Дар замони соҳибистиқлолӣ рушди бемайлони соҳаҳои мухталифи ҷомеа таъмин гардида, ҳамзамон марҳила ба марҳила тақвият ёфта истодаанд.
Шаҳри Кӯлоб бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ободу зебо гардида, шароити хуби фаъолияту соҳибкориро барои сокинону соҳибкорон фароҳам овардааст.
Дар доираи истиқболи сазовор аз ҷашни умумимилллӣ 35-солагии истиқлоли меҳан раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр дар якҷоягӣ бо шахсони масъул аз иншоотҳои сохташаванда, кишти пумбадона, таъмиру асвалтпӯш намудани роҳҳо ва дигар соҳҳаҳо дидан намуданд.
Бунёди ҷомеаи солим аз беҳбудии вазъи соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла бунёди муассисаҳои замонавӣ, таъмини шароитҳои мусоид барои кормандони соҳаи тибб махсуб меёбад. Бо мақсади таъмин намудани сокинон бо ҷойи кори доимӣ ва фароҳам овардани шароити муосири тибби дар деҳот аз ҷониби соҳибкорони маҳалӣ сохтмони маркази хизматрасонии бисёрсоҳавии тиббии "Мирзоён" дар ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб бо маром чараён дорад. Иншооти мазкур аз таҳхона ва 3 ошёна иборат буда, дар масохати 10-сотих замин бунёд шудааст.
Айни замон корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти ҷашнӣ дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дошта, қисмати ками корҳо боқӣ мондааст. Ҳамчунин бо мақсади зебо намудани саҳни бино аз хориҷи кишвар дарахтони мевадиханда ва ороиши дастрас намуда шинониданд, ки баъди нашъунамо ёфтанашон ба иншоот ҳусни дигар зам менамоянд.
Ба итилои масъулин ҳангоми пурра сохтану мавриди истифода қарор гирифтани бинои мазкур зиёда аз 100 нафар кормандон бо ҷойи кори доими таъмин мегарданд. Бо ба истифода қарор гирифтани маркази саломатии мазкур беморон ба маркази шаҳр нарафта, дар ҳуддуи деҳаи худ ки дорои таҷҳизоти муосири соҳавӣ ва беҳтарин мутахассисони соҳаи тандурустӣ мебошад ба табобат фаро гирифта мешаванд.
Дар дохили беморхона барои гирифторони бемории диабети қанд,фишорбаланди ва дигар бемориҳои музмин гушаи гиёдармони сохта шуда мавриди истифода қарор мегирад.
Дар ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб то истиқбол аз ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди даҳҳо иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки то кунун қисмати беши аз корҳои сохтмонӣ ба итмом расонида шуда, дар иншоотҳои дигар корҳо бо маром ҷараён дорад.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
dv id="«rc08»" ">"
Дар доираи сафари кории роҳбари Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ҳамроҳии раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ҷиҳати иҷроиши дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 7 июни соли ҷорӣ аз муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла Маркази саломатии кӯдаконаи рақами 3-и шаҳри Кӯлоб ва Беморхонаи ноҳиявии Зарқалъаи ҷамоати деҳоти Зиракӣ шиносоӣ намуда, бо кормандони ин даргоҳ суҳбатҳои самимӣ анҷом дода шуд.
Зимни сӯҳбат, Роҳбарият аз дастгириҳои ҳамаҷонибаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соҳаи тандурустиро дар меҳвари сиёсати худ қарор додааст ва ҳамеша ин соҳаро дастгирӣ менамояд, ёдовар гардида, таъкид доштанд, ки беҳбуд бахшидан ба саломатии аҳли ҷомеа аз табибони ҳақиқӣ, поквиҷдон ва ворисони ҳақиқии Синои бузург вобастагии калон дорад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ шароитҳои мусоиди корӣ, музди маоши хуб ва биноҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизотҳои муосир ин шаҳодат аз фазои сулҳу оромии кишвар дарак медиҳад. Мо боварӣ дорем, ки ҳар кадоми Шумо бо дилу нияти пок, содиқ ба касби худ хизмати халқро содиқонаву софдилона иҷро менамоед. Дар ин росто, ба ҳамаи табибон дар касбу кор барору муваффақиятҳои беназир таманно карда шуд.
Дар интиҳо, зимни сӯҳбат табибон низ изҳори миннатдории худро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ғамхорӣ зоҳир намудан нисбати соҳаи тандурустӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ баён намуданд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОЧИКИСТОН МАРКАЗИ ЁРИИ ТАЪҶИЛИИ ТИББИИ ШАҲРИ КӮЛОБ ҶумҳурииТоҷикистон, вилоятиХатлон, ш. Кулоб, ХиёбониИсмоилиСомони – 69, тел:+факс 2 – 63 – 80, тел. моб. 918193182