Муроҷиатномаи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб ба сокинони шаҳри Кӯлоб
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Мардуми зафарпешаи шаҳру деҳоти Кӯлоб, хусусан, кишоварзони номдори ин сарзамини бостонӣ бо меҳнати садоқатмандонаи худ, ҷиҳати истеҳсоли маводи гуногуни ғизоӣ ва гузоштани саҳми муносибу назаррасашон дар таъмини амнияти озуқавории кишвар шуҳратёр буданд ва ҳастанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир боиси эҷоди хатарҳои гуногун, аз ҷумла коҳиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус маводи ғизоӣ гашта, бисёр кишварҳои оламро ба эҳтимолияти буҳрони озуқа рӯ ба рӯ кардааст ва омили болоравии нархи маҳсулоти хурокворӣ дар бозори ҷаҳонӣ шудааст. Бинобар ин ҳоло зарурият ба миён омадааст, ки ҳар як фарди ин ҷомеа пайи бартараф кардани мушкилоти ҷойдошта шабонарӯзӣ меҳнат кунад.
Бо назардошти гуфтаҳои боло ба кулли сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб муроҷиат ва даъват ба амал меорем, ки ба масъалаи захираи маводи озуқа аҳамияти аввалиндараҷа дода, ҳар як ваҷаб замини киштбобро самаранок истифода баранд. Ҳоло ки айни кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ мебошад, дар заминҳои наздиҳавлигию президентӣ, хоҷагиҳои ҷамоавию деҳқонӣ, майдонҳои ҳудуди корхона ва ташкилоту муассисаҳо, парвариши ғалладоналубиёгиҳо, сабзавот ва дигар маводҳои ғизоиро муташаккилона ба роҳ монанд. Чунки тибқи ояндабинии коршиносони Созмони Миллали Муттаҳид вазъи иқтисодии ҷаҳон имсол ва соли 2023 боз ҳам мушкилтар гардида, шумораи одамоне, ки ба хатари гуруснагӣ дучор мешаванд, ба 220 миллион мерасад. Азбаски Ҷумҳурии Тоҷикистон узви ҷудонашавандаи ҷомеъаи ҷаҳонист, аз хатари чунин буҳрон имкони дар канор монданро надорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо фаъолони вилояти Хатлон рӯзи 18 июни соли 2022 дар ноҳияи Данғара аз вазъи ба вуҷуд омадаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуданд, ки корхона, ташкилоту муассисаҳо ва ҳар як оила бояд дар фикри таъминоти худ бошанд ва барои на кам аз ду сол маводи ғизоиро захира намоянд. Кӯшиш кунем, ки бахусус дар фасли тирамоҳу зимистони дар пеш истода ба танқисӣ дучор нашавем ва муҳтоҷӣ накашем.
Бо назардошти ҳамин дастурҳои Пешвои миллат ба сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб тавсия дода мешавад, ки ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдоштаро самаранок истифода намуда, бо истифода аз тухмиҳои хушсифат баҳри руёнидани се-чор ҳосил ва дар ин замина захира намудани озуқа барои ду соли оянда ҷидду ҷаҳди зиёд кунем. Хушк намудани мевагиҳо ва захираи онҳо, аз сабзавоти тару тозаи мавҷуда тайёр кардани консерваҳо, барои эҳтиёт захира намудани гандум ва ғаллалубиёгиҳо ҳам танҳо ба манфиати кор буда, ҳамзамон роҳи ҳалли мушкилоти маводи ғизоӣ ҳангоми зарурият ба ҳисоб мераванд.
Вазъияти баамаломада тақозо дорад, ки натанҳо кишоварзону боғдорон, чорводорон ва дигар кормандони соҳаи кишоварзӣ, балки тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри ҳифзи амнияти озӯқавории мамлакат, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ, истифодаи оқилона ва самараноки замин ҳиссагузор бошанд.
Сокинони сарбаланди шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳамеша анъанаи неки ниёгони худро дар бобати меҳнати босамару босубот ва созандагиву бунёдкорӣ сармашқи кори худ мекарданд ва боварии куллӣ дорем, ки минбаъд низ сарҷаъму муттаҳид барои рушди Ватани азизамон, бахусус таъмини амнияти озуқавории он саҳми арзанда ва назарраси худро мегузоранд.
Ҳамзамон мутмаинем, ки ин мардуми ғаюру баномус дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ободонии манзил ва маҳалли зисти худ, тозагии гирду атрофро вазифаи аввалиндараҷашон медонанд ва бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ ин ҷашни муқаддаси миллатро пешвоз мегирем.
Муроҷиатнома дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, даъвати шашум, 24 июни соли 2022 қабул шудааст.
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ КӮЛОБ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
1. Сармутахассиси шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб - 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ - 1131 сомонӣ;
2. Сармутахассиси Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб - 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ - 1131 сомонӣ;
3. Сармутахассиси Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб - 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ - 1131 сомонӣ;
4. Сармутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб - 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ - 1131 сомонӣ;
5. Сармутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб (оид ба соҳаи коммуналӣ) - 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ - 1131 сомонӣ;
6. Мутахассиси пешбари бахши саноат, энергетика ва нақлиёту коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб - 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансабӣ - 924 сомонӣ;
7. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Кӯлоб - 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1028 сомонӣ;
8. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Зарбдор - 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1028 сомонӣ;
9. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Зарбдор - 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1028 сомонӣ;
10. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Зиракӣ - 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1028 сомонӣ;
11. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Кӯлоб
- 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансабӣ – 841,80 сомонӣ;
12.Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Зарбдор - 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансабӣ – 841,80 сомонӣ;
13. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Зиракӣ - 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансабӣ – 841,80 сомонӣ;
14. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Даҳана - 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансабӣ – 841,80 сомонӣ;
15. Мутахассиси пешбар оид ба соҳаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Зиракӣ - 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансабӣ – 841,80 сомонӣ;
16. Мутахассиси пешбари соҳаи кишоварзии Ҷамоати деҳоти Даҳана - 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансабӣ – 841,80 сомонӣ;
17. Мутахассиси пешбар оид ба соҳаи андози Ҷамоати деҳоти Зарбдор
- 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансабӣ – 841,80 сомонӣ;
18. Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Кӯлоб - 1 ҷой (категорияи ҳафтум), маоши мансабӣ - 690 сомонӣ;
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда:
- ариза ба унвони Раиси шаҳр;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ
надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 0,38УЕ;
- нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);
- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Талаботи тахассусӣ барои
ишғоли мансаби сармутахассис
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои
ишғоли мансаби мутахассиси пешбар
- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
-малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои
ишғоли мансаби мутахассис
- таҳсилоти олии касбӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
-малакаи кор бо компютер.
Суроға ва мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
Телефон: (8-33-22) 2-29-06, 2-28-26, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб;
Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун 21 рӯз аз рӯзи нашрияҳои расмӣ.
Баррасии ҳуҷҷатҳо 1 ҳафта баъд аз 21 рӯзи қабули ҳуҷҷатҳо
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
ТАВАҶҶӮҲ! ТАВАҶҶӮҲ! ТАВАҶҶӮҲ!
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ КӮЛОБ ИТТИЛОЪ МЕДИҲАД, КИ БО МАҚСАДИ ИҶРОИ САМАРАБАХШИ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ 3 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2022,#АП-155, ҶИҲАТИ АМАЛИСОЗИИ "БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ" (СОЛҲОИ 2020-2040) ҶИҲАТИ РУШДИ ТАФАККУРИ ТЕХНИКӢ,ВАСЕЪ НАМУДАНИ ҶАҲОНБИНИИ ИЛМӢ ,ДАСТРАСӢ ПАЙДО НАМУДАН БА ТЕХНИКАВУ ТЕХНОЛОГИЯ, ҶАЛБИ БЕШТАРИ ХОНАНДАГОНУ ДОНИШҶӮЁН ВА ДИГАР ҚИШРҲОИ ҶОМЕА БА ОМӮЗИШИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ,ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ, ИНЧУНИН ДАРЁФТИ ИСТЕЪДОДҲОИ НАВ САНАИ 26 УМИ МАЙ СОЛИ 2022 ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФТ"-РО ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ ДОИР МЕГАРДАД.
ИТМИНОНИ КОМИЛ ДОРЕМ, КИ ОЗМУН ДАР САТҲИ БАЛАНД ТИБҚИ НИЗОМНОМАИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ИЛМ- ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ" ДОИР ХОҲАД ГАШТ.