Аз 1 июн дар саросари кишвар расман мавсими оббозӣ оғоз шуд. Мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири таъмини амнияти шаҳрвандон пайваста таъкид мекунанд, ки дар соҳили обҳо ва ҳангоми шиноварӣ қоидаҳои бехатариро риоя кунанд.
ТАЛАБОТҲО БА ҲОЛАТИ ОБ ВА ШАРОИТҲОИ БЕҲДОШТИИ ҲАВЗАҲОИ ШИНОВАРӢ
Муҳити асосӣ барои шиноварӣ об ба ҳисоб меравад. Аммо сифати об, покии он аз ҳар гуна олудагиҳо дар ҳавзҳои шиноварӣ бояд ҷавобгў ба талаботи беҳдоштӣ бошад.
Дар лагерҳои тобистонаи мактабӣ бояд ҳудуди барои оббозӣ муқарраршуда ҷиҳати омўзонидани бачаҳои синни то 9 сола набояд аз 0,7 м ва барои синни 9-11 сола на зиёда аз 1,2 м жарф бошад.
Дар ҷойҳои оббозӣ бояд дар умқи 1,2-1,3 м ченчӯбҳо гузошта шаванд.
Сарҳадҳои мавзеъи оббозӣ бояд бо пойобнамои (пойобнамо - нишони лангардор, ки чойҳои пастоби дарьё, ҷои андохта шудани тӯри моҳӣ ва ғайраро нишон медиҳад) ранги зарди норинҷӣ ишора шуда бошанд.
Мавзеъҳои истироҳатии умумӣ бояд дар масофаи на камтар аз 500 м аз маҷрои ҷоришавии об ҷойгир шуда, фаромад ба соҳили об бояд ҳамвор бошад.
Cифати оби ҳавзаҳо бояд ҷавобгўи талаботҳои беҳдоштӣ барои истифодаи маишию маданӣ муқарраршуда бошад.
Дар соҳили мавзеъҳои оббозии умумӣ бояд дар масофаи ҳар як 50 м ва на дуртар аз 5 м аз сатҳи об лавҳаҳои дорои халқаҳои наҷот ва дигар воситаҳои наҷот гузошта шаванд. Дар ҳалқаҳо бояд навиштаҷоти «ба сӯи ғарқшудаистода парто» ва дар тарафи дигар номи соҳили фароғатӣ сабт карда шавад.
Дар соҳилҳои фароғатӣ ва истироҳатгоҳҳои умумӣ дар назди об ҳатман бояд хоначаҳо барои расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба ҷабрдидагон ва ҷароҳатбардоштагон ва навбатдории доимӣ бо таҷҳизоти зарурӣ ва маводҳои доруворӣ ташкил карда шавад.
Дар соҳилҳои фароғатӣ ва мавзеъҳои истироҳатии умумӣ бояд лавҳаҳои омўзишӣ ва огоҳкунанда аз ҳолатҳои ногувор дар об дар ҷойҳои дидашаванда насб карда шаванд.
Масъулияти ташкили шароитҳои зарурии мувофиқ ба талаботҳои муқарраргардида ба зиммаи соҳибмулкон ва роҳбарони соҳилҳои фароғатӣ ва муассисаҳои истироҳатии дорои объектҳои шиноварӣ вогузор карда мешавад.
ВОЛИДОНИ МУҲТАРАМ! ИН БАХШ БАРОИ ШУМОСТ!
Фарзандон меваи умри шумоянд ва ҳифзи ҷони онҳо ҳифзи ояндаи шумост. Ҳамчунин бехатарии онҳо дар обҳо ТАНҲО АЗ ХУДИ ШУМО ВОБАСТА АСТ, НА АЗ КАСИ ДИГАР!
Маъмулан тифлон тарсе аз об надоранд ва хатар ба ҷонашонро ҳам эҳсос намекунанд.Аз ин рӯ, беибо ва истиҳола вориди об мешаванд. Бахусус касоне, ки синнашон ба синни мактабӣ нарасидааст, хатарро ҳисс намекунанд. Ин калонсолонанд, ки бехатариву амнияти онҳоро бояд таъмин созанд. Ин ҳам боз дар ҳолест, ки тифлон хеле заъифанду наметавонанд худро дар баробари хатарҳои эҳтимолӣ ҳифз кунанд. Онҳо метавонанд дар сонияҳои башумор ғарқ шаванд ва бо ин волидони худро дар мотам нишонанд. Пас хуб мешавад агар тибқи мақоли “Илоҷи воқеъа қабл аз вуқуъ” амал кунед ва тифлону наврасони худро беназорат нагузоранд.
Болотар бахше аз ин қоидаҳои бехатарӣ дар обро ном бурдем ва ҳоло баъзе ишораҳову таъкидҳои дигар барои таъмини амнияти тифлакони шумо дорем.
Пеш аз оббозӣ бояд ҳатман аз назорати духтур гузашт.
Барои оббозӣ ва эҳтиёт аз ҳар гуна хатарҳои эҳтимолӣ хуб мешуд агар аз камзӯлҳои бехатарӣ дар обҳо истифода кунед.
Вақте фарзандатон дар об аст, аз вай дур нашавед. Аз ӯ чашм наканед, зеро тифлаконро об дар камтарин сонияҳо ба зер мекашад.
Кӯшиш кунед фарзандони ноболиғи худро бо худ ба заврақҳо, дучархаҳои обӣ ва дигар воситаҳои шинокунанда нанишонед, зеро ин метавонад хатарнок бошад. Аммо агар рафту зарур шуд онҳоро бо худ гиред, пас қаблан дар соҳил барояшон камзӯли наҷот пӯшонед.
Бо тифлонатон дар маконҳое махсус барои оббозӣ ҷудошуда, ки медонед он ҷо шахсони наҷотдиҳанда ҳузур доранд ва нуқтаи тиббӣ мавҷуд аст, шиноварӣ кунед.
Агар шумо бо бачаҳо дар табиати боз оббозӣ мекунед, на дар ҳавзҳои шиноварӣ, пас ҷоеро интихоб кунед, ки ҷараёни об на бештар аз 0,5 метр дар як сония бошад. Аммо аввал умқи онро худатон санҷед, бовар ҳосил кунед, ки ягон ашёи дигаре, ки монеъи шиноварӣ шавад ва ё хатар дошта бошад, вуҷуд надорад. Аммо дар ин ҳол ҳам ҳамеша ҳамроҳ бо хурдсолон бошед.
Ба атфоли хурдсол иҷозат надиҳед, ки дур аз соҳил шиноварӣ кунанд, бахусус агар ин макон барои шумову онҳо ноошно бошад.