Муҳтарам кормандони соҳаи тандурустӣ,
Шуморо ба муносибати иди касбӣ, Рузи кормандони соҳаи тандурустӣ аз самими дил табрику муборакбод гуфта, ба ҳамаатон дар навбати аввал саломатӣ, хонаи обод, саодати рӯзгор ва дар корҳои оянда баҳри ҳифзи сиҳатии омма комёбиҳои беназир таманно дорам.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳама кормандони соҳаи тибби шаҳру минтақа, ки дар расонидани ёрии саривақтӣ ва табобати захмбардоштагони садамаи нақлиётии рӯзи 6 август саҳми арзандаи худро гузоштаанд, миннатдории бепоёни худро баён менамоям.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо ба кармандони тиб муроҷиат ва таъкид намуданд, ки «Шумо табибони гиромӣ, ворисони ҳақиқии нобиғаи бузурги ҷаҳонӣ Абуали Ибни Сино мебошед, ки китоби машҳури ӯ «Қонуни тиб» ҳануз дар асри ХII бо забони лотинӣ тарҷума шуда, асарҳои зиёд ҳамчун китоби рӯимизии табибони олам хизмат кардааст. Бо назардошти ин нукта, ҳар яки Шумо бояд шарафи касбии худро ҳифз карда, бо фаъолияти содиқонаву софдилонаи хеш барои бақову ҳастии миллат, яъне ҳифзи саломатии мардум ва рушди минбаъдаи соҳаи тандурустии мамлакат саҳми арзанда ва шоистаи худро гузоред.
Бояд қайд намуд, ки аз ибтидои соҳибистиқлолии кишвар давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат соҳаи тандурустиро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, ҷиҳати таъмини рушди он корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Дар зарфи қариб 32 соли Истиқлолияти давлатӣ ҳазорон муассисаҳои нави тандурустӣ арзи вуҷуд ва қариб ҳама муассисаҳои куҳна таъмиру азнавсозӣ гардида, бо асбобу таҷҳизотҳои замонавӣ таъмин карда шуданд. Ба кишвар ҳатто таҷҳизотҳое ворид карда шуданд, ки пештар дар қаламрави мамлакат умуман вуҷуд надоштанд. Томографияи компютерӣ аз ҷумлаи чунин техналогияи муосири тиббӣ мебошад. Солҳои пеш аз сабаби мавҷуд набудани онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба имконияташон барои ташхису табобат ба хориҷи кишвар мерафтанд. Хушбахтона чунин техналогияву таҷҳизотҳо ба муассисаҳо кайҳо ворид шуда, дар хизмати мардум қарор доранд. Танҳо дар 7 моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 59449 сомонӣ ба Марказии саломатии №1 ва Маркази саломатии №2-и шаҳр 12 номгуӣ таҷҳизотҳои ғайри тиббӣ ворид шудааст.
Ба Маркази иммунопрофилактикӣ шаҳр бошад 2 термоконтейнери 20л, 10 адад термосумкаҳои дастӣ, 7 адад яхдон барои нигоҳдории ваксинаҳо, 1 адад ноутбук, компютер, вайфай 2 адад принтер ворид гардиданд. Шуъбаи эҳёгарии таваллудхонаи шаҳрии Кўлоб ба маблағи 105000 сомонӣ аз ҳисоби буҷаи шаҳрӣ таъмир карда шуд.
Шахсони саховатпеша дар таъмири маркази саломатии деҳаи Хонобод, бунгоҳи саломатии деҳаи Хочархӣ ва бунгоҳи саломатии деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти Даҳана ва бунгоҳи саломатии деҳаи Сариосиёби Ҷамоати деҳоти Зарбдор саҳм гирифтанд. Умуман 10 Марказҳои саломатии деҳотӣ ба мабалғи 1977438 сомонӣ бо таҷҳизотҳои тиббӣ муҷҷаҳаз гардонида шудаанд.
Муҳтарам кормандони соҳаи тиб!
Давлату ҳукумат ин қадар таваҷҷуҳи хосса ба соҳаи тандурустӣ барои он зоҳир мекунад, ки солимии ҷомеъа таъмин бошад. Зеро солимии ҷомеъ бойгарии давлат аст.
Табиб будан пешаи басо мушкилу пурмасъулият, дар баробари ин касби ниҳоят пурифтихор дар ҷомеа мебошад. Пешвои хирадсолори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намудаанд: «Бо саломатии инсон сару кор доштан масъулияти бузург аст ва мо умедворем, ки бо дарки чунин масъулият аз донишҷӯ то мутахассиси баландпояи соҳаи тибби кишвар ин рисолати таърихии худро мувофиқи қасами ёдкардаи касбӣ сидқан адо мекунанд».
Бо ҳамин ниҳоятҳои нек бори дигар ҳамагонро бо иди касбӣ Рузи кормандони тиб аз таҳти дил табрик гуфта ба ҳар кадоматон тани сиҳату рӯзгори осудаву барори кор орзу менамоям.
Сарбаланд ва саодатманд бошед.
Боиси зикр аст, ки дар доираи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои судманд бо ташкилотҳои байналмиллалӣ ривоҷ ёфта бо мақсади рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ лоиҳаҳои судманд амалӣ гардида, барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ дар самтҳои гуногун роҳандозӣ мегарданд.
Дар доираи татбиқи барномаҳо дар ин самт директори ташкилоти "Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" Сабина Олтхоф ва муовини роҳбари лоиҳаи "Рушди фарогири деҳот" ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.
Ҳайати меҳмоноро масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қабул намуданд.
Сипас дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр бо ҳайати меҳмонон мулоқот намуда, ташрифи меҳмононро ба шаҳри бостонии Кӯлоб хайрамақдам хонд.
Зимни суҳбат роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо намояндагони ташкилоти "Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" вобаста ба дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи барномаҳо, таърихи пайдоиш, мавқеи ҷуғрофӣ, расму оин, шуғли асосии шаҳру деҳоти Кӯлоб ва рушду нумӯи мунтаззами соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мубодилаи афкор намуд.
Дар идомаи сафар меҳмонон аз рафти корҳои саҳроӣ аз хоҷагиҳои ҷамоати деҳоти Даҳана дидан намуданд ва бо кишоварзону хоҷагидорони ҷамоат ҳамсуҳбат шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҷамоати деҳоти Даҳана Маркази ҷамъоварии помидор ва сардхона барои нигоҳдории маҳсулот бо дастгирии шарикони рушд бунёд гардидааст.
Бояд гуфт, ки дар ин нуқта қуттиҳои бандубасти маҳсулотҳо борбандӣ карда шуда, маҳсулоти тару тоза ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешавад.
Маврид ба зикр аст ки Лоиҳаи "Рушди фарогири деҳот TRIGGER (триггер) -дастгирии рушди иқтисодии деҳот бо мақсади таъмини даромаднокии аҳолӣ аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд муштарак маблағгузорӣ карда мешавад.
Лоиҳа як қисми ҷудонашавандаи "Барномаи рушди деҳот"-и Иттиҳоди Аврупо буда, ҳамчун барномаи муҳим барои дастгирии ислоҳоти соҳаи аграрӣ, истифодаи устувор ва самаранокии об, афзоиши истеҳсоли кишоварзӣ дар минтақаҳои мавриди ҳадаф интихоб шуда ва таҳкими идоракунии захираҳои табии дар Тоҷикистон мебошад.
Ҳадафи лоиҳа рушди фарогирии деҳот- TRIGGER (триггер) баланд бардоштани арзиши иловашудаи маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Зимни вохурӣ бо хоҷагидорону сокинони ҷамоати деҳоти Даҳана муовини раиси шаҳри Кӯлоб Асозода Манучеҳр баромад намуда, иброз доштанд, ки ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳукумати Олмон сол то сол ривоҷ дошта ташкилоти "Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" фаъолияти пурсамар дорад.
Боиси зикр аст, ки дар доираи лоиҳаи мазкур дар шаҳру деҳоти Кӯлоб аз соли 2019 инҷониб дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва кишоварзӣ як қатор лоиҳаҳо амалӣ гардида, дар рушди шаҳри Кӯлоб саҳми назаррас доранд.
Бахши матбуотии Миҳд- шаҳри Кӯлоб
Ёдовар мешавем, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ», 22 июни соли 2023 ба имзо расид, ки ин ба рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар мамлакат такони ҷиддӣ мебахшад.
— Тибқи Фармони мазкур, шуруъ аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатнома, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии тиббӣ, хизматрасонии коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасонии давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад.
Дар ин замина санаи 17 августи соли 2023 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо мақсади вусъат додани ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Раёсати КВД Амонатбонки Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр Худоёр бо Сардори Департаменти муомилоти пулии Раёсати КВД Амонатбонки Ҷумҳурии Тоҷикистон Нидозода Додарбек ва масъулони Амонатбонки минтақавӣ ва шаҳрӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки таҷрибаи давлатҳои пешрафта бозгӯи он аст, ки густариши низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ яке аз омилҳои рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ ва низоми молиявии мамлакат маҳсуб ёфта, барои таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлат, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиши таъсири омилҳои инсонӣ нақши бениҳоят муҳим дорад.
Гузариш ба пардохти ғайринақдӣ ба сарфаи вақту хароҷоти иловагии муштариён мусоидат менамояд.
Қайд гардид, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуруъ аз 1 августи соли 2023 дар шаҳри Кӯлоб низ пардохт намудани хизматрасониҳои давлатӣ ба таври ғайринақдӣ ҷараён гирифта истодааст.
Бахши матбуотии Миҳд-шаҳри Кӯлоб
Ҳозирини гиромӣ,
меҳмонон ва омӯзгорони муҳтарам!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ дар яке аз суханронихои худ бо муносибати фарорасии соли нави хониш ва Рӯзи дониш таъкид карданд, ки «Дар ҳама давру замон илмомӯзию маърифатпарварӣ яке аз омилҳои тақдирсози миллату кишварҳо дониста шудаанд. Рушди соҳаи маориф кафолати боэътимоди пешрафт ва ояндаи дурахшони ҷомеа аст”.
Ҳукумати кишвар таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибилм ва мутахассисони баландихтисосро яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии худ қарор дода, ҷиҳати инкишофи соҳаи маориф пайваста кушиш менамояд.
Дар баробари таъмини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар барои ба сатҳи талаботи замон баровардани соҳаи маориф, ислоҳоти он, гузаштан ба усулҳои муосири таълиму тарбия, таҳкими заминаҳои моддиву техники таълимгоҳҳо тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд».
Дар ҳақиқат аз ибтидои соҳибистиқлолии мамлакат давлату ҳукумат, бахусус Пешвои хиратсолори миллат ба соҳаи маориф ва таълиму тарбия диққати аввалиндараҷа медоданд ва дода истодаанд. Масалан ҳангоми ҳар як сафари кории Президенти кишвар ба шаҳри Кӯлоб ду ё се муассисаи нави таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
Айни замон сохтмони мактабҳо дар 8 мавзеъ, аз ҷумла дар шаҳр мактаби нав барои 240 хонанда дар ҳудуди мактаби №42, Ҷамоати деҳоти Кӯлоб, деҳаи Тудакавш барои 240 хонанда дар ҳудуди мактаби №49, дар деҳаи Зарбдори Ҷамоати деҳоти Зарбдор (хирмани Хатлон) барои 240 хонанда, деҳаи Панҷосиёби ҳамин ҷамоат барои 240 ҷойи нишаст дар ҳудуди мактаби №14, барои 240 хонанда дар деҳаи Бахтобод (Чоқтемури собиқ)-и Ҷамоати деҳоти Зиракӣ, мактаб барои 320 хонанда дар деҳаи Сангпари ҳамин ҷамоат ва барои 240 хонанда дар деҳаи Зиракӣ, барои 240 хонанда дар деҳаи Сариёзидашт идома доранд. Аз ин ҳисоб 6 адад дар оғози соли хониши 2023-2024 ва 2 адади дигараш (Тудакавш ва Зиракӣ) то охири сол бояд мавриди истифода қарор бигиранд.
Сохтмони 2 муассисаи томактабӣ дар маҳаллаи 8-уми шаҳр ва деҳаи Зарбдор дар ҷараёнанд.
Ҳамасола беш аз 60 фисади буҷетҳои Ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ барои нигоҳдории соҳаи маориф равона мегардад.
Қариб дар ҳар Паёми Сардори давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ дастур дода мешавад. Аз ҷумла соли ҷорӣ шуруъ аз моҳи июл маоши кормандон 20 фоиз баланд бардошта шуд.
Аз руи маълумотҳои омори соҳаи маорифи шаҳри Кӯлоб ҳоло дорои 2833 адад компютер буда ба сари 15 хонанда 1 компютер рост меоянд.
Агар ҳама ғамхориву хизматҳои давлату ҳукуматро бобати рушди соҳаи маориф номбар кардани шавем, соатҳо лозиманд. Бинобарин зарур медонам бо мисолҳои боло маҳдуд шуда, якчанд сухан дар атрофи натиҷаҳо ба ин ғамхориҳо гуфта гузарам. Натиҷаҳо бошанд бояд руирост гуем, ки чандон қаноатбахш нестанд. Масалан, соли ҷорӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аттеастатсияи ғайринавбатии директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, томактабии шаҳр гузаронида шуд. Азбаски комиссияи аттестатсиониро худи вазорат таъсис дода буд, ягон нафар имконияти таъсиррасонӣ надошт. Бинобарин бо боварӣ метавон гуфт, ки аттестатсия воқеъбинона гузаронида шудааст. Аттестатсия маълум намуд, ки директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№3, 6, 7, 9, 10, 17, 21, 26, 30, 34, 36 ва 37 ба вазифаҳои ишғолкардаашон мувофиқат намекунанд. Роҳбар пеш аз ҳам худ шахси босавод, боодоб ва қобилияти ташкилотчигӣ дошта бошад. Он гоҳ коллективро роҳбари карда метавонад. Директороне, ки ба вазифаҳои ишғолкарда номувофиқ дониста шуданд, чанд сол муассисаҳоро сарвари карданд. Аз чунин роҳбар чи гунна натиҷаҳои хубро интизор шудан мумкин аст? Вақте, ки худаш саводи кофи надорад. Саволи матраҳ ба шуъбаи маориф ин аст ки ин чӣ гунна интихоб кардан ва ҷо ба ҷо намудани кадрҳост, ки директор ба оддитарин саволҳои аъзои комиссияи аттестатсионӣ ҷавоб гуфта наметавонанд?
Мактаб танҳо дар сурате ба сатҳи баланди донишандӯзӣ ва ташаккули ахлоқу рафтори хонандагон муваффақ мегардад, ки бо падару модар ва баръакс волидайн бо мактаб робитаи доимӣ дошта бошад. Зеро хонанда ҳамагӣ 5-6 соат дар мактаб буда, вақти боқимондаи шабонаруз дар хона аст. Мутаасифона санҷиши мақомотҳои марбута маълум намуд, ки на ҳама вақт байни волидайн ва мактаб алоқаи устувор ҷой дорад. Агар чунин алоқа мебуд 4 ноболиғ даст ба ҷиноят намезад. Ҳатто як хонанда дар муассисаи №5 ба ҷинояти вазнинтарин яъне одамкушӣ карда, бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуд.
Барои оворагардии хонандагон нисбати падару модарони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №6, 10, 21, 40, 45, 49, 51, 52, 53 маводҳо таҳия ва ҷиҳати чораҷуӣ ба суди шаҳри Кӯлоб ирсол гардиданд. Магар ин айб нест?
Бо маблағи зиёд соҳибкорони шаҳр муассисаҳои томактабии хусуси сохтанд. Вале айни замон 2 муассиса, «Миҷгона» ва «Ягона» фаъолият намекунанд. Барои чӣ? Ҳол он ки шаҳр ба муассисаҳои томактаби эҳтиёҷоти калон дорад.
Аз руи баъзе маълумотҳо аксарияти директорон, ки бояд 12 соат дарс диҳанд, боре ҳам ба дарс намедароянд. Вале гуё дарс дода бошанд, маош мегиранд. Мо ин масъаларо ҳатман ба воситаи комиссияи вакилон санҷида мебароем. Дар сурати ошкор шудани ҳамин хел ҳодисаҳо нисбати чунин роҳбарон чораҳои сахттарин дида мешавад. Боз нагӯед, ки огоҳ накардем.
Ҳамин гуна маълумот ҳаст, ки дар муассисаҳои томактабӣ омори нодурусти тарбиягирандагон бурда мешавад. Яъне шумораи тарбиягирандагон ба худи теъдоди онҳо мувофиқат намекунад. Албата ин масъаларо ҳам мо ҳатман омӯхта мебароем ва натиҷагирӣ мекунем. Шояд ҳамин хел ҳолатҳо аст, ки агар ба роҳбари муассисаи томактабӣ вазифаи мудири шуъбаи маорифро пешниҳод кунӣ ҳам розӣ намешавад.
Хулоса камбудиҳо дар фаъолияти муассисаҳои таълимии шаҳр хеле ҳам зиёд ба чашм мерасанд ва бояд тамоми чораҳо андешида шаванд, ки онҳо дар соли нави хониш ислоҳ гарданд.
Боварӣ дорам, ки кормандони соҳаи маориф дар соли нави хониш бо диди нав ба кору фаъолият шуруъ карда, дар тарбияи насли наврасу ояндасози Тоҷикистони азиз ба натиҷаҳои назаррас ноил мешаванд. Зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи насли наврасро ба омӯзгорону устодон, аз он ҷумла ҳама нафароне, ки дар толор ҳузур доред, бовар карданд. Бояд тамоми саъю кӯшиши худро баҳри он равона кунед, ки ба ин боварӣ сазовор бошед.
Дар охир ба устодону омӯзгорон дар тарбияи шогирдони бомаърифат, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия барори кор мехоҳам.
Тансиҳату сарбаланд бошед.