Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо иштироки раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ва муовини якуми сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон полковник Ҳалимзода Миралӣ ҷиҳати дастрас намудани тахтасангҳои оҳану бетонӣ ба миқдори 400 адад аз қисми ҳарбии 45085-и Кумита ба шаҳри Кӯлоб бо техникаҳо ва механизмҳои зарурӣ кашонида ба мавзеъҳои хавфноки шаҳр ҷиҳати пешгирии офатҳои табиӣ оварда шуданд.

         Тавре иттилло дода будем бо дастури раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид аз санаи 29 апарели соли ҷорӣ бо иштироки Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва намояндагони вилояти Хатлон ҷаласаҳо баргузор шуда, аъзоён ва масъулини соҳаҳои дахлдор ҷиҳати анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеъҳои хавфноки шаҳру деҳоти Кӯлоб вазифадор гардида буданд. Инчунин, тибқи Амри раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи МИҲД-и шаҳри Кӯлоб аз 30 апрел то 4 майи соли равон дар мавзеъҳои хавфнок машқи ғайринақшавӣ ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, тоза намудани сойҳо аз сангу шағал бо ҷалби зиёда аз 30 техника ва механизмҳои зернизомҳои вазифавии Низоми ягонаи давлатии шаҳри Кӯлоб, инчунин ҳашарҳои дастаҷамъонаи сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб то имрӯз бо роҳбарии Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб мунтазам идома дорад.

      Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб зимни суҳбат бо масъулини дахлдор ҷиҳати дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид изҳори миннатдорӣ намуда, зимнан таъкид намуданд, ки мо масъулин дар доираи вазифаҳои ба зимма доштаамон масъулияти баланди ватандӯстӣ нишон дода, содиқонаву софдилона хизмат намоем.

                                                                                                                                                                                   Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP