Имрӯз бо иштироки раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, муовини якуми сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании  вилояти Хатлон полковник Њалимзода Миралӣ ва намояндагони дигар ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ аз рафти корҳои соҳилмусатҳкамкунӣ аз мавзеъҳои пули мошингузари самти Фурудгоҳ ва Шураксой дидан намуда, ба масъулин ҷиҳати бо сифат анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ маслиҳатҳои муфид доданд.

       Ёдовар мешавем, ки корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бевосита ҷиҳати анҷом додани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид оид ба пешгирӣ намудани офатҳои табиї аз ҷониби Комиссияи ҳолатҳои фавқулода мунтазам корбарӣ карда мешавад. Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб мунтазам аз рафти корҳои  соҳилмустаҳкамкунӣ ва бехатар анҷом додани онро назорат намуда, ҷиҳати босифат анҷом додани он ба масъулин дастуру супоришҳои  қатъӣ доданд.

      Мавриди зикр аст, ки дар мавзеъҳои болозикр пеш аз ҳама тоза намудани селпарто ва ҷуйборҳои обрав, хобонидани тахтасангҳои оҳану бетонӣ ва ба роҳ мондани корҳои заминӣ, барқарорсозии назди пул ва баровардани сангу шағал инчунин тоза ва бо тариқи ҳашарҳои дастаҷамъона баровардани партовҳо сурат гирифт ва ин корҳо ҳануз низ дар ҷойҳои  муқарраргардида идома дорад. Дар мавзеъҳои осебпазир то имрӯз зиёда аз 30 техникаҳои лозима ҷалб гардиданд.

     Ҳамзамон, бо иштироки Раис ва аъзоёни Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва  вилояти Хатлон дар дарёчаи Шураксой аз ҷониби сокини маҳаллаи Хатти роҳ худсарона дар канори сойи мазкур мағозаи хӯроквориро роҳандозӣ намудааст, ки тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  қатъиян манъ мебошад. Инчунин, барои тоза ва бехатар намудани сойи аз сангу шағал барои  техникаҳои лозима хатар эҷод менамуд, ки наметавонистанд сангу шағалро аз сой берун бароранд. Бояд қайд намоем, ки худи ҳамин рӯз бо иштироки аъзоёни Комиссияи шаҳрӣ ва вилоятӣ девори сохташуда ба ҳолати аввалааш баргардонида шуд. Техникаҳои лозимӣ озодона метавонанд сойро аз сангу шағал тоза намуда, ҷиҳати пешгирӣ аз офатҳои табиӣ мусоидат намоянд. Инчунин бо дастури бевоситаи раиси Комиссия ҷуйборҳои ду тарафи роҳ аз нав таъмир  карда шуда истодаанд.

      Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба масъулин изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид доштанд, ки бояд мо боз ҳам дар сатҳи пешгирӣ аз офатҳои табиӣ тамоми чораҳои дахлдорро андешем.

                                                                                                                                                                                  Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP