dv id="«r6oq»" " " ">"
 
Бо шарофати Истиклолияти давлатӣ ва сиёсати созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар баробари бунёдкорию созандагӣ корҳои сабзу хуррамгардонӣ низ авҷи тоза гирифта истодааст.
Субҳи барвақт тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳо, сокинон бо як дили гарм ба ҳашари дастаҷамъона баромаданд. Дар доираи ташаббуси мазкур корҳои ободонӣ, аз ҷумла тоза кардани гирду атрофи кӯчаҳои шаҳр ва рангу бор намудани хонаҳои баландошёна бо маром идома дорад.
Дар ин росто, мардуми шарафманди шаҳри Кӯлоб ният доранд, ки то истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониро тақвият бахшида, ин ҷашни таърихиро бо дастовезҳои арзанда истиқбол намоянд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
dv id="«r6or»" ">"
 
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP