Имрӯз дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, ки дар он масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр инчунин роҳбарону намояндагони сохторҳои марбута ва фаъолон иштирок доштанд.
Дар ҷаласа масъалаҳои мубрами рӯз, ҳолати риоя ва иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм», «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» ва “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025” дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Кӯлоб дар давраи соли 2023 ва 3 моҳаи аввали соли 2024 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 18 октябри соли 2022 дар Конфронси байналмиллалии сатҳи баланд зери унвони “Ҳамкории байналмиллалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” суханронӣ намуда, қайд карданд, ки Тоҷикистон ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва амалиёти густурдаи ифротиву террористӣ рӯбарӯ гардида буд. Имрӯз мо бо итминони комил изҳор медорем, ки ба шарофати ваҳдату дастгирии мардум ва сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар аз вартаи он фоҷеа раҳо ёфт. Аз ин рӯ, мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хатар ва пайомадҳои ин зуҳуроти ниҳоят харобиовар ҳушдор медиҳем.
Дар идома фаъолияти прокуратураи шаҳри Кӯлоб дар давраи соли 2023 ва 3 моҳаи аввали соли 2024 натиҷагирӣ шуда, таъкид карда шуд, ки аз ҷониби роҳбарият ва кормандони прокуратураи шаҳри Кӯлоб бо мақсади пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноятҳо, таҳдиду хатарҳои муосири терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ, ҷинояткориҳои дигари муташаккили фаромиллӣ ва таъмин намудани амнияти мудофиавии кишвар мунтазам дар ҷамоатҳои деҳоту маҳаллаҳо, масҷидҳо корхонаву ташкилотҳои дар шаҳри Кӯлоб ҷойдошта бо зиёиёну аҳолӣ ҷиҳати пешгирӣ ва муқовимат бо экстремизму терроризм, муайян намудани саркардагони пайравону аъзои гуруҳҳои ифротӣ, ҷоннок намудани оғози парвандаҳои ҷиноятӣ, нисбати ин гуна шахсони ифротгаро, дар ин замина муайян намудани маблағгузории онҳо дар амалӣ намудани корҳои ғайриқонунӣ, ки ба манфиатҳои миллӣ таҳдид мекунад, инчунин оид ба хурофотпарастию рафтори ҷавонон, хусусан онҳое, ки мунтазам ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар сафар мекунанд суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.
Дар муҳокимаи мавзуҳои баррасишуда аъзои Шуро ва дигар иштирокчиён фаъолона иштирок намуда, фикру андеша ва таклифҳояшонро иброз намуданд.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аз саҳмгузорӣ ва татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ҳар як соҳибкори бонангу номус ва ватандӯсти шаҳри Кӯлоб, изҳори сипос менамояд.
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол аз 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб корҳои бунёдкорию азнавсозии иншоотҳои мухталиф, муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, сангфарш ва сафолакпуш кардани роҳу кӯчаҳо рафта истодааст.
Имрӯзҳо саҳми соҳибкорони Ватандӯсту хештаншинос дар корҳои созандагию бунёдкорӣ назаррас мебошад. Тибқи иттилои сардухтури Маркази стомотологии вилоятии шаҳри Кӯлоб - Ҳусайн Донёров аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ роҳравҳои дохил ва беруни Маркази стомотолгӣ сафолакпуш шуда истодаанд, ки ин барои рафту омади сокинону меҳмонон мусоидат менамояд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимяити давлатии шаҳри Кӯлоб ситод бо иштироки роҳбарияти шаҳр, муовинони раиси шаҳр, шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳо, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо ва дигар шахсони масъул баргузор гардид.
Зимни суханронии худ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таъкид намуд, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ҳар яки мову шумо боварию эътимод доранд ва мардум дар симои ҳар яки мо шахси ватандӯсту хештаншиносро мебинад, аз ин рӯ вазифаи мо фаъолон ва хизматчиёни давлатӣ ин корҳои фаҳмондиҳӣ, тарғибу ташвиқи созанда миёни аҳолӣ мебошад, ки то кадом дараҷа мо метавонем моҳияти хизмати модар ватанро дар ниҳоди ҳар як насли имрӯза ҷой диҳем. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи хоса ба ҷавонон доранд ва ҷавоноро пешбаранда ва идомадиҳандаи кору пайкори давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон медонанд. Воқеан, ҷавонони мо бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ омодаанд, ки баҳри адои хизмати модар ватан сафарбар шаванд танҳо аз мо фаъолон тақозо мегардад, ки бо онҳо муносибати падарона ва модарона дошта бошем чун фарзанди худамон муносибат намоем. Инчунин даъват карда шуд, ки имрӯз кам нестанд он нафароне, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳри Кӯлоб фаъолият доранд ва фарзандони худро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамоянд, вале мутаасифона бархе ашхосе ҳастанд, ки дидаву дониста фарзандони худро барои анҷом додани хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ монеъ мешаванд, ки ин боиси таассуф мебошад. Зимнан, тамоми масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар сохторҳои марбута муввазаф шуданд, ки дар асоси нақшачорабиниҳо ва истифода аз гурӯҳҳои корӣ, ҳамарӯза бо волидайне, ки фарзандонашон аз хизмати модар ватан саркашӣ менамоянд, корҳои ташвиқотиро пурзур намоянд ва ба падару модарон фаҳмонанд, ки вақте бесабаб фарзандашон аз хизмати модар ватан саркашӣ менамоянд, онҳо тибқи Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Аз ин рӯ, итминони боварӣ дорем, ки ҳар як роҳбари ташкилоту муассисаҳо тибқи нақшачорабиниҳои тасдиқгардида, ки аз ҷониби комиссияи даъватӣ ба тавсиб расидааст, дар ин кори муҳими сиёсӣ баҳри ҳимояи марзу буми Ватани азизамон саҳми худро мегузоранд.
Масъулини дахлдор бо боварию эътимод изҳор намуданд, ки корбариро дар ин самт ҷоннок намуда, тамоми масъулияти худро ба он равона месозанд, ки дар вақти муқарраршуда ва пеш аз муҳлат нақшаи даъвати ҷавононро ба итмом мерасонанд.
Дар интиҳо роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба масъулини дахлдор ва ҳар як роҳбари ташкилоту муассисаҳои шаҳр ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва дар муҳлатҳои муқараргардида дастуру супоришҳои катъӣ доданд.
Инчунин иброз доштанд, ки мо бояд ватандӯст, содиқ ба ин Ватан бошем ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саидро содиқона ва бо масъулияти баланд иҷро намоем.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб