Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша барои солимии ҷомеа, инчунин пешгирии интиқол ва пайдоиши бемориҳои сироятӣ тадбирҳои зарурӣ   меандешад.

    Ин навбат бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба хотири паҳн нагардидани бемориҳои сироятӣ маъракаи поккорӣ бомаром идома дорад.

    Ин тадбирҳо аз ҷониби сохтори марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз ҷумла корхонаи фаръии давлатии истеҳсолии истифодабарии манзил бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва таъмини солимии шаҳрвандон роҳандозӣ гардида, нахуст он дар ҷойҳои ҷамъшавии шаҳрвандон, кӯчаву хиёбон ва хонаҳои баландошёна гузаронида шуданд.

   Бояд гуфт, ки корҳои поккорӣ дар хонаҳои баландошёнаи маҳаллаҳои Борбад, Шамсиддин Шоҳин амалӣ карда шуда дар маҳаллаҳои Исмоили Сомонӣ, Ҳофизи Шерозӣ корҳо дар ин сат идома дорад. Безараргардонии навбатӣ дар кўчаву хиёбон ва маҳаллаҳои  шаҳри Кӯлоб бо фарогирии 80кг маводҳои гипохлориди натрий сурат гирифт, ки он барангезандаи бемориҳои сироятӣ дар муҳитро нобуд месозад.

 Тазаккур бояд дод, ки бо дастуру супоришҳои Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб минбаъд низ гузаронидани чунин корҳои безараргардонӣ дар дигар маҳаллаҳо низ роҳандозӣ карда мешавад.

Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP