Имрӯз дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, ки дар он  масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр инчунин роҳбарону намояндагони сохторҳои марбута ва фаъолон иштирок доштанд.

Дар ҷаласа масъалаҳои мубрами рӯз, ҳолати риоя ва иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм», «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» ва “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025” дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Кӯлоб дар давраи соли 2023 ва 3 моҳаи аввали соли 2024 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 18 октябри соли 2022 дар Конфронси байналмиллалии сатҳи баланд зери унвони “Ҳамкории байналмиллалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” суханронӣ намуда, қайд карданд, ки Тоҷикистон ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва амалиёти густурдаи ифротиву террористӣ рӯбарӯ гардида буд. Имрӯз мо бо итминони комил изҳор медорем, ки ба шарофати ваҳдату дастгирии мардум ва сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар аз вартаи он фоҷеа раҳо ёфт. Аз ин рӯ, мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хатар ва пайомадҳои ин зуҳуроти ниҳоят харобиовар ҳушдор медиҳем.

Дар идома фаъолияти прокуратураи шаҳри Кӯлоб дар давраи соли 2023 ва 3 моҳаи аввали соли 2024 натиҷагирӣ шуда, таъкид карда шуд, ки аз ҷониби роҳбарият ва кормандони прокуратураи шаҳри Кӯлоб бо мақсади пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноятҳо, таҳдиду хатарҳои муосири терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ, ҷинояткориҳои дигари муташаккили фаромиллӣ ва таъмин намудани амнияти мудофиавии кишвар мунтазам дар ҷамоатҳои деҳоту маҳаллаҳо, масҷидҳо корхонаву ташкилотҳои дар шаҳри Кӯлоб ҷойдошта бо зиёиёну аҳолӣ ҷиҳати пешгирӣ ва муқовимат бо экстремизму терроризм, муайян намудани саркардагони пайравону аъзои гуруҳҳои ифротӣ, ҷоннок намудани оғози парвандаҳои ҷиноятӣ, нисбати ин гуна шахсони ифротгаро, дар ин замина муайян намудани маблағгузории онҳо дар амалӣ намудани корҳои ғайриқонунӣ, ки ба манфиатҳои миллӣ таҳдид мекунад, инчунин оид ба хурофотпарастию рафтори ҷавонон, хусусан онҳое, ки мунтазам ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар сафар мекунанд суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.

Дар муҳокимаи мавзуҳои баррасишуда аъзои Шуро ва дигар иштирокчиён фаъолона иштирок намуда, фикру андеша ва таклифҳояшонро иброз намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP