Аломатҳои роҳ воситаи муҳими техникии тартиби ҳаракат буда, ронандаву пиёдагардонро аз қитъаҳои хатарноки роҳ, самти ҳаракат огоҳ менамоянд, оид ба нуқтаҳои хидматрасонӣ иттилоъ медиҳанд, ҳаракати нақлиёту пиёдагардонро ба танзим меоваранд. 25 декабри 1997 «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон (№565) таҳия ва тасдиқ карда шудааст ва мувофиқи он аломатҳои роҳ дар ҷойҳои зарурӣ гузошта мешаванд. Бехатарии рох одамонро наҷот медихад ва онро конун талаб мекунад.
Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба хотирипешгирӣ ва кам кардани садамаҳои нақлиётӣ дар ҷамоати деҳоти Кӯлоб аломатҳои роҳ омода шуда, дар рӯзҳои наздик насб карда мешавад.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-ишаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP