Кормандони Корхонаи обу канализатсияи шаҳри Кӯлоб ба саҳми тамоми истифодабарандагони оби нӯшокӣ мерасонад, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Лоиҳаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии  шаҳри Кӯлоб ба имзо расонида шудааст. Лоиҳаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани  шаҳри Кӯлоб корҳои сохтмонии зеринро дар бар мегирад:

ob

 

  1. сохтмону барқарорсозии 23250 метр қубурҳои оби нӯшокӣ
  2. сохтмон ва барқарорсозии 20 адад обанбор бо ғунҷоиши 25000 м3 об;
  3. харидорӣ ва насб намудани 10800 адад ҳисобкунакҳои обӣ;
  4. сохтмони биноҳои безараргардонии оби нӯшокӣ

Айни замон омӯзиши корҳои лоиҳакашӣ, гиодезӣ ва  геологӣ рафта истодааст, ки баъди ба анҷом расидани корҳои сохтмонӣ, маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб муътадил бо оби нӯшокӣ таъмин карда мешаванд.

Бинобар сабаби соли ҷорӣ камбориш омадан ва бениҳоят гарм омадани фасли тобистон сатҳи оби чашмаҳои Теболай ва чоҳҳои амудӣ паст шуда, таъминоти оби нӯшокӣ нисбат ба солҳои гузашта камтар гардида истодааст.

Дар шароити кунуни таъминоти оби нӯшокӣ бо чунин  вазъ бениҳоят вазнин аст. Аҳолӣ маблағи ҳаққи хизматӣ об ва партовобҳоро пардохт накарда, инчунин сабабҳои асосии норасогии оби нӯшокӣ ин  надоштан ва маҳкам накардани ҷумакҳои оби нӯшокӣ мебошад.

Мувофиқи маълумоти Созмони Миллалӣ Мутаҳид   зарари хушксолӣ ба кишварҳои ҷаҳон 124 миллиард долларро ташкил дода, ба муҳити зист ва зиндагии беш аз 1,5 миллиард нафар сокинони сайёра таъсири манфӣ расонид.

Дар ин раванд аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем,  обе ки корхона бо мушкилии зиёд ба аҳолӣ таъмин менамояд, сарфакорона истифода баред.

Сарватҳои серизаминӣ беохир нестанд ва барои ҳифз намудани онҳо мо бояд дастаҷамъона камари ҳиммат бандем, яъне сарфи оби нӯшокӣ ин бояд шиори ҳамешагии мо бошад.

       Директори Корхонаи обу

       канализатсияи шаҳри Кӯлоб

        Шарифзода Миралӣ С.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP