Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ҳамасола санаи 10 ноябр ҳамчун Рӯзи милитсияи тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар толори Қасри фарҳанги шаҳри  Кӯлоб ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомади идона раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ҳайати кормандони милитсия ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Сипас, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр  суханронӣ  намуда тамоми кормандони милитсияро бо ин санаи фархунда табрику таҳният намуд.

Зимни баромад таъкид дошт, ки боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯзҳо дар радабандии кишварҳои амнтарини ҷаҳон ва сатҳи боварии мардум ба мақомоти милитсия Тоҷикистон дар ҷойи аввал меистад. Ҳамзамон, шароити кору фаъолияти раёсату шуъба ва бахшҳои зертобеи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз аз рӯз беҳтар гашта истодааст. Дар шаҳри Кӯлоб низ солҳои охир дар баробари кушда шудани бинои Коллеҷи миллитсия, инчунин бинои дастаи таъиноти махсус ва  соли равон бинои хизматии хадамоти “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилӣ шахсан аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба истифода дода шуд. Инчунин, дар арафаи Рӯзи милитсияи тоҷик шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб ба бинои нави барҳаво куч баста, ин ҷоро дар якҷоягӣ таъмиру азнавсозӣ намуда, мавриди истифода қарор медиҳем.

Бояд гуфт, ин ҳама аз таваҷҷуҳи беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти милитсия ва хизматҳои шабонарӯзии кормандони соҳа гувоҳӣ медиҳанд.

Тавре муҳтарам Пешвои миллат вобаста ба нақшу саҳми мақомоти милитсия иброз доштаанд: “Кормандони милитсияи тоҷик дар даврони истиқлолият аз имтиҳони вазнини таърих гузашта, хусусан, дар айёми сахту сангини ибтидои солҳои 90-уми асри сипаришуда вазифаҳои ба уҳдаи онҳо гузошташударо бошарафона иҷро карданд ва якҷо бо ҷузъу томҳои дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд”.

Месазад қайд намоем, ки аз шаҳри Кӯлоб низ садҳо ҷавонмардони бонангу номус аз сохтори милитсия баҳри барқарорсозии ҳукумати конститутсионӣ ҷонфидоӣ кардаанд. 

Хизматҳои софдилонаву содиқонаи як зумра собиқадорони милитсия, ки умри бобаракати худро баҳри таъмини суботу оромии ҷомеа сарф кардаанд ва имрӯзҳо насли ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар тарбия намуда истодаанд.

Бо назардошти ин, Роҳбарияти давлату Ҳукумат хизматҳои кормандони мақомотро ҳамеша қадрдонӣ мекунад ва ҷиҳати беҳтар намудани шароити кору хизмат, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии ҳайати шахсӣ ва тақвият бахшидани заминаҳои моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ тадбирҳои муассир меандешад.

Махсус қайд менамоем, ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти милитсияи шаҳру минтақаи Кӯлоб дар баробари анҷоми вазифаҳои хизматиашон ҷиҳати муборизаи беамон ба ҷинояту ҷинояткорӣ, инчунин, дар ободӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Кӯлоб пайваста саҳм гузошта истодаанд.

Зимнан, аз сокинон даъват ба амал меорем, то бо мақомоти милитсия, ки барои пойдории оромиву суботи ҷомеа шабу рӯз хизмат карда истодаанд, ҳамкориро бештар намуда, дар роҳи таъмини зиндагии осудаи ҷомеа саҳми муносиби худро гузоранд.

Дар идомаи ҷамъомад сардори ҚМРВКД дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб полковники милитсия Абдураҳмонзода Фатҳулло Абдулло ва сардори  ШВКД-и шаҳри Кӯлоб, генерал-майёри милитсия Қунғуротзода Фотеҳ баромад намуда афзуд, ки мақомоти милитсия яке аз сохторҳои бузургу бонуфузи ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб рафта, аз нахустин лаҳзаҳои ташкилёбӣ то имрӯз ҳамчун нерӯи муҳофизи тартиботи ҷамъиятӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саҳмгузор мебошад. Мақомоти мазкур дар лаҳзаҳои сангини таърихи кишвар аз имтиҳоноти ҷиддӣ гузашта, барои таъмини амну суботи ҷомеа талош варзидааст.

Таъкид шуд, ки имрӯз бо дастгирию пуштибонии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти корҳои дохила ба сохтори тавонои ҳифзи тартибот табдил ёфтааст ва барои кормандони он тамоми шароити зиндагӣ ва хизматӣ аз қабили таъминот бо манзили истиқоматӣ, замини наздиҳавлигӣ, таҷҳизоти муосир, хизматрасонии тиббӣ ва таълиму фароғат муҳайё карда шудаанд.

Дар охир ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик роҳбарияти шаҳр ба роҳбарон ва кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳр барои саҳми арзанда гузоштан дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ Ифтихорнома ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуданд.

 Сипас аз ҷониби аҳли ҳунармандони Бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб суруду таронаҳои дилнишин  пешниҳоди меҳмонон гардонида шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP