Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тамоми сохтмоничиён ва сокинони бунёдкору созандаи шаҳри Кӯлобро ба Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон табрику муборакбод мегӯяд.
Шаҳрсозиву шаҳрдорӣ ва ободкорӣ дар тинату фитрати азалии миллати кӯҳанбунёди тоҷик ҷо дошта, намунаҳои олии он дар осори бисёрҳазорсолаи таърихи бостонӣ ва давраи нави эҳёи созандагиамон – марҳилаи 30 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон таҷассум ёфтаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба гузаштаи таърихӣ ва имрӯзи миллати тоҷик зикр намудаанд, ки “Миллати тоҷик аз азал ободкору созанда буд ва дар таърихи инсоният сохтмони зеботарин шаҳрҳоро аждодони мо бунёд ниҳодаанд”.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушду созандагӣ расид. Имрӯз аз баракати исқлолияту озодӣ тамоми гӯшаву канори кишвар баробар рушд карда истодаанд. Аз ҷумла дар шаҳри Кӯлоб оғози марҳилаи аввали бунёдкории саросариро метавон ба солҳои 2003-2006 нисбат дод. Зеро маҳз ҳамин солҳо бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, ки ба ифтихори истиқбол аз 2700-солагии Кӯлоби бостонӣ нақшаи нави бунёду азнавсозии шаҳрро тасдиқ намуда буданд, садҳо иншоот, аз ҷумла Муҷтамаи 2700-солагии Кӯлоб, Осорхонаи таъриху кишваршиносии Кӯлоб, Китобхонаи вилоятии ба номи С. Айнӣ, бинои нави Телевизиони Кӯлоб, Хонаи бахт, муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ва ғайраҳоро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Минбаъд, сокинони сарбаланди шаҳри Кӯлоб аз бунёдкориҳои Пешвои муаззами миллат рӯҳу илҳоми тоза гирифта, ба обод кардани деҳаву маҳалла, рушди инфрасохтор, таъмиру азнавсозӣ, бунёди иншооти нави маишиву хизматрасонӣ ва истеҳсолӣ оғоз намуданд.
Марҳилаи дуюми бунёдкорӣ дар шаҳри Кӯлоб ба истиқболи ҷашни муқаддаси давлатӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Дар ин марҳила, дар шаҳру деҳоти Кӯлоб бунёду азнавсозии 873 адад иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда буд, ки иҷрои нақша 917 номгӯро ташкил дод.
Марҳилаи сеюми созандагиву бунёдкорӣ дар шаҳри Кӯлоб аллакай оғоз гардида, ба истиқболи шоиста аз 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад. Дар ин марҳила, бунёду азнавсозии 462 иншоот ба нақша гирифта шуда бошад ҳам, сокинони бонангу номуси шаҳр аз ин ҳам зиёдтар баҳри ободӣ талош менамоянд. Дар доираи нақша-чорабинии мазкур аллакай 40 иншоот ба истифода дода шуда, сохтмони 8 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бомаром идома дорад ва то охири сол аз ин бештар иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
Дар ду марҳилаи бузурги бунёдкорӣ дар шаҳри Кӯлоб ва марҳилаи сеюм, ки ҳамагӣ бо шарофати сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидаанд, эъҷози дасти сохтмончиён аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистони соҳибистиқлолро дида метавонем. Ин пеш аз ҳама нишонаи ваҳдати саросарии миллати тоҷик аз файзу баракати истиқлолият ва суботу оромии кишвар мебошад.
Дар ин замина, метавон аз як қатор сохтмончиёни варзидае ном бурд, ки ҳаёти худро ба ободии шаҳри Кӯлоб бахшиданд. Инҳо Холов Ашӯр, Сангов Сайфиддин, Маҷидов Неъматулло, Рустамов Сафаралӣ, Ғафуров Раҳимҷон, Шарифов Кенҷа, Пираков Бобоҷон, Алиев Файзалӣ, Нозимов Давлат, Сафаров Давлат ва монанди инҳо сарсупурдагони касби худ буданд, ки имрӯз мардум аз эшон ҳамчун сохтмончиёни асил ёд мекунанд. Дар айни замон метавон аз шахсиятҳое ном бурд, ки ҳанӯз бо кору пайкори созандаи хеш шаҳри Кӯлобро обод карда истодаанд. Инҳо Мирзоев Акбар, Шарифов Ҳикмат, Раҳимов Ҳабибулло, Муродов Бобоҷон, Қурбонзода Амирхон, Мирзозода Низом, Зарифов Пирмад, Ҳасанов Озодӣ, Бобоев Аскар, Наимов Раҷабалӣ, Шарифов Раҳмоналӣ, Ғозиев Тоирхон, Ҳакимов Раҳмоналӣ, Шарифов Зариф, Саидов Усмон, Воҳидов Зайнулобидин, Ҳафизов Пулод, Шарифов Баҳодур, Шарифов Ҳоким, Холматов Зиёвуддин, Назарзода Нурулло, Шамсов Фаридун, Муродалиев Бахтиёр, Сафаров Бобовалӣ, Насимов Бобохон, Исломов Амир, Раҷабов Шарифхон, Ғайратов Шоҳизатулло, Ҳалимов Одина, Муродов Шариф, Давлатов Маҳмадёр, Мадиев Ҳикматулло, Одинаев Зуҳайлшо, Саидкомилов Зуҳуршо, Хоҷаев Ҷумъа, Шамсов Саидумар, Исохонов Каримхон, Ризвонов Исмон, Раҳимов Хайрулло, Абдуалимов Қурбоналӣ, Ҳасанов Шерматхон, Запутраев Олег Иванович, Парашук Владимир Александрович, Верховых Сергей Николаевич, Достиев Қурбон, Азизов Ҳисайн ва ғайраҳо буда, ҳамчун устодони касби худ дар соҳаи сохтмон соҳибмактаб мебошанд.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки дар марҳилаи нави рушди кишвари азизамон сохтмончиёни асил саҳми аз гузашта дида бештар гузошта, дар таърихи санъати сохтмонӣ саҳифаи пурифтихореро боз хоҳанд кард.
Бо ин таманниёти нек, бори дигар ҳамаи сохтмончиён ва мардуми созандаи шаҳри Кӯлобро ба Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон табрику муборакбод гуфта, ба Шумо саломатӣ, сарбаландӣ ва хонаободиро таманно менамоем.
Иди касбӣ муборак бошад, сохтмончиёни ободкори Ватан!
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP