Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тамоми хизматчиён ва собиқадорони мақомоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба иди касбияшон – Рӯзи милитсияи тоҷик табрику муборакбод менамояд!

Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо дар радабандии кишварҳои амнтарини ҷаҳон ва сатҳи боварии мардум ба мақомоти милитсия Тоҷикистон дар ҷойи аввал меистад. Ҳамзамон, шароити кору фаъолияти раёсату шуъба ва бахшҳои зертобеи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз аз рӯз беҳтар гашта истодааст. Дар шаҳри Кӯлоб низ солҳои охир дар баробари кушда шудани бинои Коллеҷи миллитсия, инчунин бинои дастаи таъиноти махсус ва  соли равон бинои хизматии хадамоти “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилӣ шахсан аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба истифода дода шуд. Инчунин, дар арафаи Рӯзи милитсияи тоҷик шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб ба бинои нави барҳаво куч баста, ин ҷоро дар якҷоягӣ таъмиру азнавсозӣ намуда, мавриди истифода қарор медиҳем.

Бояд гуфт, ин ҳама аз таваҷҷуҳи беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти милитсия ва хизматҳои шабонарӯзии кормандони соҳа гувоҳӣ медиҳанд.

Тавре муҳтарам Пешвои миллат вобаста ба нақшу саҳми мақомоти милитсия иброз доштаанд: “Кормандони милитсияи тоҷик дар даврони истиқлолият аз имтиҳони вазнини таърих гузашта, хусусан, дар айёми сахту сангини ибтидои солҳои 90-уми асри сипаришуда вазифаҳои ба уҳдаи онҳо гузошташударо бошарафона иҷро карданд ва якҷо бо ҷузъу томҳои дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд”.

Месазад қайд намоем, ки аз шаҳри Кӯлоб низ садҳо ҷавонмардони бонангу номус аз сохтори милитсия баҳри барқарорсозии ҳукумати конститутсионӣ ҷонфидоӣ кардаанд.  

Хизматҳои софдилонаву содиқонаи як зумра собиқадорони милитсия, ки умри бобаракати худро баҳри таъмини суботу оромии ҷомеа сарф кардаанд ва имрӯзҳо насли ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар тарбия намуда истодаанд.

Бо назардошти ин, Роҳбарияти давлату Ҳукумат хизматҳои кормандони мақомотро ҳамеша қадрдонӣ мекунад ва ҷиҳати беҳтар намудани шароити кору хизмат, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии ҳайати шахсӣ ва тақвият бахшидани заминаҳои моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ тадбирҳои муассир меандешад.

Махсус қайд менамоем, ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти милитсияи шаҳру минтақаи Кӯлоб дар баробари анҷоми вазифаҳои хизматиашон ҷиҳати муборизаи беамон ба ҷинояту ҷинояткорӣ, инчунин, дар ободӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Кӯлоб пайваста саҳм гузошта истодаанд.

Зимнан, аз сокинон даъват ба амал меорем, то бо мақомоти милитсия, ки барои пойдории оромиву суботи ҷомеа шабу рӯз хизмат карда истодаанд, ҳамкориро бештар намуда, дар роҳи таъмини зиндагии осудаи ҷомеа саҳми муносиби худро гузоранд.

Бо ин таманниёт, бори дигар фарорасии иди касбии кормандони Вазорати корҳои дохилиро ба хизматчиёну собиқадорони соҳа ва дар маҷмуъ ба кулли сокинони шаҳри Кӯлоб табрику шодбош мегӯем.

Рӯзи милитсияи тоҷик муборак, ҳамватанони азиз!

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP