халқи тоҷик ва тоҷикистониён дар фазои сулҳу суботи комил умр ба сар бурда, ба корҳои ободонию созандагӣ машғул ҳастанд.

   Барқарор шудани сулҳу субот имкон дод, ки ҳаёти осоишта ҷараён бигирад ва давлату ҳукумат таҳти сарварии фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигоҳи худро пурра ба ҳалли масъалаҳи дохилӣ равона намуда, роҳҳои минбаъдаи тараққиёту такмили мамлакат кушода шавад. Мардум дар ҳамбастагии зич бо Роҳбарияти Олиии мамлакат ба корҳои ободонию созандагӣ сафабар гардида, дар як муддати кутоҳ қуллаҳои баланди муродро фатҳ намояд. Барномаҳои хеле калони рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёту иҷтимоиёт таҳияву тасдиқ ба тадриҷ амалӣ карда шаванд. Ҳазор корхонаҳои хурду миёна ва бузург, иншоотҳои муҳими инфрасохторӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор бигиранд.

   Хулоса рушди ҳамаҷонибаи мамлакат таъмин гардад ва дараҷаи некуаҳволии мардум сол аз сол боло равад. Дастоварду муваффақиятҳо, он қадар зиёду бузурганд, ки агар онҳоро феҳрист кунанд, ҷилд-ҷилд китобҳо таълиф мешаванд.

   Гуфтаҳои боло далели онанд, ки гарави ҳамагуна пешравиҳо сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ аст. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як фарди ин ҷомеа аст, ки ин неъматҳои бебаҳоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунанд ва нагузорад, ки касе онҳоро халалдор намоянд. Ҳамчунон, ки шоир фармудааст:

    Хуни дил хӯрдем то ваҳдат ба даст овардаем,

    Аз шикастанӣ, дасти ваҳдатро нигаҳ дорад Худо.

   Бори дигар 25 – умин солгарди иди Впҳдати миллиро ба ҳамагон табрику таҳниян гуфта, бароятон рӯзгори пурфайзи баракат ва сулҳу созгории абадӣ таманно дорам.

Иди Ваҳдати миллӣ муборак!

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP