Мо халқи тоҷик аз гузаштаи бостон бо маданияти воло ва завқи баланди зебоипарастии худ масъулияти бузурги тамаддунсозиро ба уҳда доштем. Аз ин рӯ, ҳамчун сокини Тоҷикистони соҳибистиқлол ифтихор мекунем, ки таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора зимоми масъулияти комили ватансозиро ба даст гирифта, кишвари маҳбубамонро ба макони биҳиштосо табдил дода истодаем.
Дар доираи 30 соли соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳи рӯзафзуни муҳтарам Пешвои муаззами миллат шаҳри Кӯлоб, дар радифи дигар гӯшаву канори кишвар, симои худро ба кулли дигар кард. Бунёди боғу гулгаштҳо ва иншооти нави замонавӣ шароити кору зиндагӣ ва осоишу фараҳмандиро барои ҳар яки мо фароҳам овард.
Имрӯз мо сокинони шаҳри бостонии Кӯлоб аз иқдоми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба шаҳри гулрез табдил додани пойтахти кишвари азизамон – шаҳри Душанбе рӯҳу илҳоми тоза гирифта, онро бо хушҳолӣ истиқбол менамоем.
Бо пайравӣ аз ин ташаббуси наҷибонаву созанда аз ҳар як сокини шаҳр даъват менамоем, ки биёед мо низ шаҳри Кӯлобро ба шаҳри гулрез мубадал созем. Деҳаву маҳалла ва кошонаи худро ободу зебо намоем ва дар тозагиву сабзу хуррамгардонии диёрамон саҳми арзандаи худро гузорем.
Мо бо шинонидани гулҳои гуногунранги садбарг, ки ба табиати ватанамон мувофиқ аст, аз як тараф назди манзилу коргоҳ ва хиёбону кӯчаҳоямонро зебо гардонем, аз сӯи дигар, дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маърифати баланди халқамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунем.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки мо мардуми бонангу номус ва соҳибмаърифати шаҳри Кӯлоб аз иҷрои ин масъулияти бошараф мебароем ва шаҳри азизамонро ба гулзори ҳақиқӣ табдил медиҳем.
Дар охир, барои сарбаландона анҷом додани чунин ниятҳои созандаамон, ба ҳар яки Шумо ҳамдиёрони гиромӣ барору муваффақият ва дар ҳаёту фаъолиятатон комёбиву саодатмандиро таманно мекунем.