- Ҳамдиёрони азиз!
- Ситоди шаҳрӣ барои ҳар чӣ зудтар бартараф намудани оқибатҳои сели шадид, ки рӯзи 11-ми май ба як қатор маҳаллаҳои зисти шаҳри Кӯлоб харобиҳо овардааст, чунин муроҷиат менамояд:
Ба таваҷҷӯҳи ҳаводорон, дӯстдорон ва мухлисони Дави миллӣ расонида мешавад, ки бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007, №225 ” Дар бораи Дави миллӣ” 16 майи соли 2021, дар сартосари кишвар Дави миллӣ бахшида ба Рӯзи “Ҷавонони Тоҷикистон” баргузор мегардад.
Бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт, ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор карда шавад.