Имрӯз 4 майи соли равон дар маҷлисгоҳи Бахши қароргоҳи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи корӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва муовинони соҳавии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, мудирони шуъба ва бахшҳои маориф, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, котибони мақомоти васояту парастории шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, дар мавзӯъи «Пешгирии хурофотпарастӣ ва ифротшавии ҷомеа» бо иштироки Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохила дар вилояти Хатлон, Генерал-лейтенанти милитсия - Назарзода Шариф, муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, баргузор гардид.

            Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ҷаласаро оғоз намуда, ҳадафи баргузории чорабинии имрӯзаро ба ҳозирин шинос намуд.

      Ҳамзамон таъкид доштанд, ки ҷаласаи имрӯза дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи вохӯрии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 9 марти соли 2024 бо фаъолони кишвар доир гардид, ки мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

     Имрӯз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон ва нақшачорабиниҳои тасдиқшуда бо ҷалби гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби вакилон, собиқадорон, фаъолон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонон, занон, танзим ва ҷашну маросимҳо ва дигар сохторҳои марбутаи шаҳрию минтақавӣ мунтазам вохуриҳо бо аҳолӣ баргузор гардида истодааст, ки ҳадаф аз вохуриҳои мазкур ин пеш аз ҳама пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, фарҳанги бегона, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", " Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон", "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, ташвиқу тарғиби дастовардҳои замони истиқлолият, тарғиби либоси миллӣ, миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ гузоранида мешавад.

           Зимни баромад таъкид доштанд, ки вохурии имрӯза боз як бори дигар барои ҷоннок намудани вохуриҳо мусоидат намуда, бо таъсиси гурӯҳҳои корӣ дар якҷоягӣ метавонем нисбати чунин амалҳои номатлуб ва сари роҳи ҳамагуна нофаҳмиҳо гирифта шавад.

         Сипас, Назарзода Шариф доир ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки ироа карда буданд, натиҷагирӣ намуд. Аз ҷумла қайд намуд, ки мақсади асосии ин ҷаласа пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои ифротӣ, тарбияи дурусти онҳо аз тарафи оила, ҷомеа ва мактаб, тарғибу ташвиқи фарҳанги либоспӯшӣ, барҳам додани хурофотпарастӣ, исрофкорӣ дар тӯю маросими миллӣ, назорати ҷиддӣ дар рафтору кирдори фарзандон, махсусан онҳое, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар қарор доранд, роҳандозӣ шудааст.

            Инчунин, доир ба содиршавии ҷиноят аз тарафи занон ва ноболиғон дар вилояти Хатлон дар 3 моҳи сипаригардида нисбати соли гузашта натиҷагирӣ намуд.

               Абдусалом Анзурат зимни суханронӣ оид ба баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ байни ҷавонон, сафарбарии онҳо ба хизмати ҳарбӣ, эмин нигоҳ доштани оинҳои миллӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, ҷалби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба макотиби олӣ ва миёнаи касбӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, аз байн бурдани либоси ба фарҳангу оини мо бегона, ба касбу шуғл фарогирии ҷавонон, идома додани тарғиби либоси миллӣ таҳти «Тоҷикона мепӯшем», ибрози назар кард.

             Дар ҷаласаи мазкур собиқадорон ва фаъолони минтақа фикру назари худро оид ба масъалаи мубрами рӯз баён намуда, якчанд таклифу пешниҳод намуданд. Инчунин аз ҷониби собиқадорони соҳаҳои гуногуни шаҳри Кӯлоб аз ҷумла Ҳақназарзода Зулайхо ва Валиева Саъбагул баромад намуда, изҳор доштанд, ки мо дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр миёни аҳли ҷомеа ҳама он донишу таҷрибаи андӯхтаи худамонро ба мардум аз ҷумла насли ҷавони имрӯза корҳои тарғиботиву ташвиқотиро роҳандозӣ намуда истодаем ва ҳамеша барои ин Ватан хизмат менамоем.

       Дар интиҳо, роҳбарияти шаҳри Кӯлоб бори дигар аз ташкил ва баргузории чунин ҷаласаи саривақтӣ ба роҳбарияти вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид изҳори миннатдорӣ намуда, изҳор дошт, ки модарону хоҳарон, бонувон ва мардуми сарбаланди шаҳри Кӯлоб ҳамеша ҷонибдори сиёсати созандаи Пешвои хирадсолори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд ва ҳамеша ин сиёсатро татбиқ намуда, ҷиҳати расидан ба тамоми ҳадафҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талош намуда, содиқонаву софдилона хизмат менамоем.

      Ҳамчунин, дар ҷамъбасти ҷаласа қарорҳои дахлдор оид ба таъсиси гурӯҳҳои корӣ «Усули хона ба хона» оид ба расонидани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар дар мавзӯҳои хурофопарастӣ, исрофкории барзиёд зимни баргузории ҷашну маросими миллӣ ироа карда буданд, қабул карда шуд.

                                                                                                                                                                           Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP