Дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, Роҳбари Гурӯҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои филиали бонки “Саноатсодиротбонк” дар шаҳри Кӯлоб, ки азнавсозӣ шуда буд, мавриди истифода қарор доданд.
Бинои нави филиали бонки “Саноатсодиротбонк” дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷойгир буда, фармоишгар бонки “Саноатсодиротбонк” мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур аз 2 ошёна иборат буда, айни замон 17 нафар мутахассисони ботаҷриба ба мардум хизмати бонкӣ расонида истодаанд. Корҳои азнавсозии иншоот пурра аз ҷониби бонки “Саноатсодиротбонк” маблағгузорӣ шудааст.
Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 7 июни соли 2024 роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр аз рафти фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ ва рафти корҳои сохтмонӣ аз Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб боздид ба амал оварданд.
Ёдовар мешавем, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди саноат ва иқтисоди мамлакат тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019 #97 Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб дар майдони 309,3 га таъсис дода шудааст. Тибқи маълумоти роҳбарияти Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб айни замон дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб 8 субъект ба қайд гирифта шудааст. Корхонаи истеҳсоли қисмҳои автомобилӣ, аз ҷумла ҳавотозакунакҳои (филтрҳои) ҳавоӣ ва равғанӣ барои автомашинаҳо аз ҷониби ҶДММ "Тоҷик Алмос" фаъолияташро ба роҳ монда, дар 4 моҳи соли 2024 - 8100 адад ҳавотозакунакҳо ба маблағи 29,3 ҳазор сомонӣ истеҳсол намудааст. Дар корхонаи мазкур айни ҳол 20 нафар кормандон аз ҷумла 14 нафар аз ҳисоби занҳои хонашини маҳаллӣ кор карда истодаанд. Инчунин, аз ҷониби ҶДММ "Кӯлоб агросаноат" ҳамчун субъекти дуюм бунёди корхонаҳои саноатӣ аз ҷумла корхонаи коркарди намак, истеҳсоли равған, набот ва банду басти намаки ошӣ корҳои сохтмонӣ дар ин самт идома доранд. Аз ҷониби ҶДММ "Кӯлоб Пласт " бошад сохтмони корхонаи истеҳсоли маҳсулот аз пластмасаро оғоз намудааст. Иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи амалишавии лоиҳаи кам кардани талафоти нерӯи барқ дар шаҳри Кӯлоб амалӣ шуда истодааст. Дар Минтақаи озоди иқтисодии "Кӯлоб" бунёди зеристгоҳи барқи 110/35/10 кВ ба насби 2 адад трансформатори тавоноиашон баланд дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд.
Зимнан, дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб панҷарабандӣ ба масофаи 5,9 км анҷом ёфта, корҳо иловатан марҳила ба марҳила идома ёфта истодааст. Маврид ба зикр аст, ки сохтмони бинои маъмурии Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб меҳмонхона барои 20 ҷой ва гузаргоҳи гумрукӣ идома доранд. Чоҳи амудӣ барои таъмини оби нушокӣ канда шуда, барои кашидани хатти алоқаи кабелии телефонӣ ва интернетӣ ба Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб корҳои назаррас анҷом дода истодааст. Зимни сӯҳбат роҳбари Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ҷиҳати дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифат анҷом додани корхонаҳои истеҳсолӣ, фаъолияти пурсамари корхонаҳое, ки айни ҳол фаъолият доранд ба масъулин дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Таъкид гардид, ки имрӯз ин ҳама талошу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки мо бояд бо як масъулияти баланд корҳои назаррасро анҷом дода, дар пиёда сохтани ҳадафи чоруми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яъне саноатикунонии босуръати кишвар саҳми худро гузорем. Роҳбарият аз фаъолият ва корҳои анҷомдодашуда ба роҳбарияти Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб изҳори сипос намуда, изҳор доштанд, ки барои боз ҳам дар сатҳи баланд ва бо сифат анҷом додани корхонаҳо масъулияти бештар нишон диҳанд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Санаи 7 июни соли 2024 дар доираи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ва дигар масъулони соҳаҳои гуногун аз фаъолияти соҳибкорон ва тартиботи дохилӣ дар бозори марказии шаҳри Кӯлоб - бозори "Саховат" суҳбати самимӣ анҷом доданд. Зимни боздид, меҳмонон аз нарху навои маҳсулоти ниёзи аввал пурсон гардиданд. Маълум гардид, ки нарх тибқи талаботи имрӯза ба роҳ монда шуда, зери назорати доимии масъулон қарор доранд. Роҳбарият зимни сӯҳбат бо доираи васеъи соҳибкорон, аз дастгириҳои ҳамешагии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардида, таъкид намуданд, ки имрӯзҳо мо соҳибкоронро мебояд, ки пеш аз ҳама шукрона аз фазои сулҳу оромии кишвар намуда, чунин як ватани маҳбуб ва як роҳбари оқилу доно, дурандеш дорем, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳониён шиносонида, миллати тоҷикро дар симои абармарди арсаи сатҳи ҷаҳонӣ Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешиносанд ва эҳтироф мекунанд, ки ин барои ҳар як соҳибватан мояи ифтихори бузург мебошад.
Аз ин рӯ, Шумо низ дар навбати худ вазифадор мебошед, ки зимни фаъолияти соҳибкорӣ пеш аз ҳама фарҳанги муошират, нишон додани маърифати баланди ҳуқуқӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва риоя намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоед. Ҳамзамон аз соҳибкорон даъват ба амал оварда шуд, ки ба тозагӣ ва муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулотҳои ниёзи аввал махсусан дар арафаи ҷашну идҳо чораҳои зарурӣ амалӣ намоянд.
Соҳибкорон зимни баромад, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгириҳои ҳамешагӣ изҳори сипос намуда, изҳор доштанд, ки мо дар сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устувор ҳастем ва хоҳем монд. Ва мо кӯшиш менамоем, ки дар амалӣ гардидани сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми худро гузошта, содиқонаву софдилона хизмат намоем.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
МУҚАДДИМА
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025 (минбаъд Барнома) бо мақсади иҷрои банди 35-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар вохӯрӣ бо масъулону фаъолони шаҳри Кӯлоб аз 7-8 ноябри соли 2018 баён доштанд, таҳия шудааст.