Ба таваҷҷӯҳи ҳаводорон, дӯстдорон ва мухлисони Дави миллӣ расонида мешавад, ки бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007, №225 ” Дар бораи Дави миллӣ” 16 майи соли 2021, дар сартосари кишвар Дави миллӣ бахшида ба Рӯзи “Ҷавонони Тоҷикистон” баргузор мегардад.

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки санаи 16.05.2021 аз соати 6:00 то 10:00 аз назди ҶДММ-Кооператор то назди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Дави миллӣ дар назар гирифта шудааст.

Аз ин лиҳоз, иштироки фаъолонаи ҳар яки шуморо дар чорабинии мазкур баҳри таъмини солимии ҷомеа, омавияти варзиш ва таҳкими идеяи миллати солим бесаброна интизорем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP