Санаи 27 июли соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон” дар байни занон- хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд, ҷамъбаст гардид. Дар ҷамъбасти озмуни мазкур Қурбонзода Ҳилолбӣ- раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханрониҳо таъкид карда шуд, ки мақсад аз баргузории чунин озмунҳо, ин баланд бардоштани малакаи кории занону духтарон- хизматчиёни давлатӣ мебошад. Маҳз, ғамхории пайвастаи Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои муаззами миллат нисбати зан –модар аст, ки имрӯзҳо дар Ватани маҳбубамон барои занон имкониятҳои хубе фароҳам оварда шуданд.
Ҳадафи баргузор намудани чунин озмунҳо, ин омода намудани кадрҳои баландихтисос барои тамоми соҳаҳои мамлакат аз ҳисоби занону бонувон мебошад ва озмуни мазкур дар муддати 7 сол дар мамлакат баргузор мегардад.
Довталабон аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, шаш нафар сазовори ҷойи якум гардида, бо диплом сарфароз гардиданд ва ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
- Мувофиқи омори расмӣ, соли 2022 кишоварзони вилоят дар майдони 121 ҳазору 694 га замин кишти пахтаро ба роҳ монда, ба миқдори 273 ҳазору 230 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд. Аз ин шумора 262 ҳазору 409 тонна (96%) ба корхонаҳои коркарди вилоят, аз ҷумла 456 ҳазору 304 тонна (59,6%) ба корхонаҳои азим ва 106 ҳазору 104,8 тонна (40,4%) ба корхонаҳои хурди пахтатозакунӣ рост меояд, - таъкид намуд раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни ҷаласаи корӣ оид ба қабул ва коркарди пахтаи ҳосили соли 2022 ва омодагии корхонаҳои коркарди пахтаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ба мавсими нави қабул ва коркарди пахта дар соли 2023.
Дар ҷаласаи кории назди раиси вилоят, ки субҳи имрӯз, 4 август доир шуд, муовини якум, муовинони раиси вилоят, прокурори вилоят, қисман роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатии вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят, сардорон нозироти андоз, роҳбарони корхонаҳои пахтатозакунӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва масъулони дигарон иштирок намуданд.
Дар ҷаласа як масъала – “Фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта ва коргоҳҳои хурди пахтатозакунии вилоят аз ҳисоби ҳосили соли 2022, омодагии корхонаҳои пахтатозакунӣ ба мавсими ҷамъоварии пахтаи соли 2023 ва роҳҳои пешгирии фаъолияти номуносиби корхонаҳои хурди пахтатозакунӣ, ворид намудани ҳаҷми воқеии истеҳсол ва коркарди пахта ба ҳисоби оморӣ, шаклҳои дурусти андозбандӣ, назорати механизми ҷамъоварии пахта то коркарди ниҳоии он” мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сардори Сарраёсати омори вилоят Қурбон Ҳакимзода оид ба фаро гирифтани пахтаи истеҳсолкардаи деҳқон, қабул ва коркарди пахта, роҳ надодан ба ҳисоботи нодуруст, инчунин сардорони Раёсатҳои андоз ва андозсупорандагони азими вилоят С. Раҷабзода, З. Каримзода оид ба тартиби андозбандии коркарди пахта, ҳолати воқеии пардохтпазирии маблағи андоз аз ҷониби корхонаҳои хурди пахтатозакунӣ, роҳҳои пешгирии ҳолатҳои ғайриқонунии коркард ва қочоқи пахта ва прокурори вилояти Хатлон А. Раҳимзода оид ба роҳҳои назорати механизми ҷамъоварии пахта то коркарди ниҳоии он ва пешгирии қонуншиканӣ дар самти баҳисобгирии оморӣ суханронӣ намуданд.
Дар идомаи ҷаласа раиси вилоят Давлаталӣ Саид зикр намуд, ки соли 2022 аз ҷониби 158 корхонаи хурду калони вилоят 262 ҳазору 404 тонна пахта қабул ва коркард шуда бошад ҳам, аз ҷониби нозирот ҳамагӣ 64,5 миллион сомонӣ ва ё дар сатҳи 94,8 фоизи маблағи ҳисобӣ ворид карда шудааст. Дар ҳоле ки маблағи эҳтимолии андозбандии танҳо корхонаҳои хурди пахтатозакунӣ мебоист 69 миллион сомониро ташкил медод. Аз ин ҳисоб ҳамагӣ 27,9 миллион сомонӣ ҳисобӣ шуда, 28,4 миллион сомонӣ ба буҷет ворид шудааст.
Вобаста ба ин масъала Сарраёсати омори вилоят, Раёсатҳои андоз, назорати давлатии энергетикии вилоят, марказҳои стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои вилоят вазифадор карда шуданд, ки вобаста ба қабул, коркард ва интиқоли пахта аз ҷониби корхонаҳои коркард аз рӯйи талаботи меъёрҳои пешбинишуда ҷиҳати таъмини тавозуни ҳаракати пахта тадбирҳои судманд андешанд.
Ҳамчунин, раиси вилоят Давлаталӣ Саид аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки ҳарчанд мавсими аввали чиниши пахта оғоз шуда бошад ҳам, айни замон аз 58 корхонаи пахтатозакунии шаҳру ноҳияҳо ҳамагӣ 16 ададашон омодаи кор буда, дар 36 корхона корҳои таъмирӣ идома дорад.
Кишоварзони вилоят дар майдони 123 ҳазору 270 га навъҳои гуногуни пахтаро кишт намудаанд. Дар натиҷаи заҳмати деҳқонон майдонҳои пахтазор хуб нашъунамо ёфта, дар давраи ҳосилбандӣ қарор доранд. Мутобиқи маълумоти мутахассисон, ҳосили интизорӣ ва биологии пахта қаноатбахш арзёбӣ гардида, дар баъзе ноҳияҳо ҳосили зинаи якуми пахта ба чиниш расидааст.
- Соли сипаришуда дар мавсими ҷамъоварӣ ва ба корхонаҳои коркард супоридани пахта як қатор камбудиву норасоиҳо, аз ҷумла бо нархи паст харидорӣ намудан ва сари вақт напардохтани маблағи он норозигии деҳқононро ба миён овард, - афзуд раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва ба шахсони масъул супориш дод, ки бо ташкилотҳои соҳавӣ масъалаи маблағгузории ҳосили имсола омӯхта ва ҳал карда шавад.
Дар фароварди ҷаласаи корӣ раиси вилояти Хатлон ҳамчунин ҷиҳати беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, роҳ надодан ба қочоқи он, пешгирии изофанависӣ, ба роҳ мондани назорати дурусти механизми ҷамъоварии пахта ва коркарди он ба ниҳодҳои дахлдлор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Бознашр Бознашр аз саҳифаи Вилояти Хатлон
Бо мақсади иҷрои самарабахши банди 34-“Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъанавӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023”, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023”, №АП-318 тасдиқ шудааст, дар ин замина қарори раиси вилояти Хатлон ва қарори раиси шаҳри Кӯлоб ҷиҳати гузаронидани Озмуни “Маснавихонӣ” ба тавсиб расид.
Ҳадаф аз баргузор намудани озмун рӯйнамоии осори пурғановати нобиғаи назми классику форсу тоҷик, арҷгузорӣ ба хизматҳои мондагори шоир ва мутаффакири барҷаста Мавлоно Ҷаллолидини Балхӣ, шинохти амиқтари шахсияту осори ин шоири тавоно ва ташвиқи осори ӯ дар такомули мафкураи миллӣ ва ҷаҳонбинии ҷомеа, эҳтиром ба саҳми шоёни Мавлоно дар рушди адабиёти классикии тоҷику форс мебошад.
Тибқи ин қарор, озмун аз рӯйи як номина – “Қироат ва шарҳ додани ҳикояҳои манзум ва байтҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ” баргузор гардида, иштирокчиён ба чаҳор гурӯҳ ҷудо карда мешавад;
1.Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидои касбӣ (синфҳои 9-11) ;
2. Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, (бакалавр, магистр);
3. Омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷуён, номзадони илм ва докторантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ (ба истиснои докторантони илм ва омӯзгорони илм, омӯзгорони фанни забон ва адабиёти ҳамаи зинаҳои таҳсилот);
4. Калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун
Даври якуми озмун, тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб гуруҳи якум санаи 15 август, гуруҳи дуюм санаи 16 август, гуруҳи сеюм 17-уми август ва гуруҳи чорум санаи 18 августи соли равон дар Қасри фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳим баргузор мегардад.
Даври дуюм нимаи якуми моҳи сентябр дар маркази вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар бо иштироки ғолибони ҷойҳои якуми шаҳру ноҳияҳо ва даври сеюм – даври ниҳоии озмун ҳафтаи охири моҳи сентябри соли ҷорӣ барои ғолибони ҷойҳои якуму дуюм аз вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор мегардад.
Барои қадрдонӣ намудани ғолибони даври шаҳрии озмуни “Маснавихонӣ” 12 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки 24 майи соли равон «Куллиёти Мавлоно» ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ расман ба Феҳристи Хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.
Ҳамасола 30 сентябр дар мамлакат Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо баргузории симпозиум, конфронс, ҳамоиш ва маҳфилҳои илмию адабӣ ҷашн гирифта мешавад.
Бахши матбуотии Миҳд- шаҳри Кӯлоб
25- июли соли равон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, Вазири кишоварзии мамлакат - Ҳакимзода Қурбон ва раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло бо сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.
Меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳр раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб оид ба соҳаи кишоварзӣ ва бехатарии озуқаворӣ истиқбол намуданд.
Мақсади сафари шахсони масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносоӣ ба соҳаи кишоварзии Кӯлоб, аз ҷумла иҷроиши кишти зироатҳои такрорӣ, нашъунамою обёрии заминҳои пахта, вазъи нуқтаҳои барқии таъминоти оби полезӣ ва амнияти озуқавории шаҳри Кӯлоб буд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар нимсолаи якуми соли 2023 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ва 332,9 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,4 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 106,9 фоизро ташкил дод.
Кишоварзони шаҳри Кӯлоб дар ин давра, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 10 ҳазору 646 гектар кишти асосии зироатҳои кишоварзиро гузарониданд.
Мувофиқи ҳисоботҳо ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ ҳамагӣ 2595 га кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки ба 88 фоизи нақша баробар аст. Кишти зироатҳо идома дорад.
Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ чорвои калони шохдор, модагов, саршумори моли майда, парранда ва асп нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардида, истеҳсоли маҳсулотҳои соҳаи чорводорӣ, аз ҷумла гӯшт, шир, моҳӣ ва пашм низ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфт.
Дар шаҳру деҳоти Кӯлоб картошка, сабзавот, зироати хӯроки чорво ва меваҷот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд истеҳсол гардидааст, вале инро бояд фаромӯш накунем, ки кишти такрорӣ асоси амнияти озуқаворӣ маҳсуб меёбад ва барои арзон шудани бозори истеъмолӣ бояд заминҳоро самаранок истифода бурда, аз як замин чанд ҳосил рӯёнем.
Меҳмонон ба вазъияти кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ шинос шуда, баҳри мусоидат кардан ба мушкилоти соҳа ва мусоидат намудан ба дигар мушкилоти мавҷуда дастуру супоришҳо доданд.
“Навиди Кӯлоб”