Имрӯз дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои гуногун, корҳои тозагию поккорӣ дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб доир гардид. Мақсад аз ташкил намудани аксияҳои мазкур ин истиқбол намудани ҷашни 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин васила саҳм гузоштан дар корҳои созандагию бунёдкорӣ мебошад.
Тибқи дастуру супоришҳои раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ҳар як роҳбари ташкилоту муассисаҳо муваззаф гардидаанд, ки ҳар ҳафта чунин аксияҳоро аз худи ташкилоту муассисаҳо ва шаҳр анҷом диҳанд.
Дар баробари тозаву поккорӣ кардан дар ҷамоатҳои шаҳру деҳот, инчунин дар сойи Тебалай корҳои тозагӣ анҷом дода шуд, ки дар баробари дигар кормандони муассисаҳо саҳми кормандони корхонаҳои коммуналӣ ва ободонӣ назаррас мебошад. Иштирокчиёни аксия партовҳоро аз сой бароварда, ба ҷойҳои махсус кашониданд ва безарар гардонида шуд.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб борҳо эҳтиромона аз шаҳрвандон аз ҷумла сокинони назди сойҳо хоҳиш намуданд, ки ба қадри ҳар як корманди корхонаҳои болозикр расанд, ки аксарияташон модарон мебошанд ба поккорӣ машғуланд. Партовҳои худро дар қуттиҳои гузошташуда гузоред на дар сойҳо, ки метавонад дар оянда ба саломатии ҳар як сокин зарар расонад.
Боварии комил дорам, ки ҳар як сокини шаҳри Кӯлоб ин амали некро анҷом медиҳад ва дар ободонии шаҳр саҳми худро мегузорад.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миилӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон солҳои охир бо роҳандозӣ намудани барномаҳои гуногуни давлатӣ хоҷагиҳо бо техникаҳои кишоварзӣ таъмин карда шудаанд, ки кори марди деҳқон дар шудгору кишти саривақтӣ ва ҷамъоварии ҳосил хеле осон гардидааст, бо истифода аз обу ҳавои мусоид ва шароитҳои муҳаёгардида кишти пахтаро дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ба анҷом расонанд.
Имрӯз дар доираи дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки роҳбарият ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ маъракаи кишти пунбадона дар Кооперативҳои тиҷоратӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Кӯлоб оғоз гардид. Ҷиҳати саривақт бо дарназардошти талаботи қоидаҳои агротехникӣ анҷом додани он аз ҷониби масъулин татбирҳои лозима роҳандозӣ карда мешавад. Бо ин мақсад имрӯз дар Кооперативи тиҷоратии ба номи Қосим Роҳбари ҷамоати деҳоти Кӯлоб бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр , мутахассисон ва хоҷагидорону пахтакорони шаҳр рӯзи кушодаи саҳрои ташкил карда шуд, ки дар он мутахассисон ва кишоварзону хоҷагидорон бобати роҳу усулҳои манфиатовари кишт, шуруъ аз омода намудани замин, интихоби тухмиҳои серҳосилу ба иқлими минтақа мувофиқ ва бо истифодаи техникаҳои мавҷуда дар муҳлатҳои мусоид анҷом додани кишту марҳиллаҳои баъдии парвариши он маслиҳатҳои муфид доданд. Тавре мутахассисон иттило доданд пахтакорони ҳудуди шаҳри Кӯлоб тайи чанд соли охир бо тавсияи олимони соҳа ва дастраси аз техникаҳои муосири пахтакорӣ дар ин самт ба натиҷҷаҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардида истодаанд.
Бояд қайд намоем, ки Кооперативи тиҷоратии ба номи Қосим Роҳбари ҷамоати деҳоти Кӯлоб дорои 89-гектар замин буда дар баробари кишти дигар намуди маҳсулотҳои кишоварзӣ дар пеш аз 40-гектар замин пунбадона кишт менамояд.
Дар ҳошияи дастру супоришҳои Роҳбарияти Олии сиёсии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар шаҳри Кӯлоб ширкати пахтаи Кӯлоб таъсис дода шудааст. Заминҳои ширкати мазкур 1900- гектарро дар бар гирифта масъулин нақша доранд, ки имсол дар 1150-гектари он кишти навъои пунбадонаи лотос, бухоро ва дигар навъи ба иқлими минтақа мувофиқро кишт намоянд.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аз мутахассисону масъулон даъват намуданд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд ва бо сифат анҷом додани кишти имсола тамоми чораҳои агротехникиро бо ҷалби олимони соҳа дида, то ин, ки ҳосили фаровон ба даст оранд.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ҳамасола санаи 10 ноябр ҳамчун Рӯзи милитсияи тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомади идона раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ҳайати кормандони милитсия ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Сипас, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр суханронӣ намуда тамоми кормандони милитсияро бо ин санаи фархунда табрику таҳният намуд.
Зимни баромад таъкид дошт, ки боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯзҳо дар радабандии кишварҳои амнтарини ҷаҳон ва сатҳи боварии мардум ба мақомоти милитсия Тоҷикистон дар ҷойи аввал меистад. Ҳамзамон, шароити кору фаъолияти раёсату шуъба ва бахшҳои зертобеи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз аз рӯз беҳтар гашта истодааст. Дар шаҳри Кӯлоб низ солҳои охир дар баробари кушда шудани бинои Коллеҷи миллитсия, инчунин бинои дастаи таъиноти махсус ва соли равон бинои хизматии хадамоти “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилӣ шахсан аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба истифода дода шуд. Инчунин, дар арафаи Рӯзи милитсияи тоҷик шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб ба бинои нави барҳаво куч баста, ин ҷоро дар якҷоягӣ таъмиру азнавсозӣ намуда, мавриди истифода қарор медиҳем.
Бояд гуфт, ин ҳама аз таваҷҷуҳи беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти милитсия ва хизматҳои шабонарӯзии кормандони соҳа гувоҳӣ медиҳанд.
Тавре муҳтарам Пешвои миллат вобаста ба нақшу саҳми мақомоти милитсия иброз доштаанд: “Кормандони милитсияи тоҷик дар даврони истиқлолият аз имтиҳони вазнини таърих гузашта, хусусан, дар айёми сахту сангини ибтидои солҳои 90-уми асри сипаришуда вазифаҳои ба уҳдаи онҳо гузошташударо бошарафона иҷро карданд ва якҷо бо ҷузъу томҳои дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд”.
Месазад қайд намоем, ки аз шаҳри Кӯлоб низ садҳо ҷавонмардони бонангу номус аз сохтори милитсия баҳри барқарорсозии ҳукумати конститутсионӣ ҷонфидоӣ кардаанд.
Хизматҳои софдилонаву содиқонаи як зумра собиқадорони милитсия, ки умри бобаракати худро баҳри таъмини суботу оромии ҷомеа сарф кардаанд ва имрӯзҳо насли ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар тарбия намуда истодаанд.
Бо назардошти ин, Роҳбарияти давлату Ҳукумат хизматҳои кормандони мақомотро ҳамеша қадрдонӣ мекунад ва ҷиҳати беҳтар намудани шароити кору хизмат, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии ҳайати шахсӣ ва тақвият бахшидани заминаҳои моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ тадбирҳои муассир меандешад.
Махсус қайд менамоем, ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти милитсияи шаҳру минтақаи Кӯлоб дар баробари анҷоми вазифаҳои хизматиашон ҷиҳати муборизаи беамон ба ҷинояту ҷинояткорӣ, инчунин, дар ободӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Кӯлоб пайваста саҳм гузошта истодаанд.
Зимнан, аз сокинон даъват ба амал меорем, то бо мақомоти милитсия, ки барои пойдории оромиву суботи ҷомеа шабу рӯз хизмат карда истодаанд, ҳамкориро бештар намуда, дар роҳи таъмини зиндагии осудаи ҷомеа саҳми муносиби худро гузоранд.
Дар идомаи ҷамъомад сардори ҚМРВКД дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб полковники милитсия Абдураҳмонзода Фатҳулло Абдулло ва сардори ШВКД-и шаҳри Кӯлоб, генерал-майёри милитсия Қунғуротзода Фотеҳ баромад намуда афзуд, ки мақомоти милитсия яке аз сохторҳои бузургу бонуфузи ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб рафта, аз нахустин лаҳзаҳои ташкилёбӣ то имрӯз ҳамчун нерӯи муҳофизи тартиботи ҷамъиятӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саҳмгузор мебошад. Мақомоти мазкур дар лаҳзаҳои сангини таърихи кишвар аз имтиҳоноти ҷиддӣ гузашта, барои таъмини амну суботи ҷомеа талош варзидааст.
Таъкид шуд, ки имрӯз бо дастгирию пуштибонии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти корҳои дохила ба сохтори тавонои ҳифзи тартибот табдил ёфтааст ва барои кормандони он тамоми шароити зиндагӣ ва хизматӣ аз қабили таъминот бо манзили истиқоматӣ, замини наздиҳавлигӣ, таҷҳизоти муосир, хизматрасонии тиббӣ ва таълиму фароғат муҳайё карда шудаанд.
Дар охир ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик роҳбарияти шаҳр ба роҳбарон ва кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳр барои саҳми арзанда гузоштан дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ Ифтихорнома ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуданд.
Сипас аз ҷониби аҳли ҳунармандони Бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб суруду таронаҳои дилнишин пешниҳоди меҳмонон гардонида шуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тамоми хизматчиён ва собиқадорони мақомоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба иди касбияшон – Рӯзи милитсияи тоҷик табрику муборакбод менамояд!
Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо дар радабандии кишварҳои амнтарини ҷаҳон ва сатҳи боварии мардум ба мақомоти милитсия Тоҷикистон дар ҷойи аввал меистад. Ҳамзамон, шароити кору фаъолияти раёсату шуъба ва бахшҳои зертобеи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз аз рӯз беҳтар гашта истодааст. Дар шаҳри Кӯлоб низ солҳои охир дар баробари кушда шудани бинои Коллеҷи миллитсия, инчунин бинои дастаи таъиноти махсус ва соли равон бинои хизматии хадамоти “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилӣ шахсан аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба истифода дода шуд. Инчунин, дар арафаи Рӯзи милитсияи тоҷик шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб ба бинои нави барҳаво куч баста, ин ҷоро дар якҷоягӣ таъмиру азнавсозӣ намуда, мавриди истифода қарор медиҳем.
Бояд гуфт, ин ҳама аз таваҷҷуҳи беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти милитсия ва хизматҳои шабонарӯзии кормандони соҳа гувоҳӣ медиҳанд.
Тавре муҳтарам Пешвои миллат вобаста ба нақшу саҳми мақомоти милитсия иброз доштаанд: “Кормандони милитсияи тоҷик дар даврони истиқлолият аз имтиҳони вазнини таърих гузашта, хусусан, дар айёми сахту сангини ибтидои солҳои 90-уми асри сипаришуда вазифаҳои ба уҳдаи онҳо гузошташударо бошарафона иҷро карданд ва якҷо бо ҷузъу томҳои дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд”.
Месазад қайд намоем, ки аз шаҳри Кӯлоб низ садҳо ҷавонмардони бонангу номус аз сохтори милитсия баҳри барқарорсозии ҳукумати конститутсионӣ ҷонфидоӣ кардаанд.
Хизматҳои софдилонаву содиқонаи як зумра собиқадорони милитсия, ки умри бобаракати худро баҳри таъмини суботу оромии ҷомеа сарф кардаанд ва имрӯзҳо насли ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар тарбия намуда истодаанд.
Бо назардошти ин, Роҳбарияти давлату Ҳукумат хизматҳои кормандони мақомотро ҳамеша қадрдонӣ мекунад ва ҷиҳати беҳтар намудани шароити кору хизмат, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии ҳайати шахсӣ ва тақвият бахшидани заминаҳои моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ тадбирҳои муассир меандешад.
Махсус қайд менамоем, ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти милитсияи шаҳру минтақаи Кӯлоб дар баробари анҷоми вазифаҳои хизматиашон ҷиҳати муборизаи беамон ба ҷинояту ҷинояткорӣ, инчунин, дар ободӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Кӯлоб пайваста саҳм гузошта истодаанд.
Зимнан, аз сокинон даъват ба амал меорем, то бо мақомоти милитсия, ки барои пойдории оромиву суботи ҷомеа шабу рӯз хизмат карда истодаанд, ҳамкориро бештар намуда, дар роҳи таъмини зиндагии осудаи ҷомеа саҳми муносиби худро гузоранд.
Бо ин таманниёт, бори дигар фарорасии иди касбии кормандони Вазорати корҳои дохилиро ба хизматчиёну собиқадорони соҳа ва дар маҷмуъ ба кулли сокинони шаҳри Кӯлоб табрику шодбош мегӯем.
Рӯзи милитсияи тоҷик муборак, ҳамватанони азиз!