Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини талаботи аҳолии кишвар бо ангишт дар давраи зимистони солҳои 2022-2023, инчунин ҷиҳати ба танзим даровардани нархи ин намудани маводи сӯхт дар бозори истеъмолӣ аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 200 тонна ангишти хушсифати ватанӣ тариқи 6 нақлиёти боркаш ба шаҳри Кӯлоб ворид карда шуд.
Ҳоло фуруши ангишт бо нархи хело арзон –як килограм 70 дирам дар ҳудуди мошинбозори шаҳри Кӯлоб оғоз гардид. Бояд гуфт, ки ярмаркаи фурӯши маҳсулоти мазкур санаи 29-30 октябри соли равон идома меёбад.