Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» бо сӯроғаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Абдураҳмонов А. – 7, ҷойгир аст.
Мутобиқи маводи аз ҷониби шӯъбаи бойгонии давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб пешниҳодшуда, бо фармони шӯъбаи тандурустии вилояти Кӯлоб аз 14 октябри соли 1953 таҳти № 01\105 мактаби тиббии ш. Кӯлоб таъсис дода шуда, бо фармони Вазорати тандурустии РСС Тоҷикистон аз 8.07.1954 таҳти № 112 ин мактаб ба омӯзишгоҳи тиббии дорои мӯҳлати таҳсили сесола табдил дода шуда буд.

Ба фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09.12.1996, таҳти № 499, бо назардошти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 23 феврали соли 1996 таҳти № 91 ва қарори ҳайати мушовараи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.02.1996 таҳти № 28 – 4 омӯзишгоҳҳои тиббии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Қурғонтеппа аз соли хониши 1996 – 1997 ба коллеҷҳои тиббӣ табдил дода шуда буданд.
Бо назардошти ин қарори Ҳукумат, Фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08. 04. 1999 тахти № 141 интишоргардида, дар фармон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба табдил дода шудани як қатор омӯзишгоҳҳои тиббӣ, аз ҷумла омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб ба коллеҷ эълон карда шуд.
Сохтори коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб чунин аст: Директор, муовини директор оид ба таълим, тарбия, таҷрибаомӯзӣ, хоҷагӣ.
Дар коллеҷ 5 – факултет фаъолият менамояд; Кори табобатӣ, Кори момодоягӣ, Кори ҳамширагии рӯзона ва шабона, Кори фарматсевтии рӯзона ва шабона, Кори дандонсозӣ, тиббию – профилактикӣ ва тиббию – ташхисӣ.
Бо назардошти талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаю барномаҳои таълимӣ ва силлабусҳо аз рӯи ихтисоси 2-790101 – “Кори табобатӣ” аз 25.07.2016; 2-790102 –“ Кори момодоягӣ” аз 25.07.2016 ; 2-790108 – “Кори фарматсевтӣ” аз 25.07.2016: 2-790131- «Кори ҳамширагӣ» аз 25.07.2016; 2-790104 «Корҳои тиббӣ ташхисӣ» аз 25.07.2016; 2-790103 «Кори тиббӣ - профилактикӣ» аз 25.07.2016; 2-790133 «Кори дандонсозӣ» аз 25.07 соли 2016 таҳия карда шуда, бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ ва тасдиқ гардидаанд .
Дар коллеҷ то давраи Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 - кафедра (морфологӣ, фанҳои гуманитарӣ, забонҳо, ҷарроҳия, умумибиологӣ, асосхои кори ҳамширагӣ ва тибби оилавӣ) амал мекард. Айни ҳол дар коллеҷ 15 – кафедра фаъолият дорад:

1. Кафедраи «Анатомия ва физиологияи одам»
2. Кафедраи «Асосҳои кори ҳамширагӣ»
3. Кафедраи «Тибби оилавӣ»
4. Кафедраи «Фанҳои тиббӣ»
5. Кафедраи «Ҷарроҳия»
6. Кафедраи «Момоӣ ва бемориҳои занона»
7. Кафедраи «Фармакология»
8. Кафедраи «Фарматсия»
9. Кафедраи «Бемориҳои сироятӣ ва беҳдоштӣ»
10. Кафедраи «Асосҳои информатика ва фанҳои табиию - риёзӣ»
11. Кафедраи «Биология ва химия»
12. Кафедраи «Забони тоҷикӣ»
13. Кафедраи «Забони русӣ»
14. Кафедраи «Забони англисӣ»
15. Кафедраи «Тарбияи ҷисмонӣ мудофиаи шаҳрвандӣ»
16. Кафедраи «Педиатрия»
Инчунин созмонҳои ҷамъиятӣ: иттифоқи касабаи донишҷӯён ва омӯзгорону кормандон, Шӯрои занон ва духтарон, бахши кор бо ҷавонон мавҷуданд. Фаъолияти нашрӣ дар коллеҷ дар даврони Истиқлолият дар хусусӣ чорабиниҳои асосии сиёсӣ, тараққиёт ва дастовардҳои соҳаи Тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон мақолаҳои омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ оиди масъалаҳои гуногун, аз ҷумла пешгирӣ ва табобати бемориҳо ба чоп мерасанд. Ҳамчунин коллеҷ дар давраи Истиқлолияти давлатӣ соҳиби рӯзномаи “Дармонбахш”гардид , ки моҳе як маротиба бо теъдоди 3000 нусха нашр карда мешавад. Ҳамасола дар коллеҷ мутобиқи Низомномаи таъйин ва пардохи стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо карори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27. 12 соли 2014, № 25/6 тасдиқ карда шудааст, стипендия ба донишҷӯён ҷудо карда мешавад. Тибқи Низомнома дар коллеҷ гирандаи стипендияи Президентӣ 1 нафар ва гирандагони стипендияи раиси вилоти Хатлон 3 нафар мебошанд.
Дар давраи ҳисоботӣ аҳли ҷомеаи Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб фаъолияти худро дар асоси Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ ва маориф, амру фармонҳо ва Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мактубу дастурҳои ба Коллеҷ тааллуқдошта, Қарорҳои мушовараҳои Вазоратҳои тандурустию маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи тандурустӣ ва маориф ба роҳ монда шуда, дар ҷодаи таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи тиб корҳои назаррасро ба сомон расонидаанд.
Дар коллеҷ 421 нафар омӯзгорон фаъолият доранд, аз ҷумла 194 – нафар омӯзгорони асосӣ 227 -нафар омӯзгорони хамкор ва соатбайъ.
Дар Коллеҷ 3 нафар дорои медали Аълочии Тандурустӣ, 32 нафар омӯзгорон бо медали Аълочии маорифи Тоҷикистон кадрдони карда шудаанд ва 5- нафар дорои унвони номзади илм мебошанд.
59 - нафар омӯзгорон дорои тахассуси дараҷаи олӣ, 21 - нафар тахассуси дараҷаи якум ва 23 – нафар бо тахассуси дараҷаи дуюм фаъолият мекунанд.
Инчунин 3 нафар «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», 1 нафар бо медали хизмати шоиста, сазовор гаштааст.
Дар даврони истиқлолият бо назардошти бозори меҳнат дар Коллеҷи тиббӣ ихтисосҳои нав, аз ҷумла “Кори умумитиббӣ” бо додани тахассуси ҳамшираи тиббии оилавӣ, ташкил карда шуд.
Дар коллеҷ аз соли 2007 шакли шабонаи таълим, аз рӯйи ихтисосҳои “Кори ҳамширагӣ” ва “Кори фарматсевтӣ”, ба таври шартномавӣ аз нав ташкил карда шудааст.
Аз соли 2015 – ум қабули довталабон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ аз рӯи ихтисоси “Кори ҳамширагӣ” бо тахассуси “Ҳамшираи тиббӣ” ба роҳ монда шуд.
Дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз айни ҳол 3878 нафар донишҷӯён таҳсил менамояд, ки аз ин ҷумла 3290 нафарашон духтарон, 588 нафра писарон мебошанд.
Дар давоми даврони Истиқлолияти давлатӣ пояи моддӣ-техникии Коллеҷи тиббӣ хеле пурзӯр карда шуд. Ҳоло коллеҷ дорои 2 бинои таълимӣ, 1 хобгоҳ, зиёда аз 80 кабинету лабораторияҳои фаннӣ, ки бештари онҳо ба тарзи ҳозиразамон ҷиҳозонида шудаанд, 1 китобхона бо хазинаи 18427 адабиётҳои таълимӣ асосан тахассусӣ бо забони давлатӣ, ва як китобхонаи электронӣ бо 10 000 китобҳои тахасусӣ фаннӣ, ки бо интернет пайваст мебошад, толори варзишӣ, майдончаи варзишӣ, бунгоҳи тиббӣ, толори маҷлисӣ барои 110 нафар, маркази таълимӣ – истеҳсолии фарматсия, маркази таълими - табобатии стоматология бо устохонаи дандонсозӣ, 2 маркази омузиши малакаҳои амалии хамширагӣ, 3 синфхонаи компютерӣ ва маркази тестӣ- иттилоотӣ, ки бо компютерҳо таъмин мебошанд. Миқдори видеопроекторҳо 15 адад, компютерҳо дар коллеҷ зиёда аз 160 ададро ташкил медиҳад.
Дар Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб айни ҳол аз рӯи 7 ихтисос мутахассисони миёнаи тиб омода карда мешаванд, аз ҷумла:
1. Кори табобатӣ;
2. Кори ҳамширагӣ;
3. Кори момодоягӣ;
4. Кори фарматсевтӣ;
5. Кори тиббию – ташхисӣ;
6. Кори дандонсозӣ;
7. Кори тиббию – профилактикӣ;
Коллеҷи тиббӣ оид ба масъалаҳои омодасозии мутахассисони миёнаи тиб бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино Донишкадаи таҳсилоти баъди дипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони Маориф, Коллеҷи техникӣ, Коллеҷи омӯзгорӣ ва дигар донишкадаю донишгоҳҳо, инчунин бо ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла лоиҳаи “Ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ” - и Намояндагии Институти бемориҳои тропикӣ ва тандурустии ҷамъиятии Швейтсариягӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, коллеҷҳои тиббии Санкт – Петербург, ш. Бишкек, ш. Волгоград, Пажуҳишгоҳи тибби профилактикӣ, Пажуҳишгоҳи акушерӣ – гинекологӣ ва перинатологӣ, барои мустаҳкам намудани истифодабарии услубҳои муосири таълим ва омодасозии мутахассисони ба талаботҳои байналхалқӣ ҷавобгӯ, ҳамкориҳои илмӣ – тадқиқотӣ, амалӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон ва кормандон ҳамкории самаранокро ба роҳ мондааст.
Дар Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба рушди илм диққати махсус дода мешавад. Дар Коллеҷи тиббӣ 5 нафар кормандон рисолаи номзади илмҳои тиб ва педагогиро ҳимоя намуда, соҳиби унвони илмӣ гаштаанд. Айни ҳол 7 нафар аз ҳайати кормандон барои ҳимояи рисолаи номзади таҳқиқоти илмӣ пеш бурда истодаанд.
Дар таълимгоҳ ба такмили ихтисос ва бозомӯзии ҳайати омӯзгорону кормандон диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳамасола тибқи нақшаи дурнамои такмили ихтисоси омӯзгорону кормандон, онҳо дар Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии командони тиббии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи ҶТ аз такмили ихтисос мегузаранд.
Бо мақсади беҳтар намудани чорабиниҳои бехатарӣ ва муҳофизатӣ дар муассиса шумораи камераҳои мушоҳидавӣ ба 21 адад расонида шуд.
Ҳоло таъмири капиталии бинои асосии муассиса идома дорад.
Биноҳои собиқ маркази вилоятии стамотологӣ дар ш.Кӯлоб ва маркази вилоятии эндокринологӣ, ки ба тавозуни муассиса гузаронида шуда буданд, аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, дар яке аз он биноҳо синфхонаҳои фанҳои дақиқ ва дар дигаре кафедраи забон ва адабиёти тоҷик ҷойгир карда шуданд. Сертификати истифодабарии замин аз нав тасдиқ карда шудаст, ки ҳоло масоҳати замини муассиса 2,48га ташкил медиҳад.
Бунгоҳи тиббӣ дар ошёнаи якуми хобгоҳ ҷой гирифта буд, холо бошад ба бинои якуми таълимӣ гузаронида шуд, ки иборат аз як ҳуҷра мебошад.
Дар Коллеҷи тиббӣ ба масъалаҳои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ватанпарварӣ ҳисси худшиносии миллӣ ва муҳаббат ба касби интихобнамуда диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳамасола дар коллеҷ доир ба санаҳои таърихӣ чорабиниҳои гуногуну шавқоварӣ тарбиявӣ ташкил ва гузаронида мешаванд.
Айни замон сохтмони бинои 9 – ошёнаи хобгоҳи замонавии коллеҷ идома дорад.
Имрӯзҳо ҳайати кормандони илмиву педагогӣ ва устодону донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб тамоми саъю кӯшиши хешро баҳри он равон намуда истодаанд, ки кори таълиму тарбияро дар таълимгоҳ мувофиқи талаботи замон ва нишондодҳои Консепсияи таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монад.

 

Директор Азиззода З.А.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP