Бахшида ба 32-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр, раис Телевизиони Кӯлоб Сафаралӣ Бозорзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Сайвализода Салим, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони шаҳр доир гардид.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯз дар рӯзи таҷлил аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ба аҳли кормандон ва ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳр тақдим гардид.
Сипас, намоиши китобҳои Пешвои муаззами миллат, ки дар даромадгоҳи Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб омода гардида буд, ба маърази тамошо гузошта шуд.
Қисмати тантанавии чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, баъдан раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр меҳмонон ва сокинони шаҳри Кӯлобро ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб самимона шодбош намуда, изҳор дошт, ки мутобиқи моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», рӯзи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ин санаи мубораку фархунда барои мардуми Тоҷикистон ва кулли тоҷикони ҷаҳонро ба ҳамаи Шумо ва дар шахси Шумо тамоми мардуми Кӯлобшаҳри бостонию Тоҷикистони ҷоноҷон самимона табрику муборакбод гуфта, ба ҳама сиҳатмандӣ, рӯзгори хушу хуррам, баракати кору зиндагӣ ва амну суботи абадиро таманно дорам.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз суханрониҳои худ ба мардуми Тоҷикистон муроҷиат ва таъкид намуданд, ки «Ман ҳамаи Шумо – халқи азизам ва хурду бузурги Тоҷикистонро сидқан дӯст медорам ва то нафаси вопасин ба Шумо содиқона хизмат мекунам». Пешвои муаззами миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон аз лаҳзаҳои аввали ба сари қудрат омадан то ба ин дам бо ҷонбозиҳо ва хизматҳои бемислу монанди хеш, борҳо собит намуданд, ки дар ҳақиқат ғамхору пуштибони халқу миллатанд. Осмони софу хандаи беғаши тифлакон ва тантанаву сурур аз ҳамин рӯз ибтидо гирифт ва бо азму иродаи фарзандони сарсупурдаи миллат устувору побарҷо гардид.
Чаро маҳз 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст?
Насли калонсол нағз дар ёд дорад, ки 6 ноябри соли 1994 бори нахуст дар таърихи 6 ҳазорсолаи миллати тоҷик, аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ бори нахуст Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Имсол 30-юмин солгарди ин рӯйдоди муҳими таърихиро дар мамлакат бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намудем. Дар ҳамон рӯз, яъне 6 ноябри соли 1994 инчунин интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Дар ҳамон интихобот Ҷаноби Олӣ бо аксарияти кулли овозҳо Президенти комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Рӯзи 16 ноябр ҳамчун Президенти тозаинтихоб савганд ёд намуда, ба иҷрои вазифаҳо шуруъ карданд ва дар мамлакат марҳилаи нави давлатдорӣ оғоз ёфт. Тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлоли Тоҷикистон, дар кишвар шакли нави идоракунии президентӣ ҷорӣ гардид.
Ҳангоми дар ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ ба фаъолият пардохтани Ҷаноби Олӣ, Тоҷикистон дар марҳилаи бисёр ҳасосу мураккаб қарор дошт. Кишвар ба хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини сулҳу суббот ва ваҳдату сарҷамъӣ ниёзманд буд. Рукнҳои давлатдорӣ муҳтоҷ ба барқароркунӣ буданд. Обру ва нуфузу мақоми Тоҷикистон мебоист дар арсаи байналмиллалӣ зина ба зина баланд бардошта шаванд. Ин ҳама ба салоҳиятнокиву фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаи ногусастанӣ дошт.
Дар тӯли солҳои сипаригашта муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлати тоҷикон исбот намуданд, ки шахсияти таърихӣ, абармарди дунёи сиёсат ва фарзанди фарзонаи миллатанд. Зеро тавассути сиёсати хирадмандона, заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ тавонистанд дар як муҳлати кӯтоҳи таърихӣ, сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва оромиву суботро таъмин, миллатро сарҷамъ ва кишвари ҷангзадаву харобгаштаро дар роҳи рушд қарор диҳанд. Пояҳои давлатдориро мустаҳкам созанд. Фарҳанги сулҳофаринро муҷиби ҳайрати ҷаҳониён гардонанд. Ҳамчун ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ дар саросари олам шуҳратёр шаванд.
Имрӯз кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби обруи бесобиқа гаштааст. Рушди мамлакат, ободию тинҷӣ ва сатҳи зиндагии мардум хеле боло рафтааст. Соли гузашта як ниҳоди бонуфуз бо номи «Гелап» аз Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, дар натиҷаи як назарсанҷӣ Тоҷикистонро амнтарин кишвари олам эълон намуд. Худ қазоват кунед ҳозирини гиромӣ, ки мамлакати ҳамагӣ беш аз 30 сол пеш ҷангзада, ба туфайли заҳматҳои шабонарӯзӣ, сафарҳои хатарнок, гуфтугӯҳои мусолиҳатомези Пешвои муаззаму хирадсолори миллат, имрӯз дар садри кишварҳои амни олам қарор гирифтааст. Ин дастоварди бениҳоят бузург аст ва бояд боиси шукргузории хурду бузурги ин сарзамини биҳиштосо бошад.
Бо назардошти хизматҳои болозикри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 15 апрели соли 2016 Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул карданд. Тибқи ҳамин илова, шуруъ аз соли 2016 ҳамасола 16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни истироҳат таҷлил карда шуда истодааст.
Мардуми шарафманди Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҷашни фархунда, чун рамзи садоқат ба Президент – садоқат ба Ватан ҷашн мегиранд.
Дар охир Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамаатон бори дигар шодбош гуфта, сарбаландию саодатмандӣ орзумандам.
Суханони худро бо мисраҳои зебои шеъри шоир ҳусни анҷом мебахшам:
Ҷавониро фидо кардам, диёрам то ҷавон бошад,
Гузаштам борҳо аз ҷон, ки ҷонаш дар амон бошад.
Чу аз ҳар ҷонибе сӯи Ватан боди хазон омад,
Баҳорамро сипар кардам, ки эмин аз хазон бошад..
Саломату сарбаланд бошед ҳамдиёрони азиз.
Дар идома директори Телевизиони Кӯлоб Бозорзода Сафаралӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Салимзода Салим ва номзади илмҳои таърихи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Сафаров Холмад доир ба таърихи Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, ҳозиринро ба ин санаи муҳими таърихӣ сидқан шодбош намуданд.
Инчунин аз ҷониби шуъбаи фарҳанг ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар доираи Аксияи "Тоҷикистон бо Пешвои миллат ба пеш" расми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тақдим намуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби ҳунармандони вилоят, ҷумҳурӣ ва шаҳри Кӯлоб чорабинии фарҳангии идона, ки тараннумгари Ватандорӣ буд пешниҳоди меҳмонон гардонида шуд.
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилоту муассисаҳо ҳамчун рамзи эҳтиром аксҳои сарисинагии Роҳбари давлат тӯҳфа гардид, ки ифодагари эҳтиром ва пос доштани заҳматҳои ин абармарди дунёи сиёсат хоҳад буд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP