Интихоби ДТМИК – сифати баланди таҳсилот ва расидан ба зинаи шоистаи камолот 
Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади амалӣ намудани сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои заруриро андешида, ҳадафҳои созандаву инноватсиониро татбиқ намуда истодааст. donish teh2Донишкада яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар вилояти Хатлон мебошад, ки мутахассисони варзидаро дар зинаи ихтисосҳои техникию технологияҳои муосири соҳавӣ тайёр намуда, барои таъмини корхонаҳои саноатӣ ва муассисаю идораҳо дар тадбиқи ҳадафи чоруми миллӣ саноаткунонии босуръати кишвар нақши муҳим мебозад.
 
 Донишкада 25.10.2003 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 471 бо дар назардошти барномаи дурнамои тарақиёти шаҳри Кӯлоб ва вилояти Хатлон дар даврои соҳибистиқлолии кишвар таъсис дода шудааст. Ҳоло дар Донишкада аз рӯи 38- ихтисос дар 5 факултет 2638 нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 42 - нафарашро донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ ташкил медиҳад. Омода намудани мутахассисон таввасути 16 кафедраи Донишкада, аз ҷумла 12 кафедраи тахассусӣ амалӣ карда мешавад.
Донишкада дар зинаи бакалавриат аз рӯи 39 ихтисос, зинаи магистратура аз рӯи 10 ихтисос ва зинаи PhD докторантура аз рӯи 10 ихтисос мутахассис таёр менамояд, ки ҳамаи онҳо ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар мувофиқат менамоянд ва рақобатпазир мебошанд. Танҳо дар соли 2021 10 - нафар унвонҷуёни  Донишкада дар соҳаҳои гуногуни илм рисолаҳои илмии худро дифоъ намудаанд. Дар Донишкада 7 - нафар доктори илм, 27 - нафар номзади илм барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шудаанд. 
Боиси хушнудист, ки дар соли 2021 дар мувофиқа бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.09.2021 дар сохтори Донишкада факултети интеллекти сунъӣ ва таҳсилоти фосилавӣ, ки аз тарафи Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шералӣ Кабир тасдиқ гардидааст, таъсис дода шуд. Бояд тазаккур дод, ки факултети номбурда дар ҳамкорӣ бо таълимгоҳҳои олии Федератсияи Россия, аз ҷумла Донишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии техникии Иркутск, Донишгоҳи давлатии техникии Уляновск ва Маркази инжиниринги Донишгоҳи давлатии техникии Брянск,  ки дар сохтори худ чунин факултетҳо ва кафедраҳоро доранд, инчунин заминаи моддӣ-техникӣ, нерӯи кадрӣ ва таҷрибаи пешрафта доранд созмон дода шуд. 
Донишкада дорои маҷалаи илмӣ – оммавии бо номи «Илм  ва технологияи асри ХХI» буда шомили манъбаҳои маълумотии тақризшавандаи ISSN ва РИНЦ буда олимону муҳақиққон ва донишҷӯён имконияти васеъи чопи мақолаҳои илмӣ худро доранд.
Айни ҳол дар Донишкада фазои мусоиди илмӣ фароҳам оварда шудааст, ки тавассути он ҳар як донишҷӯ имкони тавсеа бахшидан ба ташаббусҳои илмӣ, эҷодӣ ва варзишии худ ба воситаи дифои лоиҳаҳои лозимаи инноватсиониро дорад.  
      Дар Донишкада бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии донишҷӯён Маркази Амрикоӣ, Маркази омӯзишии забонҳо, Маркази рушди касбият ва дастгирии истеъдодҳо, Маркази ҳунарҳои мардумӣ, Маркази фарҳанг ва маънавиёт, Маркази таълими - тренингии ташаккули маҳорати зеҳнӣ ва эҷодиёти техникӣ, Озмоишгоҳҳои технологияи маводи хӯрока, химияи умумӣ, физика, технологияҳои компютерӣ, микробиология ва Парки инноватсионӣ-технологӣ амал менамояд. 
Дар ҳошияи иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вобаста ба эълон гаридани солҳои 2022 – 2026 “Солҳои рушди саноат”,  эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиши илмҳои дақик, табиӣ ва риёзӣ» раёсати Донишкада филиалҳои 7 кафедраи тахассусии Донишкада, аз ҷумла  филиали кафедраи технологияи саноати сабук ва дизайн дар ҶДММ «Кӯлоб - текстайл» ва ҶДММ «Кооператор», филиали кафедраи шабакаҳои барқӣ ва физикаи умумӣ дар ҶСШК шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб ва ҶСШК шабакаҳои барқи минтақаи  Кӯлоб, филиали кафедраи мошинҳо, таҷҳизотҳои технологӣ ва стандартонӣ ҶДММ Иқлим ва озмоишгоҳи метрологии раёсати агентии стандартонӣ, сертификатсия ва нозироти савдои (РАССНС) гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, филиали кафедраи технологияи маводи хӯрока дар озмоишгоҳи ташхиси бойтории бозори Марказии Кӯлоб, ҶДММ Комбинати шири Кӯлоб, ҶДММ Ҳикмат, ҶДММ Ориён - Рустам ва озмоишгоҳи Маркази ташхиси бехатарии озуқавории шаҳри Кӯлоб,  филиалҳои кафедраи биотехнология ва коркарди растаниҳои шифобахш дар Боғи ботаникӣ -и шаҳри Кӯлоб ва хадамоти давлатии фаъолияти фармасевтӣ, филиали кафедраи сохтмон ва нақлиёт дар мактаби муттаҳидаи техникии ш. Кӯлоб, филиали кафедраи иқтисодиёт ва сайёҳӣ дар Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои  Кӯлоб, инчунин Маркази таълимӣ-треннингии сайёҳат ва меҳмондорӣ - и кафедраи иқтисодиёт ва сайёҳӣ дар минтақаи Чилдухтарони ноҳияи Муъминободро таъсис додааст. Маҳз тавассути роҳандозӣ гаштани ин амал донишҷӯён дар озмоишгоҳҳои корхонаҳои саноатӣ дарсҳои амалию таҷрибаомӯзии худро мегузаронанд. 
Донишкадаи технология ва менеҷмени инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб аз соли 2009 то ин ҷониб бо зиёда аз 50 донишгоҳҳои олии хориҷи кишвар, ки бештарашро донишгоҳҳои олии Федератсияи Россия ташкил медиҳад, шартномаҳои ҳамкориҳои судманд дорад. Дар доираи ин шартномаҳо донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои олии Федератсияи Россия тариқи ройгон ва шартномавӣ дар зинаи бакалавриат, магистратура таҳсили илм менамоянд. Инчунин дар Донишкада мактаби муштараки илмии тоҷикӣ – россиягии “Технологияҳои дурнамои илмиасос дар саноат, иқтисодиёт ва комплекси агросаноатӣ” бо роҳбарии профессорони варзидаи кишвар ва ФР амал менамоянд. 
Барои баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён бо маводи электронӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сифати таълим ва савияи дониши мутахасисони оянда мебошад. Дар китобхонаи илмии Донишкада зиёда аз 50 адад компютер бо истифодаи технологияҳои нави таълимотӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда аст. Ҳамаи донишҷӯён имконияти истифодаи ройгон аз маводи электронии китобхонаро доранд. Дар айни ҳол китобҳои электронӣ зиёда аз 200000 номгӯи мавод оид ба барномасозӣ, забонҳо, нақшакашӣ, математика, физика, биология, технологияи иттилоотӣ, иқтисодиёт, педагогика, химия, фанҳои гуманитарӣ ва техникӣ китобҳои дарси мавҷуд аст. Инчунин истифодабарандагон бо тариқи ройгон ба шабакаи умумиҷаҳонии интернетӣ пайваст шуда, маълумоти лозимиро дастрас менамоянд.
Дар айни ҳол дар Донишкада дар асоси иҷозатнома курсҳои омӯзиши иловагии забонҳо (тоҷикӣ, англисӣ, хитоӣ, олмонӣ), компютерӣ, заргарӣ, дӯзандагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ амалӣ карда шуда истодаанд. Ҳайати кадрӣ бо кадрҳои баландихтисос таъминанд ва дар тайёр намудани кадрҳои дорои малакаи баланди касбӣ, аз ҷумла ба воситаи мактаби илмӣ ҳамаҷониба омодаанд.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар Донишкада як толори фарҳангӣ, толори варзишӣ, парки технологӣ, лабараторияҳои фаннӣ бо тамоми шароитҳои замонавӣ муҷаҳаз гардонида шуда мавриди истифодаи васеъи омӯзгорон ва донишҷӯён қарор дорад.
Дар Донишкада хобгоҳи замонавӣ барои писарон ва духтарон мавҷуд мебошад, ки дорои ҳамом, ошхона, ҳуҷраи хушкунии либос, китобхона, майдончаи варзишӣ мебошад. 
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумӯи Донишкада таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда бинои нави Донишкада сохтмонаш дар назди роҳи оҳани шаҳри Кӯлоб идома дорад, ки дар солҳои наздик  ба истифода дода шуда туҳфаи арзишманде барои ҳайати профессорону омӯзгорону донишҷӯён мебошад.
Маҳз заҳмату талошҳои шабонарӯзии ҳайати профессорону омӯзгорони  Донишкада аст, ки ҳамасола донишҷӯёни Донишкада дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ширкат намуда сазовори мақомҳои фахрӣ ва соҳиби диплому ҷоизаҳо гардидаанд.
 
Суроғаи мо: ш. Кӯлоб 735360 маҳаллаи Борбад Тел: +9928332221367 WWW. dtmik.tj
 
РАМЗИ ДТМИК – 215 
 
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP