Ба таваҷҷуҳи истиқоматкунандагони маҳаллаи Сино, Навканд, Фирдавсӣ, Офтобрӯя, Маҳмадалӣ Ҳакимов, Хати роҳ, Қурбон Зардаков, Даминзода, Хати роҳ ва кӯчаи Раҳимзодаи шаҳри Кӯлоб расонида мешавад, ки бо сабабҳои бурдани корҳои таъмирӣ ва пешгирӣ аз эҳтимоли офати таббӣ аз 10 май то -11 май соли равон таъмини оби нӯшокӣ қатъ гардонида мешавад.
Сокинони аз ҷониби корхонаи обу канализатсияи шаҳри Кӯлоб тавасути мошинҳои обкаш бо оби нӯшокӣ таъмин мегардад.
1. Сармутахассиси Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1249 сомонӣ;
2. Сармутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1249 сомонӣ;
3. Сармутахассиси дин танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати днҳоти Зиракӣ – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1249 сомонӣ;
4. Сармутахассиси дин танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати днҳоти Кӯлоб – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1249 сомонӣ;
5. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Кӯлоб- 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1249 сомонӣ;
6. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Зарбдор- 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1249 сомонӣ;
7. Сармутахассис оид ба соҳаи омори Ҷамоати деҳоти Зиракӣ-1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1249 сомонӣ;
8. Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Зарбдор – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1249 сомонӣ;
9. Мутахассиси пешбар оид ба соҳаи кишоварзии Ҷамоати деҳоти Даҳана – 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансабӣ – 973 сомонӣ;
10. Мутахассиси пешбар оид ба соҳаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Зиракӣ – 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансаби 973 сомонӣ;
11. Мутахассиси пешбар оид ба соҳаи андози Ҷамоати деҳоти Зарбдор – 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансаби 973 сомонӣ;
12. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Кӯлоб – 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансаби 973 сомонӣ;
13. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Зиракӣ – 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансаби 973 сомонӣ;
14. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Зарбдор – 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансаби 973 сомонӣ;
15. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Даҳана – 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансаби 973 сомонӣ;
16. Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Даҳана – 1 ҷой (категорияи ҳафтум), маоши мансаби 759 сомонӣ;
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда:
- ариза ба унвони Раиси шаҳр;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ
надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 0,38УЕ;
- нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);
- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома дар бораи надоштани доѓи судӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Талаботи тахассусӣ барои
ишғоли мансаби сармутахассис
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои
ишғоли мансаби мутахассиси пешбар
- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
-малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои
ишғоли мансаби мутахассис
- таҳсилоти олии касбӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
-малакаи кор бо компютер.
Суроға ва мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
Телефон: (8-33-22) 2-29-06, 2-28-26, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб;
Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун 21 рӯз аз рӯзи нашрияҳои расмӣ.
Баррасии ҳуҷҷатҳо 1 ҳафта баъд аз 21 рӯзи қабули ҳуҷҷатҳо
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба
андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ КӮЛОБ
БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ЗЕРИН
ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
Мо халқи тоҷик аз гузаштаи бостон бо маданияти воло ва завқи баланди зебоипарастии худ масъулияти бузурги тамаддунсозиро ба уҳда доштем. Аз ин рӯ, ҳамчун сокини Тоҷикистони соҳибистиқлол ифтихор мекунем, ки таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора зимоми масъулияти комили ватансозиро ба даст гирифта, кишвари маҳбубамонро ба макони биҳиштосо табдил дода истодаем.