Дар доираи омодагиҳо ҷиҳати истиқбол аз 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб корҳои созандагию бунёдкорӣ бо маром идома дорад.
Дар доираи нақшачорабиниҳои болозикр аз ҷониби соҳибкорони маҳаллии деҳаи Пистамазори Ҷамоати деҳоти Зиракӣ дар доираи сиёсати созандаву роҳнамунсози Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сокинони ин деҳа роҳҳо сангфарш, истгоҳи замонавӣ, майдончаи варзишӣ, сутунпояҳои бетонӣ, чароғонкунӣ ва дигар корҳои ободонӣ бо маром идома дорад. Имрӯз дар доираи дастуру супоришҳои раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр бо иштироки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва аҳолии деҳаи Пистамазор як қатор иншоотҳои сохташуда ба истифода дода шуданд. Воқеан, дар замони соҳибистиқлолӣ ва амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як деҳаҳои дурдасттарин иншоотҳои соҳаҳои мухталиф барои сокинон ба истифода дода мешавад, ки ин аз таваҷҷӯҳи беандозаи Роҳбари давлат гувоҳӣ медиҳад. Имрӯз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тамоми масъулияти худро равона менамояд, ки дар тамоми деҳаҳои ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншоотҳои гуногунро барои сокинон ба истифода диҳад.

Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аз саҳмгузорӣ ва татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ҳар як соҳибкори бонангу номус ва ватандӯсти шаҳри Кӯлоб, изҳори сипос менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP