Дар доираи нақшачорабиниҳои тасдиқнамудаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, семинар-машваратҳо бо соҳибмулкон ва роҳбарони корхонаҳои саноатӣ доир ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” доир мегардад.

          Чунин семинар-машварат имрӯз дар ҶДММ “Ориён Рустам” дар маҳаллаи Хатти роҳ баргузор гардид, ки дар он масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ иштирок ва вобаста ба фаъолияти ҳар як корхона ахборот манзур намуданд. Ёдовар мешавем, ки дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати сохта ва ба истифода додани корхонаҳои саноатӣ ва ташкил намудани ҷойҳои корӣ дастуру ҳидоятҳои созанда дода мешавад. Тавре, аз  баромади роҳбарияти ҶДММ “Ориён Рустам” бармеояд, корхонаи мазкур дар қатори дигар корхонаҳои саноатӣ ба истеҳсоли маҳсулотҳои ниёзи мардум машғул мебошад. Корхона соли 2008 дар базаи собиқ Комбинати гушти шаҳри Кӯлоб таъсис ёфтааст. Дар оғози фаъолияти корӣ корхона ба як коргоҳи хурд танҳо ба истеҳсоли ҳасиб машғул буд. Ҳамзамон дар як вақт фаъолият мекард ва рӯзе аз 150 то 200 кг ҳасиб истеҳсол мекард.  Бо ба даст овардани имкониятҳои молиявӣ бошад, ҳоло дар корхона 3 коргоҳи истеҳсолӣ мавҷуд аст, ки дар он 16 нафар коргар фаъолият менамояд, ки ба миқдори аз 500 то 800 кг ҳасибҳои гуногун истеҳсол карда мешавад. Дар коргоҳ озмоишгоҳи санҷишӣ мавҷуд мебошад, ки мутахассисон ҳамаррӯза маҳсулоти истеҳсолшударо, ки 15 намуди ҳасибро омода менамоянд аз санҷиш гузаронида инчунин  маҳсулот дорои сертификати мутобиқат мебошад.

  Зимни бозиди намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрии Кӯлоб аз корхонаҳои саноатӣ маълум гардид, ки ҶДММ “Ориён Рустам” бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз мебошад ва фаъолияти онҳо таҳти назорати доимӣ қарор дорад.

  Зимни суҳбат муовини раиси шаҳр Асозода Манучеҳр изҳор намуд, ки  мо масъулин вазифадорем дар доираи ҳама он дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии сиёсии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Кӯлоб, ки ҳамарўза ҷиҳати таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ ва таъмини он бо таҷҳизотҳои замонавӣ, инчунин таъсиси ҷоиҳои нави корӣ мунтазам дастуру супоришҳои қатъӣ медиҳанд ва фаъолияти худро дар ин самт ҷоннок намоем.

Дар навбати худ роҳбарони корхонаҳои саноатӣ аз дастгириҳои ҳамешагии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб миннатдории худро баён намуда, изҳор намуданд, ки мо тамоми масъулияти худро  равона менамоем, ки он дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  дар амал татбиқ намоем.

                                                                                                                                                                  Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP